Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб гардида, муайянкунандаи самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, назари сиёсии роҳбарияти давлат ба дастовардҳои як соли гузашта, воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мебошад. Дар ин робита, зимни суҳбат бо хабарнигорамон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Фатҳиддин ИСМОНОВ чунин ибрози андеша намуд:
-Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми соли гузашта, зикр намуда буданд: «Мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем» дар соҳаи маориф ҷиҳати фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, сохтмону афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба таври ҷиддӣ беҳтар кардани заминаҳои моддиву техникӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба роҳ мондани тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар, ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳо андешида шуд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки рӯзи 23 апрели соли равон садо дод, илму маориф яке аз «самтҳои калидӣ»-и иқтисодиёт ва мактабу маориф «омили муҳимтарини амнияти миллӣ» номида шудааст.
Роҳбари давлат дар баробари баҳои баланд ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, ба ҳамаи ниҳодҳои ҳукуматӣ супориш доданд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар мавриди мақоми омӯзгор ва имтиёзҳои барои омӯзгор муайяншуда таъмин созанд.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи иқтисоди кишвар, таъкид карда шуд, ки барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Мо, маорифчиён, аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон ифтихор намуда, барои амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар тамоми чораҳоро меандешем. Ба андешаи мо, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём дарҷ гардидаанд, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан тавассути рушди илму маориф, саноату энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ имконият медиҳад.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»