Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти рақами 144 Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон» ташкил шуд. Бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2013 таҳти рақами 265 номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ҷамшед Ғаниев ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъин гардид.
Ҷамшед Сиҷоатович Ғаниев дастпарвари Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ба номи М.Олимов ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буда, зери роҳбарии доктори илмҳои меъморӣ Сомия Мамадҷонова дар мавзуи «Омезиши санъати тасвирӣ дар меъмории Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Даҳ соли охир дар шуъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Узви Иттифоқи дизайнерони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, якчанд сол масъулияти раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистонро низ бар уҳда дошт.
Дар арафаи қабули ҳуҷҷатҳо ва оғози имтиҳоноти дохилшавӣ ба ин боргоҳи ҳунар ташриф оварда, бо ректори донишкадаи навтаъсис Ҷамшед Ғаниев ҳамсуҳбат шудем.
-Ташкил намудани чунин як донишкада орзуи деринаи ҳар як рассом, дизайнер, умуман эҷодкорони кишвари мо буд. Гурӯҳи ташаббускорон: арбобони маъруфи санъат Сабзалӣ Шарифов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Валимад Одинаев ва дигарон ҳанӯз соли 1999 унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома навишта, зарурияти таъсиси чунин донишкадаро ба миён гузоштанд. Ҳукумат ин пешниҳодро хуб пазируфт. Пас аз якчанд соли омӯзиш Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» қабул гардид, ки дар банди дуввуми ин қарор аз бобати ташкил кардани чунин донишкада сухан меравад. Ҳамин тавр, ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо боз соҳиби як даргоҳи олии маърифат ва фарҳанг гардид. Алҳол корҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ анҷом ёфтаанд.
Ташвишу тарадудҳои донишкадаи навтаъсисро ба инобат гирифта, муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагонро то 15 август дароз карданд.
Мо аз рӯйи 14 ихтисос довталабонро барои солҳои 2013-2014 қабул мекунем. Инҳо мусаввирии дастгоҳӣ, натиҷаи тасвирии филм, санъати муҷассамавӣ-ороишӣ, ҳайкалтарош, графикаи дастгоҳӣ, санъати ороишӣ- амалӣ ва ҳунарҳои халқӣ, тармими асарҳои санъати ороишӣ- амалӣ, дизайн аз рӯйи самтҳо, дизайн, санъатшинос, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ WEB – дизайн ва графикаи компютерӣ, меъмории манзаравӣ ва санъати тасвирӣ, нақшакашӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ, имсол донишкадаи мо 290 нафарро қабул мекунад. Ба гурӯҳи буҷетӣ 120 нафар ва ба гурӯҳи шартномавӣ 170 нафар,- афзуд ректор.
Дохилшавандагон пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо аз суҳбати комиссияи интихоби касб мегузаранд. Яъне, корҳои эҷодии худро бояд ҳатман ба аъзои комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Масалан, расмҳои дар жанрҳои гуногун эҷодшуда, маҳсулоти заргарӣ, наққошӣ, кандакорӣ ва ба ин монанд. Таҳсил дар донишкада ба ду забон –тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, муҳлати он чор-шаш сол аст.
Бояд зикр намоям, ки ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои байналмилалии эҷодӣ (аз рӯйи ихтисос) бо тавсияномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада бе имтиҳон қабул мешаванд. Ҳамчунин дохилшавандагоне, ки коллеҷҳои соҳавиро хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо ба курси дуввум (шуъбаи рӯзона) тариқи суҳбат ба ҷойҳои буҷетии дар нақшаи қабул ҷудошуда қабул хоҳанд шуд.
Имсол қабули ҳуҷҷатҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода мегузарад, зеро бист сол боз дар ин боргоҳи ҳунар кафедраи санъати тасвирӣ амал мекард ва дар ин муддат шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Донишкадаи мо ҳам дар базаи ҳамин кафедра таъсис ёфт. Алҳол донишкадаи мо дар бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ҷой гирифтааст. Бинои собиқ Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи К.Беҳзод (воқеъ дар хиёбони С.Айнӣ)- ро ба ихтиёри мо гузоштанд. Баъди таъмиру тармими ин бино нахустин донишҷӯёни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсилро дар ин бинои таърихӣ идома медиҳанд.
Дар соли аввали хониш панҷ кафедраи нав ташкил намудем. Оянда ният дорем, ки аз рӯйи 14 ихтисос кафедра ва факултетҳои алоҳидаро таъсис диҳем.
Ҳоло устодон ва омӯзгорони ихтисосӣ мерасанд. Дар ин байн мо омӯзгорони соҳибихтисосро тайёр мекунем.
Албатта, ҳунарҳое, ки дар донишкадаи навтаъсиси мо омӯхта мешаванд, нав нестанд ва мо дар ҷойи нав ташкил нашудем. Мо мактаби миллии худро доштем ва онро боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳем дод. Санъати ороишӣ- амалӣ ва ҳунарҳои халқӣ аз даврони қадим шуҳрат доштанд. Мо таърихи хеле қадима дорем ва нишонаҳои онро ҳангоми бозёфт-ҳои археологӣ дар шаҳри Саразм ва Ҳулбук пайдо карда будем. Ниҳоят, мақсади мо таъсиси мактаби миллии касбии санъати тасвирӣ ва дизайни тоҷик аст, зеро сол то сол таваҷҷуҳ ва талабот ба ин касб зиёд мешавад.
Мо мақсад дорем, ки бо донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Қазоқис-тон ва ғайра ҳамкориро ба роҳ монем, сафарҳои омӯзишӣ ва дарсҳои устод ва шогирдро ( мастер- класс) ҷорӣ намоем. Боқӣ худи вақт нишон медиҳад. Зарур мешуморам, пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхориашон нисбати аҳли ҳунар ва эҷод изҳори сипос намоям. Ҳамчунин ба вазоратҳои фарҳанг, молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва кӯмакашон изҳори сипос баён намоям, — гуфт дар хотимаи суҳбат ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»