Марз ё сарҳад шарти асосии мавҷудияти давлат буда, дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ муҳим аст. Вай бештар хосияти сиёсӣ дорад. Дар раванд ва ташаккули сохти давлатдорӣ масъулият барои ҳифзу ҳимояи он меафзояд, зеро амнияти халқу давлат ба дараҷаи ҳимояти сарҳад вобаста мебошад. Агар дар замонҳои қадим масъулияти ҳимояи марзу бум ба зиммаи тоифаҳои алоҳида, лашкар ва халқ бошад, бо гузашти даврон ва рушду нумӯи сохти давлатдорӣ, беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ, вусъати сарҳад, қудратмандии ҳамсоягон ва амнияти аъзои ҷамъият авзо тағйир ёфт. Аз ин рӯ, ниҳодҳои хоса созмон дода мешаванд, то ки бори масъулиятро ба дӯш гиранд.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рисолатро Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, ки аз бунёди он 30 сол сипарӣ мешавад. Ба бунёд ҷавон бошад ҳам, таҷрибаи бузург аст. Дар саргаҳи бунёди Қӯшунҳои сарҳадӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Дар солҳои душвортарин, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат бригадаи махсуси марзбонон иборат аз 1200 нафар таъсис дода шуд, ки минбаъд ба ниҳоди мукаммал дар ҳайати КДАМ табдил ёфт.
Дар бораи вазифа ва уҳдадориҳои ниҳод моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид мекунад: «…Намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд».
Вазифа ва рисолати шаҳрвандони мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва неруҳои қудратӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшану бармалост. Ин вазифа ва уҳдадорӣ дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Мувофиқи он ҳар сокини созанда ва ватанпараст муҳофизи марзи давлат аст, вале рисолати асосӣ ба дӯши фарзандони содиқ ва огоҳи кишвар, ки унвони марзбонро доранд, гузошта шудааст. Амиқтар биандешем, рисолаташон ҳифзи забон, арзишҳои миллӣ, анъанот, таърихи бисёрасраи мардум, зебоиҳои Ватан, амну осоиши падару модар, хонаву дар ва хешу бародар мебошад, ки муқаддас аст. Сарҳадбонони тоҷик амалеро анҷом медиҳанд, ки се даҳсола пештар империяи паҳновари шуравӣ бо 250 миллион аҳолӣ ва иқтидори бемисли иқтисодӣ ва ҳарбӣ адо мекард.
Дар замони нав масъулияти марзбонон ба маротиб меафзояд. Ҳифзи сарҳад огоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва чолокию шуҷоатро тақозо мекунад, зеро ин ниҳод дар хати аввали муқовимат қарор дорад. Муқовимат на танҳо набард бо силоҳ аст, балки бо таълимот ва донишу огоҳӣ низ ҳаст.
Аз бунёди нахустин давлатҳо ҳифзи марз вуҷуд дошт ва то имрӯз батадриҷ меъёр, раво, вазифа ва василаҳои ҳифзи он такмил ёфта устувортар мегардад. Марз чун атрибути арзишманди давлатдорӣ бо ибораҳои шартӣ, ахлоқию равонӣ таҳким ёфта, заминаҳои худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарвариро ба вуҷуд меоварад. Дар ин замина пайдоиши ибораҳои пурҳикмати «Марзи Ватан — марзи номус», «Қарзи ватандорӣ», «Ҳадди ватандорӣ», ҳимояи «Ватан-Модар», ки бо анъанаю арзишҳои миллӣ, оини ватанпарастӣ тавъаманд, ҳар як шаҳрвандро дар ҳимояи давлати миллӣ ҳидоят ва вазифадор мекунанд.
Ин ҳама аз таҷрибаи таърихии халқамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ берун омада, такомул ёфта, ба санадҳои устувор мубаддал шудааст. Ба ҷуз аз сарҳади давлатӣ ҳадди шараф, номус ва виҷдон вуҷуд дорад, ки барои амният ва мавҷудияти миллат хеле муҳим аст. Фарҳангу арзишҳо, қоидаҳои нонавиштаи мардумӣ ва анъанаву русуму урфу одат низ марзи худро доранд. Таъсири ҷиддии фарҳанги бегона, ба он чӣ зикр шуд, маънои шикасти осори чандинасра, пояҳои давлату миллат аст. Бетарафӣ ва бетафовутӣ ва мусоидат кардан ба ин раванд аз ҳадди виҷдону шараф берун қадам ниҳодан мебошад, ки хиёнати ошкорост.
Мардуми тоҷик дар ин самт таҷриба дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, ҳатто ҷони худро дареғ надошта, ҳар як ваҷаб хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд».
Таҷрибаи тӯлонии давлатсозию давлатмеҳварӣ, ба истилоҳи дигар, мардумсозию мардуммеҳварӣ ба халқи тоҷик хос аст. Яъне, тавонистаанд гирди ҳам биёянд, забону одату русуми ягонаро дар ҳудуди муайян созмон ва ҳунару санъату адабро густариш диҳанд. Дар ин замина тамаддуни бузурге биофаранд, ки дар сарнавишти башарият нақши бориз дошта бошад. Ниёгони бузургамон, ба мисли Куруши Кабир, Дориюш, Аршак, Анушервон, Яқуб ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ, дар ташкилу такмили давлатдорӣ хидматҳои арзанда кардаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллатҳои гуногун зиндагӣ доранд. Ҳама гуна фаъолият ва амал дар чорчӯбаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии эътирофшуда рӯйи кор меояд. Ба қавли муаррихон, асрҳои тӯлонӣ марзу ҳудудро ҷангҳо ва империяҳои маҳаллӣ ва фарогир муқаррар мекарданд. Аз ин рӯ, борҳо марзҳо вайрон, давлатҳои эҷодкарда, ватани обод ва шаҳристонҳо ба харобазор табдил ёфта, дороиҳо ба ғорат рафтанд ва мардумонаш қатли ом шуданд. Ҳарчанд дар тӯли таърих ғоратгарон аз аҷдодамон давлатдорӣ, бунёди шаҳристонҳо, оину фарҳанг ва марзбандӣ омӯхтанд.
Мувофиқи пажӯҳиши муҳаққиқон давлатҳои куҳантаърих дар Осиёи Марказӣ: Бохтар, Суғд, Хоразм ва тамаддунҳои аввалияи бузург империяҳои Ҳахоманишӣ, Порт (занҷираи Ашконӣ), Кӯшонӣ, Ҳафталӣ ва Сосонӣ буданд. Маҳсули тафаккури давлатмардон бо ҳудуди паҳновари ҷуғрофӣ ва таъсису ташаккули низоми ҳарбӣ: лашкари разманда (савора ва пиёданизом) ва сохтори мукаммали фармондеҳон, сипаҳбудон ва сарбозон, кашфу такмили аслиҳаи ҷангӣ барои мардумони дигар ҳамчун мактаби таҷриба ба кор омад.
Хидмати арзандаи тамаддунҳои пешин боз дар он зоҳир мешавад, ки мардумони ориёиро аз шаклу симо то қоидаҳои нонавишта барои оянда ҳифз намуданд. Анъанаҳо, оину русуми аҷдодиро аз даврон ба даврон такмил дода, дар бунёди халқияти тоҷик саҳм гирифтанд. Забон, фарҳанги неруманд ва анъанаҳои устувор аслиҳаи муҳташаме буданд, ки қудрати душманонро шикасту ночиз кард. Чуноне, араб бо ҳамлаи паҳновараш марзҳои давлатдории ориёиро шикаст, вале дар фарҳанги ориёӣ ғарқ шуд. Арабҳо аз сари зин фаромада, аз чодарҳо дар қасру иморатҳои муҳташам муқим шуданд, зиндагию рӯзгори бодияро ба шаҳристонҳо бадал карданд. Аз донишу хату савод баҳравар гардида, сохтори идораи давлатро омӯхтанд. Ақвоми турк ва турктаборонро низ чунин сарнавишт пешорӯ омад. Ҳарчанд давлатҳо бо унвони сулолаҳои туркию муғулию манғитист, низоми идорӣ – дафтару девон, фарҳанг ва тарзи зист тоҷикӣ буд.
Ҳамакнун авзои ҷаҳони муосир дигаргуна аст. Агар дар замонҳои қаблӣ хати сарҳад марзи империя ё давлату миллат буд, ин замон чунин нест. Дар кишварҳои рушди иқтисодиашон баланд ва дар дараҷаи тафаккурашон ба хирад ороста даврони деворҳои симхорпеч ва бархӯрдҳои мусаллаҳона сипарӣ шуд. Давлатҳо дар ҳалли мушкилоти паҳновар дастаҷамъона амал мекунанд. Бозиҳои сиёсии аз умқи ғояҳои манфиатгаро беруншуда ҷаҳонро ба ҳалқаи хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтанд. Аз сиёсати нодурусти ғояпарастони ибтидои асри XX сарзамини тоҷикнишин дар як ҳолат намонд ва халқҳои дорои фарҳанги муштарак имрӯз дар ҳайати як кишвари воҳид нестанд. Авзои ҳамсоякишвари Афғонистон ба осудагӣ моил нест ва мардумонаш солҳост ба хоку хун оғӯштаанд.
Ҳамакнун, на танҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, балки ҷомеи ҷаҳон рӯ ба рӯи як қатор мушкилот аст: нооромии авзои сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва касодии фарҳанги ҷаҳонӣ, сиёсати геополитикии кишварҳои абарқудрат барои манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, василаҳои мухталифи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳои навтаъсис, муқовимат бо неруҳои муташаккилу мусаллаҳи фаромиллӣ ва гурӯҳҳои муташаккили экстремистӣ (ифротӣ).
Ин тамоюл то кунун барҷост, зеро василаҳои таъсир ва интиқол такмил меёбад. Акнун неруҳои эҷодгари хатар василаҳои тозаи технологӣ — шабакаи интернет ва гунаҳои онро истифода мекунанд. Дар ин маврид тарбияи шаҳрвандони зираку огоҳ ва мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ роҳи ҳалли масъала дар амнияти мамлакат хоҳад буд. Ҳамакнун шикасти марзҳо (фарҳангӣ ва давлатӣ) бо василаҳои тоза, таҳоҷуми кул: сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зуҳур намуда, дар ахлоқ, маданият, худшиносӣ, ватанпарастӣ зиёни ҷиддӣ ба бор меоранд, ки аз таҳоҷуми ҳарбию афзорӣ хатарноктар аст.
Ин ҳама аз аломатҳои ҷаҳонишавист, ки таҳаввулоти иҷтимоиро ба миён оварда, ба пойгоҳҳои амнияти мамлакат зарбаҳои муҳлик мезанад. Бахусус, таҳримҳои иқтисодӣ ва вуруди маводу маҳсулоти кимиёвӣ ба фалаҷгардонии иқтисоди дохилӣ мусоидат менамоянд. Дар ин маврид нақши дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадӣ хеле муҳиманд. Ба василаи маводи ниёзи мардум ва бозичаҳои тифлона заҳролудшавии насл ба вуқӯъ мепайвандад, ки набояд аз эътибор дур бошад.
Асри XXI замони технология ё фанноварӣ аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ муҳимияти марзу марзбандӣ аз миён намеравад, балки рисолату масъулияти марзбонон ба маротиб меафзояд. Реҷаи омадурафт тариқи хушкӣ ва роҳҳои ҳавоӣ беш аз пеш суръат мегирад. Ҷаҳон ба як хонаи бузурги бидуни марз табдил мешавад. Ҳама аз рӯзгори ҳамдигар ба воситаҳои технологии нав бохабар хоҳад буд. Ва низ метавонанд ба ҳар василае ба рӯзгор ва тафаккури халқҳо таъсири рӯҳию равонӣ бирасонанд. Дар ҳамин раванд кишвари ҳамешабаҳоре мисли Тоҷикистон, диққати сайёҳон, тоҷирон ва коршиносонро ҷалб менамояд.
Ҳоло дар сарҳад ба донандагони забонҳои гуногуни хориҷӣ зарурат доранд. Дар баробари ин, ашхоси хушахлоқ, бетамаъ ва огоҳу зирак чун симои миллат ва давлат муаррифӣ мешаванд. Дар қиёс бо замони пешин, инак дар сарҳад гузаргоҳҳо васл шудаанд ва воситаҳои тафтиш ҳам афзудаанду воситаҳои рафтуомад ҳам. Дар замони нав марзҳои ҳавоӣ (фазоӣ) низ ҳифз мешаванд. Дар ин самт бузургтарин дастовардҳои башарият — мушоҳидаву назорат аз кайҳон роҳандозӣ гардид. Ҳаракати техника, гирду ҷамъ омадани лашкару неруҳои ҳарбӣ аз кайҳон таҳти назорат мебошанд.
Зарур аст насли ҷавон аз ҷасорат, шуҷоат, диловарӣ ва дасту панҷаи қавӣ бархӯрдор бошад. Замоне шиор ба тариқи зайл буд: «Он ҷо, ки размозмоӣ бояд, сухансароиро нашояд». Кунун ҳар ду ҳам коромад аст. Андешаи ҳазор сол қабли Фаррухӣ хуб қавӣ бувад:
Бинои мулк ба теғу қалам кунанд қавӣ,
Бад-ин ду чиз бувад мулкро шукӯҳу хатар.
Ҳама шаҳону бузургону хусравони ҷаҳон,
Бад-ин ду чиз ҷаҳонро гирифта сар то сар.
Аз қалам ба кор гирифтан маънои донишвар будан аст. Овони дигаргуниҳои азим донишу андешаи саҳеҳро мепарварад. Ин замон дипломатҳо (сафирону фиристодаҳо), гумрукчиён, марзбононро сухани қавӣ ва мусаллаҳ будан бо технологияи навин фарз аст. Омӯхтани аркон ва аҳамияти марзу марзбонӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад, ки зарурати амнияти миллӣ ва давлатӣ ҳаминро тақозо дорад. Насли солим ва хирадсолори кишварро мебояд дар амну осоиш ҳамдасту ҳампаймони артишдорон бошанд. Аз қадим маъмул аст: «Машварат бо ҳушёрон чароғи фикр барафрӯзад ва мубоҳиса бо донишмандон чашми хирад равшан кунад».
Ҷонибек АСРОРИЁН,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ