Зеро пешрафти ҳама соҳа ба онҳо вобаста аст
Рушди соҳаи маориф кафолати пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Ҷойгоҳи он дар сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамчун ҷавҳари таҳкими аркони давлат ва рушди ҳама соҳа арзёбӣ мегардад. Боиси ифтихори маорифчиён аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои ислоҳоти ботадриҷ дар ҳама зинаи таҳсилот, ташаккули низоми таҳсилоти муосиру ҷавобгӯи талаботи замон ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ин хотир, соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон карданд.
Бояд зикр кард, ки бидуни омӯзгори ҳақиқӣ рушди бонизоми илм аз ҷараён бозмемонад, нури хирад тира гардида, ба дари маърифат қуфл зада мешавад. Тавре устод С. Айнӣ мегӯяд: «Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар аз мактабу мадорис».
Мутаассифона, баъзе аз омӯзгорон ба таври бояду шояд масъулият эҳсос намекунанд. Масалан, дар баъзе аз мактабҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар (шояд дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо низ) шоҳиди он мешавем, ки омӯзгор дар ҷараёни дарс машғули бо телефон бозӣ кардан асту ҳушу хаёли хонандагон ба ҳар ҷо парешон. Вазифаҳоро рӯякӣ иҷро намуда, ба хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Ҳатто шунидаем, ки барои гузоштани баҳои хубу аъло аз хонандагон пора талаб мекунанд, ки ин амали нангин ва ба шаъни омӯзгор нозеб аст. Албатта, барои ин гуна бемасъулиятон дар қонун ҷазо пешбинӣ шудааст, ки ин василаро метавон барои сабақ шудан ба дигарҳо низ татбиқ намуд.
Ҳол он ки омӯзгоронро зарур аст бо ҳар амалу рафтор ва гуфтор намунаи ибрат бошанд. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфта буданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».
Зимнан, рӯз то рӯз шумораи довталабон барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷ аз кишвар меафзояд. Ҳар як довталаб бо мақсади донишҷӯ гардидан ба мактаби олӣ ҳуҷҷат месупорад. Агар имтиҳонро бо баҳои хубу аъло супорида натавонад, хатои омӯзгор низ ҳаст. Чунки ӯ натавонистааст ба фанни таълимӣ хонандаро ҷалб созад ва дар ниҳодаш шавқу ҳаваси омӯзишро бедор намояд. Бинобар ин, бояд аз чаҳорчӯбаи принсипҳои омӯзгорӣ берун набаромада, хоҳиши хонандаро ба инобат гирифта, тарзу усули дарсро мувофиқи талабот ҷорӣ намуд.
Дар баробари мавҷудияти ба ин монанд норасоиҳо дар кор комёбиву дастовардҳои омӯзгорон кам нестанд. Хусусан, дар самти иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ. Солҳои охир барои пешрафти соҳаи маориф як қатор қонун, барнома ва тавсияномаҳо қабул гардиданд ва яке аз онҳо «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо шарофати он теъдоди иштирокдорон ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар ҳоли афзоиш аст. Инчунин, мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаъну шараф ва эътибори омӯзгорон аз 28 июни соли 2011 таҳти рақами 14/44 «Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Итминон дорем, ки санадҳои номбурда ба ташаккули фардии ҳар як омӯзгор, дурусту самаранок гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, ба туфайли файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф дар кишвар мақоми муҳимро касб кардааст, зеро он дар тарбияи қувваи кории соҳибтахассус ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, кормандони онро мебояд, ки барои пешрафт ва ояндаи дурахшони кишвар боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Бибиоиша ҲАБИБОВА, омӯзгори фанни забони русии МТМУ №70, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе