Солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустӣ бозсозии амиқ оғоз гардид ва ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ муҳайё шуда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд расонидани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат намуданд.
Чанде қабл бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфт. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир маҳсуб мешавад. Дар Паёми имсола, аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зиёда аз 1000 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.
Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки хеле кам аст. Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро таъсис диҳад. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари хирадсолори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи неъмати бебаҳо – саломатии шаҳрвандон маҳсуб шуда, дурнамои нек дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари мамлакат заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» муайяну омода шудааст ва соли равон ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард. Дар зер қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» манзур мегардад.
Убайдулло Қурбон,
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2016 — 2017
Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2016 № 3/6 тасдиқ шудааст
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (минбаъд ДДТХ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳия шудааст.
Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТХ шаҳрвандони то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.
Дар ДДТХ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. Пардохти музди яксолаи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавии факултети тиббӣ – 10500 сомонӣ, стоматологӣ – 11850 сомонӣ ва педиатрӣ — 8400 сомониро ташкил медиҳад.
Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТХ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот ва супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ва пардохти музди таълим қабул карда мешаванд. Барои тоҷикони бурунмарзӣ (тоҷикони ақаллиятҳои миллии Иттиҳоди давлатҳои мустақил) дар мавриди аз рӯи қоидаҳои умумӣ супоридани имтиҳонҳои қабул ва муваффақ гардидан ба холи гузариш, пардохти маблағи таҳсил ҳамчун шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.
Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТХ барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
Таҳсил дар ДДТХ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст, дар факултети тиббӣ 6 сол, стоматологӣ 5 сол, педиатрӣ 6 сол мебошад.
Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
• ариза ба номи ректор;
• ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
• маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли №086УЕ);
• 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
• шиноснома;
• билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
• хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм дар ихтисос(ҳо)-и интихобкарда.
Довталабоне, ки мактаб ва литсейҳои хусусиро хатм намудаанд, дар вақти супоридани ҳуҷҷат, нусхаи литсензия (иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ)-ро пешниҳод менамоянд.
Барои хатмкардагони коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар вақти супоридани ҳуҷҷатҳо дипломи хатми коллеҷ ва ё омӯзишгоҳ бо замимаи диплом ҳатмӣ мебошад.
Духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд: нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ, қарори Шӯрои меҳнатӣ ва роҳхати ҳукумати ноҳияро пешниҳод менамоянд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 1 апрел оғоз ёфта то 30 апрели соли 2016 идома меёбад. Муҳлати имтиҳони қабул аз 2 май то 12 майи соли 2016 муқаррар карда мешавад.
Имтиҳони қабул аз ду қисм – тестӣ ва хаттӣ иборат буда, ба тариқи зайл баргузор мегардад:
А) Санҷиши тестӣ, ки аз 3 блоки фаннӣ иборат мебошад:
• блоки I – иборат аз 40 савол аз фанни химия, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида мутаносибан 2,0 хол ва ҳар як саволи тестии кушода 3,0 муқаррар шудааст;
• блоки II – иборат аз 40 савол аз фанни биология, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
• блоки III – иборат аз 20 савол аз фанни физика ва математика, ки 10-тои он (аз фанни физика) ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (5 савол аз физика ва 5 савол аз математика) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
• Дар маҷмӯъ, довталаб метавонад аз имтиҳони тестӣ то 220 холро ба даст орад.
Санҷиши тестӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ баргузор мегардад.
Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани хол баҳои тестӣ дар маҷмӯъ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.
Б) Имтиҳони хаттӣ: Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд бо забони давлатӣ иншо менависанд. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони ақаллиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз забони давлатӣ диктант месупоранд.
Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
Баъди эълони натиҷаи имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи комиссияи қабули донишгоҳ бо натиҷаи имтиҳон шинос шавад. Апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад. Баргузории апеллятсияи такрорӣ барои довталабоне, ки дар муҳлати муқарраргардида ҳозир нашудаанд, манъ мебошад.
Ба курси якум бе имтиҳон дар асоси суҳбат шахсони зерин қабул карда мешаванд:
• ғолибони ҷойҳои аввали озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
• ғолибони ҷойҳои аввали олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
• шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;
Аз рӯи натиҷаҳои қисматҳои якум ва дувуми озмуни тестӣ ба шарти гирифтани холҳои муқарраршуда (мутаносибан ба баҳои «аъло) аз фанҳои химия ва биология довталабони зерин қабул карда мешаванд:
• шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо шаҳодатномаи универсиалӣ ва бо медали нуқра хатм намудаанд;
• ғолибони ҷойи дувуми озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали нуқра гардидаанд ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
• ғолибони ҷойҳои дувуми олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали нуқра гардидаанд ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
• довталабоне, ки коллеҷҳои тиббиро бо дипломи «аъло» хатм намудаанд.
Дар сурати ба холҳои муқарраршуда аз имтиҳони тестӣ ноил нагаштани довталабони дар боло зикршуда, онҳо имтиҳони хаттиро аз рӯи қоидаҳои умумӣ месупоранд.
Бо гирифтани баҳои мусбат (на камтар аз 120 хол) аз имтиҳони қабул берун аз озмун қабул карда мешаванд:
• маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ – меҳнатӣ таҳсил кардани онҳо дар ихтисоси мазкур манъ карда нашудааст;
• ятимони бе падару модар (то 21- сола), тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ).
Довталабони зикршуда (маъюбони гурӯҳҳои 1-2, ятимони бе падару модар) бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар давраи қабули ҳуҷҷатҳо, яъне то оғози имтиҳони дохилшавӣ ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё камбудию норасоиҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда имтиёзи довталаб ба инобат гирифта намешавад.
Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории суҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз суҳбат ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.
Нишонии мо:735320, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 34 (бинои Маркази интихобот).
Комиссияи қабул
Тел.: (83312) 21034, 21033
E-mail: info@khatmedun.tj
www.khatmedun.tj