Дар ҷумҳурӣ шояд шахсе набошад, ки Маҳмадулло Лутфуллоевро нашиносад, зеро ӯ ба хонадони ҳамаи мо бо китоби «Алифбо»-и хеш ворид шудааст. Академик М. Лутфуллоев, чун арбоби илми тоҷик, бо заҳмату талоши шабонарӯзии худ дар рушди илми педагогикаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳифаи нав кушод. Ӯ аз мактаби бузурги устодони асри XX, чун Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода ва А. Нишонҷанов сабақ гирифта, имрӯз кору фаъолияти онҳоро идома медиҳад.
М. Лутфуллоев бо кашфиётҳои илмии худ ба дараҷаи устодӣ расида, мактаби илмии педагогии худро асос гузошта, даҳҳо олимонро тарбия намудааст, ки ҳамаи онҳо имрӯз якҷо бо устодашон дар рушди илми педагогикаи тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.
Барои таълифи «Алифбо» устод солиёни зиёд заҳмат кашидааст ва хушбахтона, ранҷи кашидааш имрӯз ганҷ дод. Алҳол мактаби устодро шогирдонашон Р. Қурбонов, Ф. Шарифзода, И. Абдуллоев дар паҳлуи устодашон давом медиҳанд. Дар таҳияи аввалин нақшаҳои барномаҳои таълимӣ, чун Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи мактаби миллии тоҷик, Консепсияи тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандартҳои синфҳои ибтидоӣ, тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита таҳти роҳбарии ин олим ва муҳаққиқи тавоно ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими таълимию тарбиявӣ омода шудаанд, ки имрӯз маорифчиёни ҷумҳурӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Муаллифони ин сатрҳо устодро зиёда аз ним аср инҷониб хуб мешиносанд ва хушбахтона, имрӯз бо устоди арҷмандашон дар кафедраи падагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав якҷоя кору фаъолият менамоянд.
Маҳмадулло Лутфуллоев 15 майи соли 1935 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Дар синни дусолагӣ аз падар ятим монда, ӯро бобояш Давлатшоҳ тарбия кардааст. Соле, ки устод ба мактаби деҳаи Бошбулоқ (ҳозира Саричашма) қадам гузошт, ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада, зиндагии бе ин ҳам вазнини хонаводаро боз ҳам вазнину сангин сохт.
Гоҳ-гоҳе устод М. Лутфуллоев аз даврони кӯдакии худ нақл карда, ба ёд меорад, ки ӯ қариб ду сол пойи луч ба мактаб меомад ва бинобар сардии ҳаво, баробари ба синфхона ворид шуданаш пойҳояшро даруни ҷома мегирифту онҳоро гарм мекард. Аввалин туҳфае, ки Маҳмадуллои хурдакак аз бобояш гирифта буд, мӯкӣ буд, ки онро пӯшида, дартоз ба назди ҳамсолонаш омада, барояшон нишон дода, фахр мекард.
Солҳои ҷанг хеле душвор буд. Дар куҳистон агар баҳор бебориш меомад, зиндагӣ боз ҳам вазнин мешуд. Ҳамин буд, ки оилаи онҳо низ чун дигар кӯҳистониҳо, ба водии Вахш, аниқтараш ба ноҳияи имрӯзаи Бохтар, деҳаи Янги-турмуш (ҳоло Ҳаёти нав), кӯч бастанд. Зиндагонии оилаашон дар ин макони нав каме ранги дигар гирифт, зеро ин ҷо оби фаровон, заминҳои корам деҳқононро мехӯронду мепӯшонд.
Азбаски Маҳмадулло дар хондан қудрати фавқулодда дошт, ҳама хешу таборон, махсусан модари меҳрубонаш, тамоми имконро ба он равона мекарданд, ки ӯ хонад. Маҳмадулло соли 1953 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппаро бо дипломи аъло хатм намуда, фосилаи андак дар касби муаллимӣ кор кард ва сонитар ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) супорида, соли 1959 институтро бо дипломи аъло хатм кард.
Бо пешниҳоди устодаш Носирҷон Маъсумӣ Маҳмадулло Лутфуллоев дар шаҳри Душанбе монд ва дар маҷаллаи «Мактаби советӣ» фаъолияташро оғоз кард. Баъди чанд муддат, бо дастгирии Н. Маъсумӣ соли 1961 М. Лутфуллоев дар факултети педагогика ва психологияи институт ба фаъолият оғоз кард ва ба пояи академикӣ расид.
Дар ҳамаи 290 асару мақолаҳояш устод роҳҳои беҳтарини таълиму тарбияи инсонро нишон додааст. Хислати хуби беҳтарини устод он аст, ки ӯ ба ҳама як хел муносибат мекунад, хоҳ донишҷӯй бошад ё олим. Ӯро доим дар иҳотаи шогирдон мебинем.
Рӯзе зимни як суҳбат дар кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носир Хусрав омӯзгори ҷавони ҳамин кафедра аз устод хоҳиш кард, ки агар ӯ иҷозат диҳад, вай рисолаи номзадии худро аз рӯйи асарҳои таълифкардаи устод дар мавзуи «Аҳамияти асарҳои педагогии академик М. Лутфуллоев дар фаъолияти омӯзгорони ҷавон» оғоз намояд. Устод бо табассуми хоси ба ӯ зебанда, ба шогирди ҷавон посух дод, ки дар ҷумҳуриамон ҳоло бисёр доктору академикҳо дар ин соҳа фаъолият мекунанду машҳуранд, агар аз онҳо мавзуъ гиред, хеле хуб мешавад. Ман, албатта, ба кори илмиатон кӯмак мекунам ва маслиҳат медиҳам.
Хонандаи азиз, худ қазоват кунед: шахсе, ки қариб 300 асару мақола оид ба илми педагогика таълиф кардааст, ҳоло ҳам розӣ намешавад, ки дар бораи ӯ, дар бораи аҳамияти асарҳои илмии ӯ дар рушди соҳаи маориф рисолае нависанд. Магар ин бузургии инсонро нишон намедиҳад?
Пешниҳод мекунем, ки мактаби академик М. Лутфуллоев ҳатман омӯхта, таҳқиқ карда шавад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр мактабҳои ҷумҳурӣ муаллимони пуртаҷриба кам мондаанд, баъзе хатмкунандагони мактабҳои олӣ барои кор ба мактаб намераванд ё бисёрии муаллимони ҷавон ин касби пуршарафро тарк намудаанд.
С. ТАВАРОВ, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ, директори Маркази таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав,
С. ШОМАЛАНГОВ, омӯзгори кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав