Дар мақолаи корманди нашрияи «Садои мардум» Н. Низомӣ бо номи «Маркази истеҳсол, фурӯш ва таъмири асбобҳои мусиқӣ зарур аст» («Садои мардум», №68 аз 4 июни соли 2022) проблемаи бамиёнгузошта саривақтӣ аст. Ба чунин масъалагузории рӯзноманигор набояд бетарафу бетафовут буд. Ташкилоту муассисаҳои дахлдор, дастандаркорони соҳа бояд роҳи ҳалли масъаларо ҳар чӣ барвақттар ёбанд.
«Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ». Пас аз хондани матлаби номбурда ба хулоса омадам, ки муаллиф ҳам ба мусиқӣ дилбастагӣ дорад, зеро мавзӯъро аз чанд паҳлу ҳаллу фасл кардан мехоҳад.
Банда бештар аз чил сол аст, ки бо суруду оҳанг, шеъру тарона сарукор дошта, солҳо дар ансамблҳои давлатии ҷумҳуриамон фаъолият намудаам. Аксар асбобҳои мусиқии торӣ, зарбӣ ва нафасиро навохта метавонам. Як идда асбобҳои миллии мусиқиро дар вақташ харидаам ва имрӯз аз навохтанашон ҳаловат мебарам. Медонам, ки соҳаи мусиқиро бидуни асбобҳои мусиқӣ пеш бурдан имконнопазир аст. То сохтану фурӯш ва дар мавриди зарурат таъмири онҳоро ба роҳ намонем, дар самти донистану ёд гирифтан, омӯхтани асбобҳои миллии мусиқӣ ҳатман душвориҳо пеш меоянд.
Дуруст аст, асбобҳои миллиеро, ки муаллиф дар мақола номбар кардааст, ба зудӣ пайдо карда наметавонем ё агар дастрас кунем ҳам, нархи онҳо хеле гарон аст. Чӣ бояд кард? Ҳалли онро дар мақола муаллиф дуруст баён кардааст. Танҳо ширкатҳои «Армуғон» ва «Созтарош» наметавонанд, ки хостаҳои мизоҷонро бароварда созанд. Воқеан ҳам, солҳои пеш ҳар як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосию ибтидоӣ маҳфилҳои худфаъолиятӣ доштанд ва аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоӣ дастаи навозандагонро низ созмон медоданд. Ба ҳар ҳол, ин гурӯҳу дастаҳо ба таъкидҳои давомдори муаллимони фанни суруд ва мусиқӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз уҳдаи навохтани ин ё он навъи асбобҳои мусиқӣ мебаромаданд. Албатта, имрӯз низ чунин маҳфилҳои худфаъолиятӣ амал мекунанд, вале таваҷҷуҳ ба ёд гирифтан ва ёд додану навохтани асбобҳои мусиқӣ ба шогирдон хеле кам аст. Ҳамон тавре ки дар мақола таъкид шудааст, бо ҷурми нарасидани маблағ дар аксар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ асбобҳои мусиқӣ намерасанд. Кор ба ҷое расидааст, ки иддае аз мутахассисони соҳа ба дарсҳои фанни суруд ва мусиқӣ ҳамчун фанни дуюмдараҷа муносибат мекунанд. Ин аст, ки на танҳо қисми зиёди шогирдони мактабҳо, балки омӯзгорони ин фан низ асбобҳои мусиқиро дуруст навохта наметавонад. Ҳол он ки онҳо бояд ба нота (адвор) низ шинос бошанду мувофиқи он ба бачаҳо суруд омӯзанд. Мутаассифона, гурӯҳи дигар ғайриихтисос буда, назокати лаҳну оҳангро дуруст дарк намекунанд.
Муаллиф бештар аз сохта нашудани асбобҳои мусиқӣ дар ҷумҳуриамон изҳори нигаронӣ намудааст, ки ин андеша воқеист: «Сохтани асбобҳои мусиқиро хуб ба роҳ мондан лозим аст. Он ҳам тиҷорати хуб аст, ҳам муаррифии фарҳанги миллат, бояд мағозаи махсуси калон дар маркази пойтахт сохта шавад. Чаро дар пойтахт мағозаи «Шикорчӣ» ҳасту «Созҳои мусиқӣ» не?» – нигоштааст Н. Низомӣ. Асбобҳои мусиқии зиёди миллӣ дорем, ки ҳамеша бо онҳо ифтихор дорем. Номгӯи онҳоро дар асарҳои адабиёти классикӣ, байтҳои ҷудогона дидан мумкин аст. Вале андешаи таъмири онҳоро ҳам бояд кард.
Устод Лоиқ барҳақ гуфтаанд:
Ба дасти ҳар касе дасти рубоб аст,
Яқин донед, ки дар аҳди шубоб аст.
Яъне, ҳар кӣ бо асбоби мусиқӣ сарукор дорад, аз ӯ бадӣ намеояд. Шоири дигаре фармудааст:
Мусиқӣ нағмаҳост Довудӣ,
Ҳар он кӣ варо донист, Сулаймон аст.
Ё худ:
Садои доира, думбураву тор,
Ҳар он кас ки шунид, дилбеқарор аст.
Хулоса, мо барои фароғати рӯҳ ба асбобҳои мусиқӣ ниёз дорем ва рафъи мушкилоти дар мақолаи мавриди назар зикршуда заруру ногузир аст.
Мирҷумъа ҲУСАЙНОВ,
омӯзгори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»