Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, зеро тарбия ва ташаккули инсони комил, инчунин, мавҷудияти ҷомеаи солиму созанда ба ин соҳа сахт алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.
Маориф ба маънои том наҷоти миллатҳост. Онро башарият дар садаи гузашта дар мисоли давлатҳои алоҳидаи дунё, хусусан Ҷопон ва Малайзия, мушоҳида кард. Ҳар ду кишвар дар ибтидо бо иқтисоди начандон пешрафта, инчунин фасод рӯ ба рӯ буданд. Вале, ҳамин ки ба маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карданд, тадриҷан ба кишварҳои пешрафтаи қитъаи Осиё ва ҷаҳон мубаддал гаштанд.
Бояд гуфт, ҳеҷ чизе ба инкишофи ҷомеа ончунон таъсири мусбат надорад, ки илму маориф. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб гуфтаанд: «Кӯдакони бетаълиму тарбия чизе ё касе шуда наметавонанд, аммо он кӯдаконе, ки таълим ва тарбиягирандаанд, метавонанд дар ҷамъият пеш раванд ва ҷамъиятро низ инкишоф диҳанд».
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бунёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо далел ба ин гуфтаанд. Инчунин, барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҷдиди назар карда шуда, барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам омад.
Аслан, фаъолияти соҳаи маориф ба ду шохаи асосӣ — таълим ва тарбия равона шудааст. Агар мактаб ба насли наврас илм омӯзонад, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун ёрирасон бо тарбия, мукаммал гардонидани дониши онҳо ва дар интихоби касбу ҳунар ёрӣ мерасонад. Зимнан, таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди истеъдоди наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст. Он маълумоти ибтидоӣ, умумии хонандагонро пурра гардонида, барои интихоби касб замина мегузорад. Ҳоло дар кишвар 83 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо наздики 1500 маҳфил бо фарогирии 48646 аъзо фаъолият доранд. Ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 2491 адад бештар мебошад.
Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис ёфт, ки самараи хуб ба бор овард. Он бо мақсади рушди истеъдодҳо, таъмин намудани хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ ташкил гардида, барои рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат шароит фароҳам намуд.
Ҳамчунин, 9 муассисаи типи нави таълимии бо шароити замонавӣ таъмин, аз қабили мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе, мактаб ва литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ҳама минтақаи кишвар арзи вуҷуд намуданд. Маҳз шогирдони ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, шаъну шарафи мамлакатро дар дохил ва хориҷ аз он низ баланд мебардоранд.
Самараи чунин корҳо буд, ки бори аввал дар давраи Истиқлолияти давлатӣ хонандаи тоҷик Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика сазовори «Гран при» шуд. Инчунин, бори аввал хонандаи тоҷик Улуғбек Баротов аз фанни химия дар ИМА сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гашт. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи маорифи мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат зина ба зина рушд намуда, минбаъд низ равнақ хоҳад ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо зиёда аз 10 шакли олимпиада: анъанавӣ, даставӣ, фосилавӣ, зеҳнӣ, байналмилалӣ, фаннӣ дар дохили кишвар ва берун аз он доир мешаванд. Ҳар сол олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ дар 4 давра гузаронида шуда, хонандагони болаёқат метавонанд дар асоси барномаҳои таълимӣ донишу малакаи омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб ду миллион хонандаи макотиби таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷҳо ва техникумҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи таълимгоҳҳо, хонандагону донишҷӯёни онҳо, омӯзгорон ва устодон хеле афзуд. Агар соли ташкилёбии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон 7 мактаб бо теъдоди 152 хонанда ва 26 омӯзгор мавҷуд буд, соли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, яъне, соли 1991, шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба 3179 ва хонандагони онҳо ба 1310.2 ҳазор нафар расид.
Ҳоло дар кишвар 145 литсею гимназия ва мактаб, боғчаи кӯдакони болаёқат фаъолият мекунанд, ки 25 адади онҳо хусусӣ буда, дар онҳо беш аз 67 ҳазор хонанда таълиму тарбия мегиранд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 34 адад ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба давраи то истиқлолият мутаносибан ду ва дуюним маротиба зиёд мебошанд.
Раванди таълиму тарбия ва ташаккули шахсият дар муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», стандартҳои давлатии таҳсилот, консепсияҳои маълумоти миллӣ ва тарбия, низомномаҳои муассисаҳои таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун самтҳои афзалиятноки ислоҳоти мактабу маориф ва ҳаёти иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуда, минбаъд низ ба рушду равнақи соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Зеро маорифи пешрафта омили асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.
М. ОШИМОВА,
номзади илмҳои педагогӣ,
Д. АБДУРАҲИМОВА,
ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода