Мақсади асосӣ — соҳибкасб намудани шаҳрвандон

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

1Дар давраи ҳозира мусоидат ба касбомӯзии табақаҳои гуногуни аҳолӣ вазифаи муҳим мебошад. Фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ба чунин мақсади нек равона шудааст. Давоми се моҳи аввали соли равон 9830 шаҳрванд дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хабарнигорамон бо директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» А. Фаромузов ҳамсуҳбат шуд. Мавсуф аз ҷумла иброз намуд:

- Фаъолияти филиалҳои муассисаҳои таълими касбии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Дастурамал «Дар бораи ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» ташкил ва роҳандозӣ шудааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба татбиқи «Барномаи  рушди таълими калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» бо фармоиши вазири  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2011 таҳти № 22 дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 21 филиал ва 18 намояндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис шудааст.  Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ филиали муассиса дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ таъсис ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки зимни татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар  ин  замина корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бо дастгирии ин лоиҳаҳо  як қисм биноҳои марказ ва филиалҳои он таъмир  шуда, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ пурра таъмин гардиданд.

Аз ҷумла бо дастгирӣ ва кӯмаки Барномаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва омӯзиши касбии калонсолон дар Тоҷикистон» дар семоҳаи аввали соли 2013 барои филиали Муассисаи давлатии  «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри  Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ маводу таҷҳизоти таълимӣ харидорӣ ва дастрас шуд.

Омӯзиши кормандони ҶДММ «ТаджМоторс» оид ба ихтисоси «Таъмиргари автомобил», мувофиқи шартномаи тарафайн ба роҳ монда шудааст, ки ба онҳо омӯзгорони соҳибтахассусе, ки дар Олмон аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, машғулият мегузаронанд.

Инчунин устохонаи таълимии ихтисоси «Кафшергар» бо кӯмаки Раёсати рушд ва ҳамкории Туркия ( ТИКО)  барои омӯзиши чор намуди кафшергарӣ (барқӣ, газӣ, нуқтавӣ ва миг-маг) бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин шуданд.

Таҳия ва татбиқи Низоми Идоракунии Сифат дар заминаи стандарти байналмилалии Камолот-1 барои таҳия ва таҳлили сохтори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва филиалҳои он, бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  аз моҳи январи соли равон оғоз гардида, то ба имрӯз идома дорад. Сохтори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  таҳия гардида, мавриди баррасии коршиносони олмонӣ қарор гирифт.

3

Дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб бо раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират шартномаҳои тарафайн баста шуда, ҳамкориҳо дар  ин соҳа баҳри дар амал иҷро намудани  нақшаи касбомӯзӣ барои соли 2013, мутобиқи талаботи Барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ»,  идома дорад.

Таҳия ва танзими нақша ва барномаҳои таълимии якмоҳа (худмаблағгузор) барои  ихтисосҳои нишондоди «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2012-2013»  соли ҷорӣ аз тарафи кормандони бахши назорати сифати таълим ва таъмини методӣ дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони тахассусӣ, оид ба ихтисосҳои «Либосдӯз», «Сартарош», «Асосҳои омӯзиши компютер», «Сантехник», «Барқчӣ», «Кафшергари барқӣ», «Қаннод», «Ошпаз», «Пешхизмат», «Таъмиргари автомобилҳо», «Муҳосиб», «Котиба –коргузор» пурра ба низом дароварда шуданд.Ташкили омӯзиши ихтисосҳои нав, касбу ҳунарҳои миллӣ, аз қабили «Кулолгар», «Ҷӯроббоф», «Кандакорӣ дар чӯб», «Гилембоф», «Пойафзолдӯз», «Растанипарвар-гулпарвар» ба нақша гирифта шудааст.

Бо дастгирӣ ва ташаббуси роҳбарияти муассиса талаботи корфармоёни дохилию хориҷиро ба назар гирифта, кормандону мутахассисони  онҳоро мувофиқи барномаи шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон, дар худи корхонаҳояшон бо иштироки комиссияҳои салоҳиятнок соҳиби ҳуҷҷатҳои касбӣ гардонида  истодаем.

Дар се моҳи аввали соли равон дар дастгоҳи  марказии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва   21 филиали он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар омӯзиши шаҳрвандони бекор мутобиқи роҳхатҳои мақомоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, муроҷиати бевоситаи шаҳрвандон ва дархостҳои муассисаву идораву корхонаҳо ба роҳ монда шудаааст.

- Муассисаи мо ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, оид ба иҷрои нақшаҳои касбомӯзӣ дар соли 2013 кӯшиш ба харҷ медиҳад, – гуфт дар поёни суҳбат А. Фаромузов.

Мусоҳиб Ф. ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»