28-уми декабри соли 2023, зимни ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд.
Воқеан, қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ, аз ҷумлаи пешравиҳое мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва рақобати озод дар иқтисодиёт, ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, амалӣ мешавад. Он ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард. Ба маънои маҳдуд маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гуна муносибатҳо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз мешаванд.
Ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми анбори донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки инсоният пештар ҷамъ кардааст ва аз тарафи одамон дар ҳаёти харрӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, №1005, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалият, воситаҳо ва шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиноси касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо назардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносии касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо назардошти дурнамои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.
Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
- ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Конститутсия ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар кишвар ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
1. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тоҷикистон таъсис дода шавад;
2. Дар кулли донишгоҳҳо нақшаи баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи гуногун бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад;
3. Барномаҳои телевизионӣ аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дар давоми сол бахшида ба ин ҷашнҳо ҳар ҳафта баргузор карда шавад;
4. Ба мисли «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бахшида ба ин ҷашнҳо озмуни ҷумҳуриявӣ дар соҳаи ҳуқуқ ташкил карда шавад;
5. Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фанни ҳуқуқ ворид карда шавад;
6. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар ройгон тақсим карда шавад.
Д. САНГИНЗОД,
муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор