Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронӣ зикр намуданд, ки: «Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст». Ин суханони Пешвои миллат ба ҳикмати мардум дар бораи воло будани мақоми омӯзгор мувофиқ аст.
Барои дар амал татбиқ шудани гуфтаҳои боло дастури зерини Пешвои миллат аз Паёми солонаашон (22 декабри соли 2016) мусоидат хоҳад намуд: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад».
Пешвои миллат дар Паёмашон баробари устодон масъул ва саҳим будани волидайн дар таълиму тарбия фарзандонро таъкид намуданд: «… аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ бо ҳамин мақсад қабул гардидааст. Дар ин қонун масъулияти асосӣ ба зиммаи оила аст. Ба ибораи дигар, хонавода масъули аслии тарбияи кӯдак мебошад. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморида, саҳлангорӣ намоянд, пас аз кӯдак рафтори хуб, тани солим ва ахлоқи ҳамидаро умед доштан мумкин нест.
Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Муносибатҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи ҷаҳони имрӯза тавонистааст, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари дигар омилҳо, ба таълиму тарбия низ беасар нест ва моро лозим аст дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми фарҳангу тамаддуни мардум ва арзиши волои онҳоро дар мадди аввал қарор диҳем.
Пешвои миллат барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи илму маориф дар Паём дастур дода, вазифаҳои мушаххас гузоштанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд». Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои Сарвари давлат саъю кӯшиш намоем.
Наргис РАҲМОНОВА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон