Мактабе, ки муҳассилаш будан ифтихор аст

№30 (4926) 07.03.2025

51561330879_b40418e42f_o- Оҳҳҳ, — нидо карданд Пешвои миллат, замоне ки дар ноҳияи Сангвор расми якҷо бо модари бузургворашон наққошишуда эҳдо шуд. Расмро бӯса карданду гуфтанд: «Сабабгори хондани ман модарам аст. Падарам иҷозат надоданд, танҳо мемонам гуфта. Модарам гуфт, ки аз тани бачам низ кор мекунам, тамоми корҳои хоҷагиро иҷро менамоям. 12 сол падарамро, ки бистарӣ буданд, хеле хуб нигоҳубин карданд. Бисёр заҳмат кашиданд, ҳафт ятими аз акаву додарҳо мондаро ба воя расонданд, хонадор карданд. Модарам вақте сухан мегуфтанду насиҳат мекарданд, маслиҳат медоданд, мегуфтӣ академик аст… Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, касе гуфта наметавонад. Он суханоне, ки ман аз модар шунидам, аз касе нашунидаам. Ҳар фарде, ки дуои неки падару модарро гирифта бошад, ҳаҷаш қабул аст. Вобаста ба ғамхорӣ дар ҳаққи волидон бояд баҳонаҳои ман вақт надорам, серкорам набошад. Ҳамаи моро маҳз модар ҳаст кардааст, пайғамбар низ аз домони поки модар ба дунё омадааст».

Ин намунаи ягонаи қадршиносиву самимият ва эҳтирому ихлоси Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба модарашон ва дар симои ӯ ба занону модарони тоҷику тоҷикистонӣ нест. Мо ба риққат омадани Пешвои миллат, хоса дар чашмонашон ашк ҳалқа заданро замони ифтитоҳи пайкараи модар дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд хуб дар хотир дорем. Ҳолати дигар соли 2023, вақти ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат, ба амал омад. Шоҳид будам, ки вақте Пешвои миллат дар бобати модар бо самимияту эҳтироми хоса сухан гуфтанд, аҳли толор ашк рехтанд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз таъкиди ҳамонвақтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем» рафоқату муҳаббатро дар ҷомеа нисбат ба зан-модар афзун кард. Зимни ироаи Паёми соли гузашта низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, минҷумла зикр шуд, ки «Хурдсолитона ба ёд оред, чӣ гуна аз модар суханони меҳрубонона шунидед ва чӣ гуна ғамхорӣ дидед. Он меҳрубоние, ки модар ба фарзанд мекунад, ягон шахси дигар карда наметавонад».

 Ҳолати таваҷҷуҳбарангезу ҷолиб ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат ба манотиқи гуногуни мамлакат зиёданд. Хоса, ба пешвози Роҳбари мамлакат баромадани модари солхӯрдаи бадахшонӣ ва муоширати фарзандвори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, суханронии одӣ, вале бениҳоят самимии модари дарвозӣ дар ҳузури Пешвои раиятпарвари миллат бениҳоят таъсирбахшанд. Дар маҷмуъ, чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Чунин руҷуъ доштани матлаб рамзу ҳикмати хос ва мақсади мушаххас дорад. Сухан сари мавҷудияти боз як мактаби дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад. Дар бораи мактаби сулҳофарӣ, ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, ­бун­ёд­корӣ, қонунофарӣ ва тарбияи фарзанди ин абармард таълифот шудааст. Мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона, то ин вақт аз мадди назари пажӯҳишгарон, шоиру нависандагон — аҳли зиё то андозае дур мондааст. Ин мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар буда, беназир, намунаи ибрат ва арзандаи ситоиш аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёд гузоштани ин мактаб эҳтирому ихлоси беандозаи фарзанду модарро ба маъраз гузоштанд, мақому манзалати занонро таври бесобиқа боло бурданд ва аҳли ҷомеаро даъват намуданд, ки ба ин амали нек пайравӣ намоянд.

ФАРМОНЕ, КИ ЗАНОНРО ФАРМОНРАВО КАРД

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба маънои рамзиаш занони кишварро сари фармон овард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Қаб­лан, аз ҷумла, дар замони шуравӣ зани тоҷик он мақому манзалатеро надошт, ки ҳоло дорад. Хуб дар хотир дорем, ки он айём аксар занони курсинишин намояндагони миллатҳои ғайр буданд.

Истифоданашуда (6)Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш чунин фармонро содир кардааст. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина гардид.

Шурӯъ аз ҳамон вақт таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатӣ интихоб ва эътироф гашт, ки он дар «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон қариб 30 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид.

КВОТА ВА ДИГАР ИМТИЁЗҲОИ МАКТАБИ ПЕШВО

Ба шарофати мактаби Пешвои миллат шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ зиёд шуд. Барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар гардид, ки яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон маҳсуб шуда, моҳиятан файзу ­баракати мактаби Пешвои миллатанд.

Агар ба далелу арқоми он вақт мутаваҷҷеҳ шавем, соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Маҳз дар ин давра намояндагии занон дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – ҷамоатҳо тамоюли афзоиш касб намуд. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 278 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо ин квота хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Алъон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз 214 ҳазор нафар донишҷӯ 89 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 

ГУРДОФАРИДҲОИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Аз файзи самари мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар гурдофаридони тоҷик низ баҳраваранд. Занону модарони бонангу номуси мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, ба таъбири Пешвои миллат, «мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

Ҳоло дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, баробари мардон дар як саф қарор доранд. Теъдоди онҳо қариб ду ҳазор нафарро ташкил дода, дар миёни онҳо генерал ва қариб 100 нафар полковник мебошанд. Дар гузаштҳои низомӣ бонувон-хизматчиёни ҳарбӣ фаъолона иштирок мекунанд. Гурдофаридони тоҷик борҳо собит карданд, ки дар ҳифзи Ватан на камтар аз мардон метавонанд саҳим бошанд.

 Дар маҷмуъ, файзи мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар, ки бунёдгузораш Пешвои миллат ҳастанд, афзуну муҳассили он будан мояи ифтихор аст. Моро мебояд суханони Пешвои миллат — «Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доимо пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд»-ро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»