Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат

№130 (4236), 131 (4237), 132 (4238), 133 (4239)) 20.10.2020

МУҚАДДИМА

Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. То вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, он бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Неруест, ки қудрат ва таво­ноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечутоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурдубохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад.

Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад. Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта-рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад.

Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи фарогири луғавӣ, сохти пурқувват ва озмудашудаи грамматикӣ, фонетика ва хосияти ниҳоят ҷаззоби орфоэпӣ аз байн рафтанд. Аломатҳои номбаршуда дар роҳи ҳамвор, ҳолати абстракт, рукуди сарбастаи мантиқи семантикӣ, зарфияти маҳдуди ифодаи муҳтаво ва зуҳуроти ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур пайдо намешаванд.

Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне, пуштибонии сиёсӣ, имкони такомул надоранд.

Неру ва тавонмандие, ки забон дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст. Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд.

Ҳамзамон бо ин, қобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав — дунёи идеалӣ низ зуҳур меёбад. Он марбут ба мақсадгузорӣ, аз ҷумла, таъсиси давлати миллӣ, ба вуҷуд овардани дунёи маънавӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърих забон ба сахттарин муқобилат ва гоҳҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, ки мардум, махсусан, зиёиёни фидокор, зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд.

Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад.

Забони комил қудрати фаъоли таъсиррасонӣ, дигаргунсозӣ ва ба тарзи диалектикӣ эҳё намудан, таҳаввулот ва пешрафти миллатро дорад. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ барои соҳибзабонон ҳамин гуна хизматро ба ҷо овардааст ва бо ин аломатҳо аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши рӯзгори миллат гаштааст.

Забоншиносии тоҷик, ҳамчун соҳаи илм, марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибқи он, дар ҳар давра масъалаҳои ташаккул ва инкишофи лингвистика, лексикология, грамматика, забону услуби асарҳои бадеӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи забонӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Муборизаи устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи воқеияти таърихӣ доштани миллати тоҷик аввалин набарди муваффақонаи забоншиносии тоҷик дар давраи нави таърихӣ буд. Дар ин мубориза се омил нақши давлатсозиро иҷро кардааст: якум, таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик бо забон ва фарҳанги оламшумули он, дуюм, шахсияте бо донишҳои энсиклопедӣ дар масъалаҳои таърих, забон, адабиёт, этнография, антропологияи миллати тоҷик ва мардумони минтақа, сеюм, сифатҳои ватанхоҳонаи худи Садриддин Айнӣ — ҷасорат, мардонагӣ, рӯинтанӣ, сарсупурдагӣ ва шинохти хеш ҳамчун вориси ҳақиқии миллати тоҷик. Ин омилҳо дар якҷоягӣ сабабгори нотавонӣ, ақибнишинӣ ва оқибат мағлубияти душманони асолати миллати тоҷик ва забону фарҳанги он гардиданд.

Замони Истиқлолияти давлатӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитро барои рушду нумӯи забон ва забоншиносии тоҷик фароҳам овард. Он, барҳақ, ба ҷонфидоӣ, суботкорӣ, ташаббус, кӯшишу ғайрати дар таърихи миллати тоҷик бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.

Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ — таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти баробар ба онҳо мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ афзалият бахшидан ба онро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эълон кард. Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист.

Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад.

Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд.

Инҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки предмети таҳқиқоти моро дар доираи рисолаи мазкур дар бар мегиранд.

МЕТОДИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲҚИҚИ МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар маҷмӯъ, забоншиносӣ ҳамчун илм дар натиҷаи омӯхтани таърихи халқу миллатҳо арзи вуҷуд кардааст.

Ҳамчуноне ки барои донистани табиати инсон этнография, география, археология ва физиология аҳамияти басо муҳим доранд, барои дарки онтологии забоншиносӣ донистани таърихи забон ҳамин гуна нақшро мебозад. Ба ибораи дигар, «бе муносибати таърихӣ нисбат ба далели забон илм дар бораи забон вуҷуд дошта наметавонад» (А. С. Чикобава).

Ҳангоми таҳқиқи зуҳуроти марбут ба забон методҳои гуногуни таърихӣ истифода мешаванд. Методи таърихӣ-мантиқӣ яке аз онҳо ба шумор меравад. Арзишмандии объективӣ ва онтологии усули зикргардида иборат аз он аст, ки пайдоиш, инкишоф ва камолоти объекти омӯзиш аз оғоз, зина ба зина мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи методи таърихӣ мундариҷаи омӯзиш ҷаҳони мушаххаси зуҳуротро ошкор месозад. Услуби мантиқи онро бо асоснок кардани алоқамандиҳои дохилӣ пурра мегардонад, тафсир менамояд (Ниг. Лысманкин Е.Н. Историческое и логическое в учении об общественно-экономических формациях//Проблемы социального познания. ­- М.: 1984).

Дар таҳқиқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин талабот ҳамчун асоси воқеӣ барои далелнок кардани назарияи пайдоиш ва рушду нумӯи предмети омӯзиш — забони тоҷикӣ истифода мегардад: «Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойнамак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - с. 139-140).

Мақсади асосии илм муайян кардани воқеият мебошад. Ба хотири дарки объекти омӯзиш, яъне мураккабтарин падидаи олами ҳастӣ — забон истифодаи усули таърихиву фарҳангӣ тавъам бо методи мантиқӣ имкони озоди таҳқиқи фарзияҳои пайдоиш ва инкишофи лафзи модариро фароҳам меоварад. Зинаҳои рушду камолот ва нерумандии забонро бо дарназардошти замону макон ва ҳадафи таҳқиқро барои дарки беҳтари хонанда равшан месозад: «Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд» (Ҳамон ҷо. ­- с. 193).

Ин масъала аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров ба чунин тарз таъкид мегардад: «Хуллас, дар асрҳои IХ-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён тақрибан пурра ба ҳайати он дохил мешуданд» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. - Душанбе: Дониш, 2008. ­- с. 375).

Илова ба ин, аллома Бобоҷон Ғафуров таърихи пайдошавии вожаи «тоҷик» ва хосияти фарқкунандаи рӯҳиву равонии ин миллатро ҳамчун аломати фарқкунандаи қавмию нажодии он бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ чунин таъкид месозад: «Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ, соли 1043-44 яке аз муқаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик ҳастем…» То ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонақон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик бо ҷасорат ҷангиданд. Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт» (Ҳамон ҷо. - с. 375).

Муаллифи китоби «Тоҷикон», ки барҳақ, аз ҷониби Сарвари давлат ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст, дар баробари зикри далелҳои таърихӣ доир ба ҷараёни шаклгирии истилоҳи номи халқ, сифат ва маънавиёти фарқкунандаи ин падидаи этникиро низ ёдовар мешавад.

Кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз таъкиди бевоситаи дарки аҳамияти забони модарӣ оғоз мегарданд. Сарвари тоҷикон ба ин масъала аз нигоҳи фарҳангӣ муносибат карда, назарияи худро нисбат ба масъалаҳои забоншиносии тоҷик бо истифода аз методи муқоисавию таърихӣ асоснок мекунад.

Ҳангоми омӯзиши назарияи Роҳбари давлат дар хусуси ҷанбаҳои таърихи тамаддуни миллати хеш суханони забоншиноси маъруфи немис Я. Гримм ба хотир мерасанд. Ӯ гуфтааст: «Забони мо таърихи мо мебошад». Ва дар асарҳои худ «Грамматикаи немисӣ», «Таърихи забони немисӣ», ки ба масъалаҳои омӯзиши забоншиносии таърихӣ бахшида шудаанд, махсус таъкид мекунад: — «Барои аз лиҳози таърихиву маданӣ бозсозӣ кардани халқҳо дар муқоиса бо устухонҳо, силоҳ ва қабрҳо, шаҳодати зиндае вуҷуд дорад – он забони ӯст» (JGrimm. Geschichte der deutschen Sprache. 1880. – Р. 4.).

Ҳамин тариқ, дар илм мафҳуми забоншиносии палеонтологӣ пайдо шудааст, ки тавассути расидан ба умқи калима ва этимологияи он фарзияҳои гуногуни таърихӣ мавриди санҷиш, муқоиса ва хулосабарорӣ қарор мегиранд, ки онро метавон археологияи лингвистӣ низ номид.

Пешвои миллат дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ принсипи таърихиятро тавъам бо методи системавӣ ва сохториву функсионалӣ муваффақона истифода бурдааст. Маҷмӯи чунин муносибат ба арзёбии муҳимтарин қисмати сарнавиштсози халқ имкон додааст, ки «имрӯза дар гузашта» бо далелҳои эътимодбахши дар муддати садсолаҳо тасдиқгардида исбот карда шавад: - «Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - с. 190 — 191).

Ҳам дар таҳқиқоти Роҳбари давлат ва ҳам дар омӯзиш ва хулосабарориҳои илмии академик Б. Ғафуров масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар алоқамандӣ бо воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ — таҷрибаи таърихии миллати тоҷик дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо баррасӣ гардидаанд. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ «Сохтани алоқаҳо ва пур кардани онон бо далелҳо мумкин нест. Баръакс, алоқаҳоро аз маҷмӯи далелҳо бояд пайдо намуд». Омӯзиши саҳифаҳои таърихи Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои фаротар аз он дар алоқамандӣ бо таърихи миллати тоҷик ва забони модарии мо аз ҳамин принсип сарчашма гирифтаанд.

СИЁСАТ ВА ЗАБОН

Тавре хотирнишон гардид, забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст ва ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа баробар хизмат мекунад. Дар айни замон, забон муҳимтарин воситаи амалӣ кардани мақсадҳои сиёсӣ низ мебошад. Ташаббускор ва барандаи сиёсати забонӣ — табақаи ҳукмрони ҷомеа аст, ки захира ва имконоти иқтисодиро дар ихтиёр дорад. Ин ҳолатро, тавре эътироф гардидааст, базис ё пойдевори давлат меноманд. Чунин сохтор ҷаҳонбинии ба худ мувофиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, адабӣ ва фалсафиро ба вуҷуд меоварад. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ идеологияи синфи ҳукмрон – идеологияи ҳукмрон хоҳад буд.

Асос гузоштан ва ташаккул додани тарзи ҷаҳонбинии ба сохти давлатдорӣ мувофиқ аз наздиктарин ва муҳимтарин вазифаҳои раҳбарияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Табақаи ҳукмрон, сарфи назар аз майлу хоҳиши мардумони қаламрави зердаст, бо кулли имконот забон, фарҳанг, маданият ва урфу одати хешро ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ҷорӣ менамояд. Дар таърих ва замони муосир далелҳои зиёд ҳастанд, ки синфи ҳукмрон, новобаста аз мансубияти миллиашон, ба хотири нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, нисбат ба забони модарӣ, ба забони бегонагон афзалияти бештар додаанд ва ин амали худро ба сари миллат маҷбуран бор кардаанд. Чунин тарзи ҳукмронӣ ба сохти теократии давлатдорӣ хос аст. Барои фаҳмидани ҳуҷҷатҳои расмии чунин кишварҳо хонанда бояд ба луғоти забони миллате муроҷиат кунад, ки решаи эътиқодот ба он мансуб аст.

Зуҳуроти ҷамъиятӣ, ҳам хосиятҳои умумӣ ва ҳам махсус доранд. Хосияти алоҳидаи зуҳурот онҳоро аз дигар шаклу падидаҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунонад. Падидаҳое, ки бо аломатҳои сохторӣ ва функсионалии худ аз дигар зуҳуроти материалӣ ҷиддан фосилагирӣ мекунанд, муҳимтарин, асоситарин ва умдатарин хосияти фарқунандаи ҷисм мебошанд. Маҳз ҳамин аломати онро моҳият (ҷавҳар, асос) номидан мумкин аст. Ҳар замоне ки моҳияти ҷисм аз лиҳози сохторӣ ва муайянкунандагӣ тағйир ёфт, зуҳуроти он низ шикаст мехӯрад. Талабот нисбат ба забон ҳам чунин қонунмандиро истисно намекунад. Дар ин маврид, Пешвои миллат, барҳақ, ҳушдор медиҳад: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон, фанои миллат аст» (Ҳамон ҷо. — с. 165).

Истилогарон, тавре ишора гардид, мекӯшанд ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти худро, маҳз тавассути забони худ, ки таҷассумгари асосии сиёсат ва идеологияи онҳо мебошад, ба дигарон таҳмил кунанд. Муносибати ғосибон ба забони миллатҳои зердаст аз ҳамин муҳтаво сарчашма мегирад. Аммо чунин андешаи бегонагон, мумкин аст на ҳама вақт амалӣ гардад. Он ба қудрати забон-лексика, семантика, семасиология, грамматика, фарҳанг ва иродаи соҳибзабонон — мардуми бумӣ вобастагӣ дорад.

Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров, истилои аҷнабиён дар асри VII ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷикро то як андоза ба таъхир андохт. Аммо то он замон забони дарии тоҷикӣ аз лиҳози таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ дар тамоми соҳаҳо тасаллут пайдо карда буд. Дар минтақа бузургтар аз он неруи таҷассумгари «шакли материалии фикр» ва «воситаи муоширати байни одамон» вуҷуд надошт. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои илмӣ ва бадеиву таърихӣ нишонгари фарҳанги воло ва василаи тавонои инъикоси зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккури давраи тоисломии халқи тоҷик мебошанд. Омили аслии ба вуҷуд наомадани ассимилятсияи забони тоҷикӣ ва эмин мондани тоҷикон ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ забон ва абармардони миллат буданд.

Забони тоҷикӣ бо зарфияти бузурги маънавии хеш хосияти фарогирии оммаи васеъро дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон дар худ нигоҳ медошт. «Ба хотири он ки забон маҳсули тафаккур аст, тавассути он имкон надорад чизеро ифода кард, ки хосияти умумӣ надошта бошад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 1. Наука логики. - М.: Мысль, 1974. - с. 114). Муҳтаво ва қобилияти фарогир будан муҳимтарин сифати забонҳост. Хушбахтона, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи чунин забонҳо дохил мешавад.

Б. Ғафуров, аз ҷумла, дар бораи мавқеи забони форсии дарӣ менависад: «Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шудааст, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар он ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Чаҳшиёрӣ, то худи соли 742 дар Хуросон хати форсиро кор мефармуданд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. – с. 370).

Дар идомаи фикри худ академик Б. Ғафуров таъкид месозад, ки забони форсӣ то омадани арабҳо дар Балх ҳам паҳн гардида буд. Шеърҳои ниҳоят машҳури мардумӣ, ҳаҷвияҳо дар бораи шикасти арабҳо, ки махсусан дар сарзаминҳои қисмати ҷанубии Мовароуннаҳр рӯй медод, аз ҳамин хусус гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ин шароит фарҳанг, забон, тарзи тафаккур, урфу одат ва рӯҳи ба он созгори тоҷикият, ки дар байни халқи тоҷик торафт решадор мегардид, ҳамчун идеяи сарҷамъкунанда ва ваҳдату ягонагӣ ба неруи воқеӣ мубаддал гардида, мардумро дар муқобили фарҳангу забони бодиянишинон қувват мебахшид.

Тибқи назарияҳои боэътимоди забоншиносии таърихӣ (В. С. Расторгуева, И. Абаев, А. Серебренников) яке аз воситаҳое, ки ба муқобили ассимилятсияи забонҳо ва ворид шудани калимаҳои бегона ба ин ё он забон истодагарӣ мекунад, сохти грамматикии забон мебошад. Ҳамзамон бо ин, таркиби бойи луғавӣ, ки барои грамматика ҳамчун маводи тайёри ташаккули категорияҳои морфологӣ ва синтаксисӣ хизмат менамояд, иқтидори рақобатпазирии забонро таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ чунин сифатро ҳанӯз аз давраҳои бостон доштааст.

Дар ҷараёни истилои арабҳо, ки мақсад аз он тавассути ақидаҳои динӣ забт кардани қаламрави сарзаминҳои бегона буд, аҷнабиён на танҳо ба муқовимати шадиди мардумони Мовароуннаҳр дучор шуданд, балки баъди расидан ба мақсад ҳам наметавонистанд танҳо тавассути забону фарҳанги хеш нақшаҳои стратегии худро ба пуррагӣ роҳандозӣ намоянд. Онҳо маҷбур мешуданд аз забони дарӣ ҳамчун воситаи сиёсӣ истифода баранд. «Мувофиқи ривояти ҳадисҳо, забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳимми тарғиби дини ислом буд. Ба қавли Наршахӣ (асри Х) дар як масҷиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекардаанд» (Ҳамон ҷо. – с. 371). Чунин вазъият аз шуҷоат, мардонагӣ ва рӯҳи шикастнопазири аҷдоди миллати тоҷик ва қудрати забони модарии мо шаҳодат медиҳад. Дар идомаи сухан аллома Бобоҷон Ғафуров бо ифтихор менависад: «Ҳодисае маълум аст, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарғиби дин дар Самарқанд фақат ба ҳамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубӣ намедонистааст» (Ҳамон ҷо. — с. 371).

Дар афкори муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон нақши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази ҷони худ забон, фарҳанг, таърих, маданият ва анъанаҳои миллиро ҳифз кардаанд, мақоми хосса дорад.

Омӯзиши китобу мақолаҳои илмии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зуҳуроти камназири таърихӣ – зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудаанд. Роҳбари давлат дар ин маврид ба ҳамаи саволҳо бо далелҳои эътимодбахш посух медиҳад. Хулосаи асосгузорони материализми илмӣ иборат аз он аст, ки «Идеяҳо, дар умум, ҳеҷ коре карда наметавонанд. Барои роҳандозӣ кардани идеяҳо одамон лозиманд, ки қувваи амалиро истифода баранд». Ҳангоми таҳқиқ Пешвои миллат хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро якояк номбар ва ҳамчун намунаи садоқат ба мардуми хеш муаррифӣ мекунад: «Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. — с. 137).

Дар илми забоншиносӣ мафҳуми «буриши якдигарии забонҳо» маъруф аст. Он, махсусан, дар шароити нобаробарии сиёсӣ ҳамчун натиҷаи адами мувозинати иҷтимоии халқу миллатҳо ба вуҷуд меояд.

Тавре хотирнишон гардид, забони ҳоким бо истифода аз захираҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва кулли имконот мекӯшад дигар забон ё гурӯҳи забонҳоро дар худ «ҳазм кунад» ва ба ҳамин тариқ ғолибияти худро дар қаламрави мавриди таваҷҷуҳ таъмин созад. Ҷараёни ассимилятсияи забон ё гурӯҳи забонҳо маҳз дар чунин шароит ба вуҷуд меояд.

Дар ин ҳолат, забони мардуми бумӣ ҳамчун муҳимтарин воситаи истодагарӣ кардан ва мубориза бурдан нақши худро на ба тарзи одӣ, абстракт, худ ба худ, балки тавассути бузургони миллат ба намоиш мегузорад. Эҷод кардан ва ба аҳли башар пешниҳод намудани асарҳои илмӣ, илмиву таърихӣ ва бадеӣ воситаи аслии нишон додани қудрати маънавии халқ барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён — шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд: – «Лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро ба забони модарӣ анҷом медод». Ва хулосаи воқеии худро бо ифтихор эълон менамояд: «Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд» (Ҳамон ҷо. — с. 163).

Дар ин маврид таълимоти хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик дар бораи забон бо афкори олимони маъруфи дунё мувофиқ меояд. Чунончӣ, файласуфи машҳури немис Г. В. Ф. Гегел эълон медорад: «Забон бузургтарин неру дар ҷомеаи инсонҳост» (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. - М.: Мысль, 1973. - с. 192).

Хотираи аслии миллат хат, осори хаттӣ ва муҷассамаҳои таърихи бостон мебошанд. Маводу масканеро, ки истилогарон имкон доранд, нобуд мекунанд, то чунин ёдгорӣ боқӣ намонад.

Мақсад: наслҳои баъдина набояд гузаш­таи худро донанд, онро тозаву равшан тасаввур намоянд, «одами нав», «олами нав» созанд, ҷаҳон ва таърихи онро аз дидгоҳи ғосибон бубинанд, арзёбӣ кунанд, нисбат ба таърихи миллати худ ҳамчун ба «даврони ҷоҳилия» нафрат дошта бошанд, гузашта ва имрӯзи худро аз варақи сафед оғоз намоянд ва дар доираи ҷаҳонбинии фармоишӣ ҷонсупорӣ кунанд. Онҳо мекӯшиданд, ки маркази идоракунандаи маънавиёт ва арзишҳо на ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, яъне тоҷикият ва ватани аҷдодӣ, балки хосияти бегонагии фосилавӣ дошта бошад.

Фоҷиаи бузурги шикасти салтанати Сомониён, кӯшишҳои барқарор кардани ҳокимияти сулолаи Манғитиён тавассути ҳаракати зиддитоҷикии босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бо зуҳуроти ба ном «муҷоҳидин» — генотсиди миллӣ бо имконоти пулӣ, молӣ ва пуштибонии маънавии аҷнабиён, маҳз аз андешаи душманӣ нисбат ба асолати миллӣ сарчашма мегирад.

Бобоҷон Ғафуров дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Истилои Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо ва мусулмонкунонии аҳолии мамлакатҳои забтшуда (асрҳои VII-VIII ва давраҳои баъдина) пайваста бо нест кардани осори хаттии қадим ва алифбои мардуми гуногуни эронизабон – алифбои паҳлавӣ дар Эрон, суғдӣ ва хоразмӣ дар Мовароуннаҳр, бохтарӣ дар Бохтари таърихӣ (Тахористон) ва ба ивази онҳо зӯран ҷорӣ кардани забон ва алифбои арабӣ ба вуқӯъ меомад» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. - с. 374).

Ҳадафи аслии ин зӯргӯӣ батадриҷ аз байн бурдани забонҳои мардуми ин сарзаминҳо, анъана ва урфу одатҳои онон ва ба ҳамин тариқ ба асрҳои аср тамдид кардани султаи сиёсии аҷнабиён буд.

Маҳз дар чунин шароит зарурати омӯзиши таърихи забони модарӣ, махсусан, грамматика ва таркиби асосии луғавӣ, услуби баён, муқоисаи он бо захираи луғавии «забонҳои ҳоким», шакл, мундариҷа ва неруи тафаккурии соҳибзабонон, қобилияти рақобати забони мардумони бумӣ дар муҳити нобаробари сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба миён меояд. Чунин таҳлил дар шароити ниҳоят мушкили таърихӣ асоснокӣ ва зарурати омилҳои истодагарӣ карда тавонистани забони тоҷикиро дар муносибат бо дигар забонҳо, баръало нишон медиҳад.

Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад ва омилҳои асосиеро, ки забони модарии мо маҳз тавассути онон мақоми оламшумул пайдо кардааст, номбар мекунад: «Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покиву шириниаш, воқеан, оламгир шуд. Ва, албатта, ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳиби он – халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон - бахшидаанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 161).

Ҳангоми арзёбии масъала Пешвои миллат ҳифз кардани бузургтарин арзишҳои миллиро яке аз мушаххасоти бузурги забони тоҷикӣ медонад: «Забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи қадимӣ будани фарҳанги мост. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди тоҷикон борҳо бо нерумандтарин истилогарон рӯ ба рӯ шудаанд, вале бо бартарии фарҳанг, асолати оину суннатҳо ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, ҳувияти миллии худро нигоҳ доштаанд» (Ҳамон ҷо. – с.168).

Омӯхтани забон дар ҳама давру замон аз масъалаҳои рӯзмарраи забоншиносӣ мебошад. Муваффақ будани миллатро дар муҳимтарин соҳаҳои давлатдорӣ – назария ва амалияи сиёсӣ ва ҳуқуқшиносӣ, Гегел дар неруи тафаккури миллат, ки тавассути нутқ ифода мегардад, мешуморад. Сабаби «нишонрас будани муҳокимаронии франсавиҳо ба тарзи равшан ва мушаххас ифода кардани маъниҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳост. Забони онон тавассути қоидаҳои ниҳоят ҷиддӣ танзим карда шуда, тартиби муайян ва алоқамандии фикрҳоро таъмин менамоянд. Маҳз барои ҳамин франсавиҳо намунаи барҳақи пайравӣ дар шакли ифодаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 2. Философия духа. – М.: Мысль, 1977. - с. 71).

Тафаккур муҳимтарин воситаест, ки маҳз тавассути он ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият дар шакли идеалӣ ифода меёбанд. Чунин инъикос бо фонди луғавӣ ва сохтори грамматикӣ сурат мегирад. Аммо шакли материалии андеша фақат дар забон воқеият пайдо мекунад. Тавре дар назарияи Гегел мебинем, маҳз баробарвазнии ифодаҳо нисбат ба воқеият, ки илми мантиқ ҳам ба он вобаста аст, бо иловаи низоми ҷиддан обутобёфтаи морфологӣ ва синтаксисӣ забонро хосияти ҷаҳоншумулӣ мебахшад. Тибқи меъёри номбаркардаи файласуфи немис ҷабҳаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ муҳимтарин майдони озмоиши забон мебошанд. Сеюм, зарфияти мавзӯъ, мундариҷа ва истилоҳоти илмиро дар доираи фонди луғавии забон низ бо боварии том метавон ба он илова кард.

Андешаҳои Пешвои миллат хулосаҳои Гегелро дар бораи аломатҳои нерумандии забон тасдиқ мекунанд: «Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 137).

Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар муборизаҳои шадид бо забонҳои ғосиб ҳамеша ғолиб омадааст. Яке аз сабабҳои шикасти он забонҳо ҳолати ҳарбӣ ва маъмурӣ доштан ва бо забони мардумони бумӣ аз лиҳози сохти грамматикӣ ва захираи луғавӣ мусобиқа карда натавонистани онҳо буд.

Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсӣ, яъне моҳияти забон муҳимтарин нишондиҳандаи мавқеи миллат дар низоми сиёсии ҷомеа дониста мешавад. Ин масъала дар забоншиносии тоҷик ба сатҳи барои ҷомеаи имрӯз ниҳоят зарур омӯхта нашудааст. Сухан дар бораи аз лиҳози гениалогӣ, системавӣ ва сохториву функсионалӣ боз ҳам асоснок кардани хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар асоси «рӯҳи забон» меравад. Зеро маълум аст, ки бо вуҷуди тазйиқи шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар замони ҳукмронии бегонагон, тоҷикон имкон пайдо карданд, ки сохторҳои сиёсии пурқуввати худро асос гузоранд: – «Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд» (Ҳамон ҷо. — с. 121).

Дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии далелҳои таърихӣ дар муддати ҳазорсолаи гузашта Пешвои миллат ба зарфияти ҳуқуқии забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Муътақид аст, ки танҳо истиқлоли сиёсӣ омили аслии истиқлоли забонӣ мебошад. Бо таъкиди ин нукта ба тамоми даъвоҳои комилан ғайриилмӣ ва ниҳоят содалавҳона, ки дар замони ҳукмронии бегонагон забони тоҷикӣ танҳо забони дарбор ва аҳли ҳунар, фарҳанг ва адаб буд ва ин ҳолат дар сурати адами истиқлоли давлатӣ метавонист то ба имрӯз идома ёбад, посух медиҳад.

Дар ин маврид, ёддоштҳои фарзанди нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ – Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, ҷолиби таваҷҷуҳи махсус аст. Ӯ аз нақли падараш менависад: «Тобистони соли 1927 С. Айнӣ ба Бухоро омад ва падарам бо дӯстони дигар хостанд аз ӯ хабар бигиранд. Онҳо дар китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрданд. Айнӣ ҳамаро бо дастфишорӣ пурсупос кард ва баъд ба падарам муроҷиат карда пурсидааст, ки хешу таборонаш киҳо ҳастанд, худаш дар куҷо таҳсил мекунад. Миллаташ чӣ аст. Падарам дар бораи худаш ва дар бораи хешу табораш нақл мекунад…» ва аз тоҷик буданаш мункир мешавад. «…Устод механдад ва мегӯяд: кӣ кӣ, аммо Шумо шахси ҷавон, ҳам аз пушти падарӣ ва ҳам аз пушти модарӣ тоҷик ҳастед ва бобокалони Шумо аз Ховалинг аст» (Джонон Икрами. Джалол Икрами неизвестные страницы. – Душанбе: Шарқи озод, 2010. — с. 32.)

Ҳамин тариқ, ба асли масъала бозгашта, таъкид бояд кард, ки бидуни падидаи забони аз ҷиҳати захираи луғавӣ дар олам эътирофгардида, сохти грамматикии мукаммал, ки тавассути ин ду фазилат ворисони миллат машҳуртарин асарҳои илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, бадеиву таърихӣ эҷод ва мардумони он сарзаминро дар олам муаррифӣ кардаанд, таъсис ёфтани давлати миллӣ номумкин аст.

Ҳамчунон, забон бе пуштибонии сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Пешвои миллат дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикис­тон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 125).

Пешвои миллат мафҳуми Истиқлолияти давлатиро бо истиқлоли забонӣ тавъам медонад. Дар забоншиносии умумӣ чунин ақида аҳамияти махсуси сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, идеологӣ ва маънавӣ дорад. Чунин муносибат, арзёбӣ ва хулосабарорӣ моҳияти масъаларо дар бораи сохти давлатдории миллӣ рӯзмарра гардонида, сиёсати ҳуқуқиро дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ қувват мебахшад: «Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад» (Ҳамон ҷо. – с. 115).

Яке аз муҳимтарин услуби забоншиносии таърихӣ омӯхтани таърихи миллат тавассути забон ва омӯхтани таърихи забон тавассути таърихи миллат мебошад. Дар таълимоти Пешвои миллат ин ду равиш муваффақона ва тавъам истифода шудаанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат…хидмати бузург ва таърихӣ кардааст» (Ҳамон ҷо. — С. 161). Инчунин таъкид месозад: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст» (Ҳамон ҷо. — с. 162).

ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик — «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид.

Азм ва иқдомоти гуногунҷабҳаи мушкил ба қутбнамо ва меҳроби ягонаи маънавию мафкуравӣ ниёз дошт. Мардумро мебоист ба орзуву мақсад, ба рӯшноие дар зулмот, ба соҳиле дар уқёнуси пурталотуми тақдир раҳнамун сохт ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ – забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд.

Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Аз худ кардан, дарк намудан, ба умқ ва арзишмандии чунин категорияҳо расидан, онҳоро дар низоми ягонаи ҷаҳонбинӣ ба мақсади таъмини амният ва рушду нумӯи Ватани азиз дидан ва амал кардан муҳимтарин ҷузъиёти таркибии ҷаҳонбинии ҳар шахс ба шумор меравад.

Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунад, ки ҳар фард аз калима ва ибораҳои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллӣ», «андешаи миллӣ», «асолати миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлоли миллӣ», «ватандориву ватанпарастӣ», «ифтихори ватандорӣ», «арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву маданӣ», «урфу одат ва анъанаҳои миллӣ», «тафаккури таърихии миллӣ», «дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ», «худогоҳӣ», «таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ», «бунёдкорӣ» ва монанди инҳо бояд баҳравар бошад. Онҳоро фаҳмад. Дарк намояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад.

Ибораву таркибҳо ва истилоҳоти номбаршуда ҷузъи сохторӣ ва ҷудоинопазири ҷаҳонбинии миллӣ мебошанд, ки Пешвои миллат забони модариро асоси он медонад. Онро бо мисол ва далелҳои муътамади таърихӣ исбот ва таъкид мекунад.

Дар таълимоти Роҳбари давлат чунин мафҳумҳо низоми ягона ва муҳтавои барномаи амалии тарбияи мактаббачагон, насли наврас, ҷавонон ва оммаи мардумро ташкил мекунанд. Вазифаи рӯзмарраи Ҳукумат бо истифода аз имконоти давлатӣ — маориф, мактаб, васоити ахбори умум, масъулини корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва падару модарон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиву маънавӣ дар ҷаҳонбинии ҳамватанон ҷой кардани ин идеяҳои ватанхоҳона мебошад.

Тавассути низоми ягонаи давлатдорӣ – муассисаҳои фарҳанг, маориф, иттиҳодияҳои эҷодӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум, таҳлил ва натиҷагирӣ кардани вазъи воқеии муносибати табақаҳои гуногуни ҷомеа ба арзиш ва манфиатҳои миллӣ нишонгари он хоҳад буд, ки талаботи пешниҳодшуда то кадом андоза амалӣ шуда истодаанд ва хосияти функсионалӣ пайдо кардаанд.

Бо қотеияти том изҳор бояд кард, ки дар адабиёти сиёсӣ, таърихӣ ва бадеии имрӯза возеҳтар аз таълимот ва таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, нуқтаи назари санҷидашуда ва бо далелҳои илмӣ собитгардида, ки асолати миллӣ ва худшиносии миллиро дар иртибот бо илми забоншиносӣ нишон дода бошад, мавҷуд нест. Маҳз ба ҳамин хотир, вазифаи ҳамарӯзаи мост, ки онро омӯзем, аз худ намоем, ба омма фаҳмонем, ба ибораи дигар, «аз забон ба ҳадафи воқеӣ гузарем» (Аристотел).

Дар таълимоти Роҳбари давлат нуктаи ниҳоят ҷолиб – «суварнигории ҳадисест, ки агар ҷон дар он набошад, нангорад» (Хоқонии Шервонӣ). Сарвари роҳнамо муҳтавои афкори меҳанпарастӣ ва самтҳои ташаккули маънавиёти миллиро дар тафсири муҳимтарин калимаву истилоҳот ифода намудааст: «Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - с. 136).

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модариро аз далелҳои муътамад ва дастоварди тамаддунии мардуми тоҷик эълом медорад: «Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ – забони модариамон – забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем» (Ҳамон ҷо. – с. 121). Ва ҳамзамон бо ин, умумияти забонии миллати тоҷикро аз омилҳои аслии таъминкунандаи амнияти давлатдории миллӣ меҳисобад: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад» (Ҳамон ҷо – с. 114).

Мантиқи қавии Пешвои миллат, ки забонро ҳамчун ҷавҳари ҳастӣ ва нишонаи қадимӣ будани фарҳанги мардуми тоҷик ном мебарад, зарурати ҳифз кардани ин асолати таърихӣ ва дар маҷмӯъ, андешаи миллиро дар мадди назар дорад.

Дар таърифи классикӣ нишонаҳои асосии миллат умумияти устувори одамон, ки дар асоси ягонагии забон, қаламрав, ҳаёти иҷтимоӣ ва урфу одатҳо ба вуҷуд меояд, номбар гардидаанд. Дар таълимоти Роҳбари давлат ин назария бо далелҳои раднопазир аз таърихи миллати тоҷик ва забони ӯ баръало нишон дода шудааст.

Сарвари кишвар бо истифода аз неруи тавонои забони модарӣ расидан ба умқи хештаншиносӣ ва худшиносиро ба хотири сохтани давлати миллӣ дар асоси арзишҳои волои тамаддуни башарӣ аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардои мамлакат меҳисобад.

Дар таълимоти Пешвои миллат эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ – эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст.

Инсон бояд мансубияти худро ба миллат на танҳо бо донистани забони модарӣ, балки дар амал — тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ, кӯшиши таъмини амният ва рушди миллӣ, бо роҳи омӯхтану донистани асосҳои таърихи чандҳазорсолаи миллат ва ифтихор аз он исбот созад.

Ҳангоми варақгардон кардани таърихи миллатҳои Ғарб ба назар мерасад, ки бузургтарин намояндагони «дунёи куҳан» ҳам нисбат ба забони модарӣ ва фарҳанги миллии худ эҳтироми бузург гузоштаанд. Бо таҳқиқ, хулосабарорӣ ва эҳсоси масъулият, ҳамчун зиёӣ мардумро ба хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ даъват кардаанд. Ҳисси бегонапарастӣ, саҷда кардан ба фарҳанг ва маънавиёти аҷнабиёнро маҳкум намудаанд. Аз ҷумла, яке аз бузургтарин файласуфони Аврупо, ки қудрати андешаи ӯ дар олам инқилоби фарҳанги сиёсиро бедор кардааст, Г. В. Ф. Гегел ба ҳамватанони худ бо эҳсоси дилсӯзонаи ватандӯстӣ муроҷиат карда, фармудааст: «Яке аз олитарин омилҳои маърифат — сухан гуфтан ба забони худ мебошад. Халқ мансуб ба худаш аст. Нест бод ҳама чизи бегона то ҳадди алифбои лотинӣ!» (Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1973. - с. 547).

ЗИЁИЁН ВА МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тӯли таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад.

Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» (Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. – 364 с.) ва дигар асарҳои таърихии Роҳбари давлат бузургтарин шахсиятҳои миллӣ бо таҳлил ва арзёбии хизматҳои онон барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон қадршиносӣ карда шудаанд.

Услуби нигориш ва хулосабарориҳои Пешвои миллат дар бораи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ омӯзанда ва намунавӣ буда, аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ҳидояткунанда доранд.

Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст.

Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад.

Пешвои миллат омилҳои аслии нигоҳ доштан ва неруманд гардонидани забони тоҷикиро дар принсип ва аломатҳои субъективӣ дар фазои объективӣ, аксиденталӣ ва пешгӯинашаванда ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ ва ниёзҳои ҷамъиятӣ мебинад ва онро чунин тафсир менамояд: «Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих, бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон, мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 167).

Таърихи забон – таърихи тафаккури инсон аст. Мавзӯи мантиқи диалектикиро илм дар бораи шаклҳои рушди тафаккури одам аз сода ба мураккаб, ки ҳаракати абадиву беохири дарки воқеият мебошад, ташкил мекунад. Бешубҳа, чунин ҷараён аз шароити фаъолияти иҷтимоӣ, дараҷа ва имконоти фикрронии падидаи соҳибшуур вобастагӣ дорад. Таҳаввулоти диалектикӣ бошад, сарчашмаи аслии рушди забон аст. Пешвои миллат чунин тағйироти ногузирро маҳз тавассути ба эътибор гирифтани хусусияти диалектикии забони модарӣ таъкид мекунад: «Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай, мисли як ҷисми зинда, бояд ба маҷрои зиндагӣ — таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имконоти ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне, калимаву истилоҳотеро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунҷонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад» (Ҳамон ҷо. – с. 157-158).

Пешвои миллат ҷонибдори асили неруманд гардонидани забони модарӣ тавассути ба он ворид кардани истилоҳ, мафҳум, маъно ва мантиқи илмӣ мебошад. Онро на танҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъулияти муҳими сиёсати давлатӣ мешуморад, зеро муътақид аст, ки «Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад» (Ҳамон ҷо. - с. 117).

Ба хотири инкишофи забони модарӣ, Роҳбари давлат дар назди олимон вазифаҳои мушаххас мегузорад ва онро бо мантиқи қавӣ асоснок мекунад: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама, китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад» (Ҳамон ҷо. - с. 191-192).

Мутаассифона, фоҷиаи бузурге, ки дар замони истиқлолият ба сари миллат омад, ба тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла, ба илм ва маориф, ба мундариҷа ва сифати тарбияву таълим таъсири ниҳоят манфӣ расонид. Таҳти шиорҳои «милликунонӣ»-и васоити таълимӣ ба муҳимтарин соҳаи маърифат – таълифи китобҳои дарсӣ, баъзе шахсоне роҳ ёфтанд, ки муътақиди устувори таъсиси шуури миллӣ ҳамчун пойдевори давлати миллӣ дар ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон набуданд. Камбудиҳо аз мадди назари сохторҳои илму маориф, донишкадаҳои олӣ – кафедраҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо, ки беҳтарин устодон, олимони ин муассисаҳо ба мисли Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Холиқ Мирзозода, Мӯсо Диноршоев, Аълохон Афсаҳзод ва дигар муаллифони барҷаста ва хотирмони китоб­ҳои дарсӣ буданд, дур монданд. Ба қавли яке аз олимони машҳур ва сиёсатмадорони барҷастаи олам, «Калимае, ки дар шакли нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома – С.Я.) омадааст, меомӯзад, ки чӣ тавр зиндагӣ бояд кард ва чӣ тавр дунёро падруд гуфт».

Масъала таъҷилан бозбинӣ ва ислоҳро тақозо дорад.

Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел (384-322 то мелод) бо эътиқодмандии маҳз таъкид карда буд: «Бисёр баид ба назар мерасад, касе шубҳа кунад, ки қонунгузор нисбат ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ба хотири он ки дар ҷое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; мансуб ба ҳар як сохти давлатдорӣ характер, ба тарзи одӣ, барои нигоҳ доштан, ҳифз кардани ҳамон сохт хизмат мекунад. Сифати шахсияти беҳтарин ба беҳтарин сохти давлатдорӣ мутобиқат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – с. 535-536).

Аристотел тарбияи фарзандро на кори шахсӣ, балки ҷамъиятӣ мешуморад ва таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад: не, ҳамаи шаҳрвандон мансуб ба давлат мебошанд, ба хотири он ки ҳар шаҳрванд ҷузъе аз давлат аст ва ғамхорӣ дар бораи ҳар як ҷузъ, табиатан, маънии ғамхорӣ, нигоҳубини томро дорад. Дар ин маврид амали лакедемониҳо (давлати қадим дар Юнон, ки бо номи Спарта ҳам машҳур буд – С. Я.) шоистаи таҳсин аст: онҳо нисбат ба кӯдакон бисёр ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва ин амали онҳо хосияти ҷамъиятӣ касб кардааст» (Ҳамон ҷо. - с. 536).

Беҳуда нест, ки кишварҳои хориҷӣ тавассути намояндагони дипломатиашон ҳамасола тамоми васоити таълимӣ ва тарбиявии боғчаҳои бачагона, китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олиро, сарфи назар аз шакли моликияташон дар доираи барномаи махсуси «Таърихи ташаккули афкори наврасон ва ҷавонон» («The history of youngster’s and young people’s mindset formation») дастрас мекунанд. Онҳоро ба марказҳои таҳлили стратегии худ интиқол медиҳанд. Дар асоси муҳтавои китобҳои дарсӣ хулосабарорӣ менамоянд, ки ин давлатро дар даҳсолаи наздик чӣ интизор аст. Ва аз ҳозир нисбат ба ин давлат чӣ гуна муносибатро тарҳрезӣ бояд кард.

Мундариҷаи барномаҳои таълимӣ (ҳуҷҷати расмӣ дар бораи мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда) ва китобҳои дарсӣ (воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд – муқаррарот дар асоси моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», №1004 аз 22 июли соли 2013) дар боғчаи бачагон, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳои олӣ, аспирантура ва докторантура, ки сарфи назар аз шакли моликият, принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва маориф муайян менамоянд, бояд пурра ба меъёрҳои конститутсионӣ мувофиқат кунанд.

Маҳз Конститутсия кафили озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва сохти давлатдорӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақим амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Коститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд» (Моддаи 10. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти «Ганҷ», 2016. – с. 7).

Ба сифати тафсир илова бояд кард, ки чунин талабот ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ ва воситаҳои илмӣ – мутаносибан барномаҳо ва китобҳои дарсӣ низ мустақиман дахл дорад.

Воқеан, дар омади сухан, хотирнишон бояд кард, ки Аристотел оид ба коркард ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо сохти давлатдорӣ масъулияти ниҳоят бузурги давлатмардонро таъкид месозад: «Нисбат ба қонунҳо… усулан мувофиқат кардани онон ба сохти давлатдорӣ таваҷҷуҳи эҳтиёткорона бояд кард. Қонунҳоро тарзе бояд қабул намуд…, ки барои истифодаи ҳамин сохти давлатдорӣ мутобиқ бошанд, на ба тарзе ки сохти давлатдорӣ ба қонунҳо мувофиқ карда шавад» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – с. 250). Воқеияти чунин таҷриба (мувофиқат кунонидани сохти давлатдорӣ ба қонунҳо) ва оқибатҳои фоҷиабори онро миллати тоҷик баъди дувуним ҳазор соли ин ҳушдор, маҳз бо ташаббус, пофишорӣ, террори маънавӣ ва ҷисмонии аз ҷониби саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозишуда дид.

Таҷрибаи давлатдории дунё нишонгари он аст, ки талаботи Аристотел дар бораи таносуби мантиқии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба сохти конститутсионӣ шарти ҳаётан муҳими суботи низоми сиёсии мамлакат аст.

Мактаб пойдевори аслии давлат ва амнияти миллӣ аст. Устувории бинои давлат аз мундариҷа, муҳтаво, сифати барнома ва васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродаи муаллим вобастагӣ дорад.

Сохтори низоми сиёсиву ҷамъиятии ҳамсоякишвар ва фоҷиаи миллати он бо оқибатҳои мавриди назар дар гузашта ва даҳсолаҳои наздик натиҷаи фаъолияти ҳадафмандонаи бозигарони геополитикӣ тавассути мактаб – барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, интихоби муаллимон, дар маҷмӯъ, натиҷаи воқеии он – мафкурасозии бунёдӣ аст. Ин амали душманона барои он кишвари мусибатзада, ки албатта, мардумаш дар як умри кӯтоҳи одамӣ мисли бозигарони геополитикӣ ҳаққи орому осуда зиндагӣ кардан дорад, мутаассифона, бо бадбахтии зиёда аз чилсола ва ояндаи фоҷиабори пешгӯинашаванда барои чандин насли дигар боқӣ хоҳад монд. Ин аст ҳикмати «зарурати гирифтани таҷрибаи рӯзгор баҳри дафъи ҳаводис».

Ояндаи ҳама гуна давлатдорӣ – сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, самтгирии маънавӣ, мафкуравӣ ва умуман тақдири миллат дар дохил ва ҷабҳаҳои геполитикӣ дар чаҳорчӯбаи низоми маориф ҳаллу фасл мегардад.

Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад.

Тибқи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти зиндагӣ, на ҳар соҳибмаълумот мансуб ба табақаи зиёӣ (дурахшанда, нурбахшанда) аст, вагарна шумораи ин гурӯҳи ҷамъиятиро аз ҳисоби, ақаллан, хатмкардагони мактабҳои олӣ, ҳамасола ба садҳо, ҳазорҳо расонидан ва ба омори умедбахши дастовардҳои миллӣ ворид ва эълон кардан мумкин аст. Диплом дар бораи хатми мактаби олӣ, унвонҳои илмиву махсус ва либоси аврупоӣ ҳанӯз нишонаи зиёӣ нест.

Зиёӣ будан сифат ва хосияти ботинии инсон мебошад, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал зуҳур меёбад. Ин шакли фаъолият аз аломати барҷастаи функсионалии шуур сарчашма мегирад ва бар он асос меёбад. Зиёӣ шахсест, ки қобилияти баланди дарк намудан, андешаи баробар ба воқеият доштан, тавоноии аз моҳияти масъала огоҳ шудан, соҳибмаърифат будан, зуҳуроти мушкилро бо таҳаммул ва таҳлили илмӣ арзёбӣ намудан, тибқи фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ ҷавонмардона рафтор карданро дорад. Масъулиятшинос ва ташаббускор аст. Аз худ дар ҷомеа қудрати таъсиррасонии ахлоқиву маънавии созгор нишон медиҳад.

Роҳбари давлат ба ин табақаи ояндасози ҷамъият баҳогузорӣ мекунад. Дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас мегузорад: «Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - с. 175-176).

Пешвои миллат ба мавзӯи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сифати намунаи ибрат пешниҳод кунад. Омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» тасдиқи ин гуфтаҳост.

Асосгузори давлати тоҷикон, ки бо дастони худ аз хокистар шуъла офарида, сарзамини кӯҳистони худро бо нури он мунаввар сохтааст, тавассути таҳқиқоташ худро бузургтарин донандаи таърихи миллат, омилҳои бурду бохт, садоқату хиёнат, рушду рукуди миллӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ маҳз дар асоси таҳлили таҷрибаи таърихи куҳан ва муосир менависад: «Боз як сабақи таърихиро аз худ кардани зиёиён, ба назарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи «Заруриёти диния» таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид…Таҷрибаи чунин шахсиятҳои бузург барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеа хеле муҳим аст» (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. - с. 306).

Яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ бетарафӣ ва гузашта аз он, хиёнат кардани қисмати муассири ба ном зиёиён ба манфиатҳои миллати тоҷик буд. Пайравони Садриддин Айнӣ, сарфи назар аз донишҳои назариявӣ, воқеияти ҳастӣ ва таҷрибаи зиндагӣ, ки сирф маънавиёт ва худшиносии миллиро дар назар дорад, аз камтаринҳо гардиданд. Мардум аз нури зиё бебаҳра монд. Раҳгум зад. Ба доми фитнаву фано афтод.

Ҳангоми шиносоӣ бо ишораҳои Пешвои миллат ба сифатҳои шахсияти бузурги адабиёти ҷаҳонӣ Садриддин Айнӣ – ҷавонмардӣ (ба таъбири худи устод «шогирди чилсолаи инқилоб»), росткорӣ, ростгӯӣ, ҳақиқатнигорӣ, ҷасурӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, сарфи назар аз қасд ва таҳдидҳои ҷонӣ нисбат ба ӯ, пеши назар муқоисаи чунин хислатҳо ба рафтори тоифаи зиёимаоби фурсатталаби солҳои 90-уми асри гузашта – таърихи нав ва баъзан таърихи навтарин ва муосир намудор мегардад.

Мутаассифона, дар давоми солҳои истиқлолият, ки аз фоҷиаи бузурги миллӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид, ташаббускорони он, террористони собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун морони Заҳҳок ба хӯрдан ва несту нобуд кардани ақлҳои миллати тоҷик пардохтанд. Нахустин туъмаи ин морон дар саросари кишвар зиёиён, олимон, шахсони босавод, пешбарандагони ғояҳои илму маърифат – муаллимон буданд. Мақсади аслии наҳзатиён – нобуд кардани равшангарони миллат буд. Онҳо бояд насли мувофиқ ба маънавиёти заҳҳокии худ месохтанд.

Аввалин ва бузургтарин хизмати таърихии Пешвои миллат – ҷони ҷавони худро ба гарав монда, ба ин қувваи аҳриманӣ зарбаи ҳалокатбор расонидан буд.

Аммо тарсу ваҳми он рӯзҳо то ба имрӯз дар дили қисмати муаррифишудаи аҳли зиё ва шогирдони онон монд.

Таҳлили муқаддимавии бисёре аз мавзӯъ ва асарҳои илмӣ, илмии педагогӣ, илмии таърихӣ, адабӣ, адабии таърихӣ ва фарҳангии дар замони истиқлолият эҷодшуда ва ҳамчуноне хотирнишон гардид, китобҳои дарсӣ низ нишон медиҳад, ки муҳтаво ва мундариҷаи онон ҳанӯз ба ғояҳои марказии бар асоси равшангароӣ, зидди хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатпарастӣ, мазаммати ақибмондагии ақидатӣ, ки бисёре аз адибони бузурги асримиёнагӣ – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), Абӯалӣ ибни Сино (980-1037), Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), Умари Хайём (1048-1131), Носири Хусрав (1004-1088), Убайди Зоконӣ (1301-1371), Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), Абдураҳмони Мушфиқӣ (1525-1588), Аҳмади Дониш (1827-1897), инчунин, дар замони шӯравӣ – Садриддин Айнӣ (1878-1954), Абулқосими Лоҳутӣ (1885-1957) ва дигарон таълиф намудаанд, на танҳо намерасанд, балки наздик ҳам намешаванд.

Мавзӯи меҳварии олам аз замони шакл гирифтани инсон – маҷмӯи ҳама гуна муносиботи ҷамъиятиро зиддият ва муборизаи ду қувваи асосӣ – некӣ ва бадӣ, торикӣ ва равшанӣ ташкил мекунад.

Кадом падидаҳо, шахсиятҳо, қаҳрамонҳо, образҳо, персонажҳо, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, қисматҳои таркибии онон, ҷаҳонбиниҳо, хабар ва маълумоти одӣ ифодаҳои номбаршударо таҷассум мекунанд, масъалаи дигар аст. Он ҷанбаҳои тахассусӣ, иҷтимоӣ, фардӣ, гурӯҳӣ ва табақавӣ дорад. Сухан дар бораи мавқеи фардии сиёсӣ, идеявӣ ва маънавии зиёӣ дар муносибат ба дарду ниёзҳои ҷомеа, масъалаҳои рӯзмарра, ояндаи наздик ва дури давлати миллӣ меравад. Зеро нақшҳои фардии асар гузоштан ба ҷаҳонбиниҳо, дар маҷмӯъ, афкори ҷамъиятиро ташкил мекунад.

Андешаи илмӣ, созанда, маорифпарварона, ватанхоҳона ва миллатдӯстонаи Садриддин Айнӣ, ки муҳимтарин омили истиқлоли давлатии тоҷикон гардид, падидаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуд. Он давоми силсилаи ҷаҳонбиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ниҳоят пешқадам ва устуворе шинохта мешавад, ки аз замонҳои қадим, насл ба насл, то дар харитаи олам падид омадани давлате бо номи Тоҷикистон идома ёфт. Сайри ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ далели ин гуфтаҳост.

Барои мисол, хулосаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври возеҳу равшан ақидаи диалектикии қонунмандиҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро, ки муҳимтарин усули донистани воқеият мебошад, таъкид месозад:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин-ш  гирдгардон буд.

Умари Хайём ақидаи бузургтарин материалистони Юнони қадимро чунин қаламдод кардааст:

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,

Гарданда фалак низ ба коре будаст.

Абулқосими Фирдавсӣ ба хотири эҳтироми бузург ба манзалат, ҷаҳонбинӣ ва урфу одати миллат ҷавонмардонаву бовиқор дар замони яке аз мустабидони хурофотзадаи давраи асримиёнагӣ Султон Маҳмуд ба тамоми олам эълон медорад:

Ба мо бар зи дини куҳан нанг нест,

Ба гетӣ беҳ аз дини Ҳушанг нест.

Фирдавсӣ дар мавзӯи суиистифода аз дину имон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар «Шоҳнома» дар боби «Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон ва нома навиштани Рустам ба бародараш» менависад:

Зиёни касон аз пайи суди хеш

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Ҳамин тариқ, таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик инъикоскунандаи тафаккури пешқадами миллати тоҷик аст. Чунин мисолҳоро мо дар эҷодиёти Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ то давраи маорифпарварони бузург Аҳмадмахдуми Дониш ва Садриддин Айнӣ мебинем. Эҷодиёти онон мавзӯи таҳқиқоти илмӣ ва ба хонандагон муаррифӣ кардани он муҳимтарин талаботи иҷтимоӣ ва сохти конститутсионии мо – хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Воқеан, илм дар назди муҳимтарин санади ҳуқуқии сарнавиштсози миллат қарздор аст. Зеро шаш рукни аслии сохти конститутсионии давлатдории миллӣ (Боби 1, Моддаи 1) решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва инъикоси ормонҳои аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида мебошанд. Бо иродаи мардум арзишҳои воло – ҳукми сохти давлатдории миллии моро гирифтаанд. Чунин орзуву омол дар санадҳои давлатдорӣ, сарчашмаҳои илмӣ, илмиву бадеӣ, адабиёт, фарҳанг, эҷодиёти халқ, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик дар шаклҳои гуногун ифода ёфтаанд. Маҳз барои ҳамин моддаи садуми Конститутсия муқаррароти моддаи якуми боби якуми ин ҳуҷҷати тақдирсозро тағйирнопазир меҳисобад. Чунин таҳқиқот посухи дандоншикан ба душманони сохти конститутсионӣ – интихоби миллати тоҷик хоҳад буд.

Дар таълимоти Роҳбари давлат забони тоҷикӣ ҳамчун далели зиндаи қадимӣ будани миллат ва шаҳсутуни давлатдории миллӣ тавсиф карда мешавад.

Ҳамин тариқ, Сарвари кишвар ба муҳимтарин принсипҳои муносибат ба ин ганҷинаи бебаҳо ишора намуда, таъкид менамояд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 185).

Назар ба ҳидояти Роҳбари давлат зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити навини таърихӣ – замони истиқлол бошанд.

АҲАМИЯТИ ЭТИМОЛОГИЯИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА МУНОСИБАТИ ОН БА ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА РУСӢ

Таълимоти Пешвои миллат дар бораи забоншиносӣ қариб тамоми паҳлуҳои илм дар бораи қонунмандиҳои пайдоиш ва инкишофи забонро дар бар мегирад.

Яке аз ҷанбаҳои он алоқамандӣ ва таъсири мутақобилаи забони тоҷикӣ бо забонҳои мардумоне мебошад, ки миллати тоҷик дар тӯли асрҳо бо сабабҳои гуногун бо онҳо дар муносибот ва доду гирифт будааст. Дар тафсири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала хосияти объективии таърихӣ дорад. Он хеле асоснок ба мавқеи пайдоиш, ташаккул, ҳаёти сиёсӣ ва таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот дониста мешавад: «Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд» (Ҳамон ҷо. — с. 194).

Академик Бобоҷон Ғафуров ҳам дар ин маврид таъкид месозад: «Мадракҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми Осиёи Миёна дар маданияти асри биринҷии Шарқ бағоят бузург аст, ба замми ин, қабилаҳои эронизабону ҳиндузабон ба кишварҳои ҳамсояи Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон маҳз аз Осиёи Миёна омадаанд» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. - с. 25).

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қудрати забони модарӣ сухан ронда, ба нақши байналмилалии он ишора мекунад. Таъкид месозад, бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ дар таъсири мутақобил бо дигар забонҳои минтақа қарор дошт, ҳувияти функсионалии худро ҳимоя карда тавонист ва бегазанд монд: «Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихӣ мебошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. — с. 162).

Дар паҳнои васеи ҷуғрофиёӣ ­­­- Осиёи Миёна, Мовароуннаҳр ва қисмати шимоли Эрон мавриди истифода қарор доштани забони тоҷикиро сарчашмаҳои зиёди таърихӣ тасдиқ мекунанд. Яке аз онҳо таҳқиқоти узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Е. Э. Бертелс мебошад. Ӯ менависад: «Метавон бо итминон изҳор дошт, ки забони таълифи асар («Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус – С. Я.) дар он давр забони адабии Эрон набуд, балки забоне буд, ки асосан дар ҳудуди салтанати Сомониён, ки аксари сокинонашон тоҷикон буданд, истифода мешуд. Он забони Рӯдакӣ ва Фирдавсист» (Кей-Кавус У. Кабус-намэ (Перевод, статья и примеч. чл. - кор. Акад. наук СССР Е. Э. Бертельса). 2-е изд. – М.: Изд-во восточной литературы, 1958. ­- с. 6). Чунин хулоса, ки шарқшиноси маъруф дар оғози солҳои 50-уми асри гузашта нисбат ба мақом ва ҳавзаи истифодаи забони модарии мо изҳор медорад, боиси қадршиносӣ ва ифтихор аст. Таъйиди маҳз — ба забони тоҷикӣ навишта шудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, фарқ кунонидани он аз «забони адабии Эрон» дар он замон ҳам ишора ба мустақилият ва бузургии забони тоҷикӣ аст, ки дар асарҳои Пешвои миллат борҳо, гаштаву баргашта, бо далелҳои иловагии таърихӣ таъкид мегардад. Барои мисол: «аз сарчашмаҳо, аз ҷумла, «Таърих»-и Наршахӣ, бармеояд, ки баъд аз истилои араб дар Эрони Ғарбӣ дар давоми ду садсола забони паҳлавӣ рӯ ба таназзул овард ва ҷойи онро забони арабӣ гирифт. Аммо дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон забони тоҷикӣ мавқеи худро аз даст надод» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. — с. 163).

Тавре хотирнишон гардид, забон бояд аз лиҳози таърихӣ ва муқоисавию таърихӣ хуб омӯхта шавад. Дар ин маврид, яке аз муҳимтарин масъалаҳо муайян кардани хосияти гениалогӣ ва этногенетикӣ, яъне баромад, ташаккул ва хешигарии он ба забонҳои дигар халқу миллатҳо мебошад. Чунин таҳлил баробарвазнӣ ё қудратмандии яке аз забонҳоро нисбат ба дигар забон бештар нишон медиҳад. Сабабҳои аслии зинда мондан, рушд кардан ва баръакс аз байн рафтани ин ё он забон ошкор карда мешавад.

Далелҳои таърихие, ки дар бораи тавоноӣ ва қудрати забони тоҷикӣ дар қаламрави васеи сиёсиву ҷуғрофиёӣ оварда шуданд, ба принсипи дар илм эътирофгардидаи «Таърихи забон — таърихи миллат» пурра мувофиқат мекунанд. «Шарафи умумӣ дар гузашта - иродаи умумӣ дар замони муосир; ёдоварӣ дар бораи корҳои бузурге, ки анҷом шудаанд ва омодагии чунин амал минбаъд ҳам – ана ин аст муҳимтарин шароите, ки барои сохтани миллат зарур аст». (Ортега-и-Гассет Х. Восстание масс. Пер. с испанского. Нью Йорк, 1954. – с. 178-179).

Хулосаи моҳияти таърихиву фарҳангии забони тоҷикӣ дар назарияи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илм аҳамияти махсус дорад. Чунин натиҷагирӣ ва арзёбиро, дар маҷмӯъ, ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст:

1. Масъалаҳои этногенетикии забони модарӣ ва сарчашмаҳои асосии ташаккули он.

2. Ифодаи характери миллӣ, таҷассуми халқ ҳамчун шахсият бо такя ба зуҳуроти забонӣ, ҷараёнҳои забонӣ, маводи забонӣ, далелҳои забонӣ.

3. Забони модарӣ дар муносиботи байни миллатҳо ва таъсири мутақобилаи онон.

Вобаста ба чунин табақабандӣ, мутаносибан зарурати таҳқиқи

а) фонди асосии луғавии забон;

б) таркиби захираи луғавии забон;

в) калимаҳои иқтибосӣ ба миён меояд. Ва ин масъалаҳо дар илми забоншиносии муосир ниёз ба омӯзиши ҳаматарафа доранд.

Фонди асосии луғавии забон такягоҳ ва шаҳсутуни забон аст. Бузургии забон маҳз дар он ифода меёбад. Таҳқиқоти гениалогӣ, ҳамчунон, қудрати таъсири этимологии он нисбат ба дигар забонҳо дар шаклгирии лексика, тобишҳои семантикӣ, полисемӣ ва категорияҳои грамматикӣ нишон медиҳад, ки ин ё он забон дар гурӯҳ ва оилаи забонҳои дунё чӣ манзалатро касб кардааст. Дар набардҳои беохири забонӣ (ҳамчунин хонда шавад, фарҳангиву таърихӣ ва маънавию идеологӣ) чӣ бурду бохтҳо доштааст.

Маълум аст, ки забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Таҳлили одӣ, нигоҳи холисона нишон медиҳад, ки чӣ гуна забони модарии мо дар «бурриши якдигарии забонҳо» на танҳо ҳувияти хешро нигоҳ дошта, нақши сохториву вазифавии худро ҳифз намудааст, балки бо дигар забонҳои муассири дунё вориди муносибат гашта, аз лиҳози лексикӣ ва грамматикӣ ба онҳо таъсир расонидааст.

«Агар сухан дар бораи маданият ва маишати халқ, муносибати он бо дигар халқҳо равад, муҳаққиқ бояд бештар ба лексика такя кунад. Фақат лексика бақайд­гирандаи ҳассос ва бидуни фиреб ба тарзи мустақим ё ғайримустақими ҳама гуна тағйирот дар истеҳсолот, маишат, маданият, ҳамчунон, муносиботи таъсири мутақобилаи дорои аҳамияти байни халқҳо мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа. В сборнике статей: Вопросы теории и истории языка. - М.: Наука, 1952. — с. 47).

Албатта, ҳангоми муқоисаи калимаҳо тавассути аломатҳои зоҳирӣ, хосияти фонетикӣ ва дигар ҷузъиёти шаклии (омонимии) маводи забонӣ, хулоса баровардан дар бораи ҳамрешагии калимаҳо, таъсири якҷониба ва ё мутақобилаи забонҳо аз рӯйи адолати илмӣ нахоҳад буд. Аммо таъкид бояд кард, ки ҳангоми пешниҳод ва коркарди фарзияи таъсири забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо калимот ва истилоҳоте пешниҳод мегарданд, ки мансуб ба захираи асосии луғавии забони тоҷикӣ ё шеваҳои он ҳамчун пояҳои асосии забони адабӣ мебошанд. Дар ин маврид, хусусияти семантикӣ, моҳияти лексикӣ ва грамматикии ин ё он калима ё истилоҳ низ ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои мисол, дар забони тоҷикӣ замонҳои феъл, аз ҷумла, бо роҳи флексия тавассути феъли ёридиҳандаи «будан», «шудан» ифода меёбад. Дар забони англисӣ ин вазифаро феъли ёридиҳандаи «be» [biː], ки бо истифода аз ҳиссачаи to [tuː] – (муродифи суффикси – ан-и забони тоҷикӣ) to be [tuː biː] шакли масдар мегирад, иҷро менамояд. Ва, албатта, тавассути флексия бо тобишҳои замонӣ вазифаҳои грамматикии худро ба тарзи гуногун — муродифҳои грамматикии худ иҷро мекунад. Тавре мебинем, ин таркиб аз лиҳози фонетикӣ (to be done [tuː biː dʌn]) ба феъли «будан», ҳамрешагии худро нишон медиҳад. Мисол: «To be or not to be that is the question» [tuː biː ɔː nɒt tuː biː ðæt iz ðiː ˈkwesʧən] (Будан ё набудан – ин аст асоси масъала!).

Ҳамзамон, хотирнишон бояд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносӣ омӯхтани шеваҳои (диалектҳои) забон мебошад. Онҳо чун муҳимтарин сарчашма ва бозгӯйи таърихи забон эътироф шудаанд. Таҳкурсии пайдошавии меъёрҳои адабии ҳама забонҳо гӯишҳо ба ҳисоб мераванд. Шеваҳои забонӣ қисмати муҳими таърихи забон – таърихи миллат мебошанд. Фақат онҳо хосияти ҷуғрофиёӣ доранд. Ба ҳаёти ҷамъиятии маҳал ва хусусияти алоҳидаи иҷтимоии он алоқаманд мебошанд. Инъикоси фикрӣ ва овозии воқеияти алоҳидаи қаламрави муайян ҳастанд.

Хешигарии забонҳо тавассути шеваҳои забон ҳам тасдиқи худро меёбанд. Барои мисол, феъли ёридиҳандаи номбаршудаи to be [tuː biː] дар асл, дар шакли be [biː], (bi) бидуни тағйироти фонетикӣ ҳамчун феъли ёридиҳанда, ки замони гузаштаро ифода мекунад, дар шеваи сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, қисмати шарқии минтақаи Кӯлоб васеъ истифода мешавад. Аз ҷиҳати маъмул будани ин категорияи грамматикӣ дар доираи гӯишҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки ба қавли Бобоҷон Ғафуров аз тохтутозҳои аҷнабиён раҳоӣ ёфта, покизагии худро нигоҳ доштаанд, тахмин кардан мумкин аст, ки феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː], ки асли пайдоиши он аз забони ҳиндуаврупоӣ маншаъ мегирад, дорои этимологияи забони қадими тоҷикӣ мебошад.

Ба фикри мо, қавмияти феълҳои ёридиҳандаи забони тоҷикӣ ба забони англисӣ бо мисоли феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː] ба охир намерасад. Маълум аст, ки муҳимтарин вазифаи феъл ифодаи ҳаракат ва ҳолати ашё (предмет) мебошад. Феъли ёридиҳандаи «аст» (to be) [tuː biː] амали анҷомшуда ва ҳолати муқарраргардидаи исмро ифода мекунад ва дар таркибҳои феълӣ замони ҳозираи давомдорро мефаҳмонад. Ин ҳолати грамматикӣ дар забони англисӣ тавассути суффикси – ing [ɪŋ] таъмин карда мешавад. Шакли фонетикии феъли ёридиҳандаи аст (to be) [tuː biː] дар забони англисӣ вонамехӯрад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари калимаҳое, ки дар таркиби луғавии забони англисӣ бо таркиби овозии st омадаанд, ҳолати предметро нишон медиҳанд: stood [stʊd] – истодан; stable [steɪbl] – устувор; establish [ɪsˈtæblɪʃ] – муқаррар кардан; stop [stɒp] – ист, яъне хешигарии худро ба мантиқи грамматикии феъли ёридиҳандаи забони тоҷикӣ (аст) бо тобишҳои семантикӣ ва алоқаҳои решагӣ ба намоиш мегузоранд.

Мисолҳои дигар низ ба фоидаи ҳамин фарзия ишора мекунанд. Дар забони тоҷикӣ бо истифода аз суффикси маконсоз – истон даҳҳо калима шакл гирифтааст: гулистон, бемористон, баҳористон, боғистон, шаҳристон, шабистон, торикистон, нуристон, бӯстон, чаманистон, наистон, сангистон, тобистон, зимистон ва ғайра. Ба тарзи дигар, соҳибзабон онро ҳамчун таркиби овозии худ ба тарзи васеъ кор фармудааст.

Тавре мебинем, дар зери таъсири забони тоҷикӣ бо истифодаи суффикси маконсозӣ – истон, номҳои давлатҳои мустақил ва субъектҳои сиёсии дохилидавлатӣ – вилоятҳо, ҷумҳуриҳои мухтор низ сохта шудаанд. Таъсири феъли ёридиҳандаи аст дар шакли решагии он st бо илова аз шаклҳои овозии гуногун, ки, албатта, ниёз ба таҳқиқоти иловагӣ дорад, дар тӯли таърихи чандҳазорсола хосияти байналхалқӣ гирифтааст.

Вобаста ба ду калимаи дар охир номбаршуда, ки фаслҳои солро ифода мекунанд (тобистон ва зимистон), хотирнишон бояд кард, ки онҳо дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои сохта ба ҳисоб гирифта намешаванд. Шакли яклухтро гирифтаанд. Дар калимаи якум тоб, бо истифода аз суффикси – гӣ – тобагӣ, дар ин ҳолат калимаи мустақил ба ғизои дар асбоби тафсон омодашударо, дар ҳолати дигар бо илова кардани суффикси – истон фасли гармиро мефаҳмонанд. Яқин аст, калимаи таф (таф додан), ки он ишора ба ҳарорати баланд аст (тафсон, таф додан, тафӣ кардан), бидуни ягон тағйироти овозӣ аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ гузаштааст – taf season [siːzn] (мавсими гарм), tuft season [siːzn] (фасли мушкил), taf discussion [dɪsˈkʌʃn] (баҳси гарм), taft discussion [dɪsˈkʌʃn] (баҳси қотеона).

Вақте ки калимаву истилоҳот дар шакли решагӣ дар шеваҳои забон ҳам истифода мешаванд, чунин ҳолат мансубияти этимологии калимаро ба ҳамон забон даҳчанд меафзояд ва далели муътамади мансубият ба он забон аст. Калимаи таф ҳамин манзалатро дорад.

Дар калимаи дуюм решаи он зим (хунукӣ) дар забони адабии ҳозира дар шакли мустақил вонамехӯрад. Он дар забони русӣ дар шакли зима (фасли зимистон) омада, калимаи мустақил мебошад. Ба гурӯҳи калимаҳои полисемӣ ва серистифодаи он забон мансуб аст. Реша ва этимологияи он низ дар модар-забон ё забони аввалия як буда, чӣ шакли овозӣ ва чӣ вуҷуди аслии худро гум накардааст. Яқинан, ин ҳолат ба бештари забонҳои ҳиндуэронӣ хос мебошад.

Калимаи right [raɪt] – рост дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ гарчанде тафовути андаки овозӣ дорад, аммо тарҷумаи айнан дошта, ба гурӯҳи калимаҳои сермаъно дохил мешавад. Дар забони русӣ шакли талаффузи ин калима бо доштани як садонок, комилан мисли забони тоҷикист. Аммо фақат маънои ишора ба як самтро дорад, моносемӣ аст. Калимаи овраг дар забони русӣ серистифода аст. Он дар луғатҳои русӣ-тоҷикӣ дар шакли ҷарӣ, оббурда, обканда тарҷума мешавад, ки шояд эҳтиёҷ ба он набошад: калимаи тоҷикии мураккаб аст, аз ду калима, ки мансуб ба исм мебошанд: об ва раг – раги об иборат мебошад. Дар натиҷаи таъсири табиат – боридани борон ё дигар ҳодисаи фаъоли мансуб ба об, шакли болои талу теппа релйефи худро тағйир додааст.

Хешигарии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки ба гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ дохил мегарданд, бо садҳо мисол исбот мешавад. Аммо бо доштани муносиботи таърихиву сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, махсусан дар ҳазорсолаи охир, таъсири ин ду забон ба якдигар ҳақиқати бебаҳс аст. Бештари ин калимаҳои маъмул дар забоншиносии муқоисавии ҳар ду ҷониб оварда шудаанд, ки мо аз такрори онҳо худдорӣ мекунем.

Дар шеваи сокинони қисмати ҷануби забони тоҷикӣ калимаи handleек – чизеро бо даст гирифта бардошта ба шаст ба ҷойе партофтан аст. Он аз лиҳози сохт калимаи мураккаб мебошад: аз исми hand [hænd] (даст) феъли leek [liːk] (ҷунбонидан, ликондан, ликок кардан) иборат мебошад. Ин калима дар шеваи мардуми Кӯлоб қариб бидуни тағйироти таркиби овозӣ истифода мешавад. Маъмул аст. Дар забони англисӣ ба маънои бо истифода аз даст касеро ҷунбондан, ба ҳуш овардан – handle (дастак) мебошад.

Калимаҳое, ки дар шеваҳои забони тоҷикӣ фаъоланд, бо тағйири андаки фонетикӣ ва тобишҳои семасиологӣ дар забони англисӣ бо ҳамон маъно ё мафҳуми кӯчида истифода мешаванд: losе [luːz] – чизи гумшуда: «Win or lose never regret» [wɪn ɔː luːz ˈnevər rɪˈgret] – ғолиб омадӣ ё бой додӣ, ҳеҷ вақт афсӯс нахӯр. «Лос» дар шеваи мардуми ҷануб ашёе, ки дар ҳоли гум шудан аст; гум мешудагӣ аст; рlace [pleɪs] – ҷо, макон; mind [maɪnd] – майна; палос – асбоби рӯзгор, ки дар ҷойе, маконе тахт карда мешавад: Хонаву палос, одаму либос; «One may change place, but no mind» [wʌn meɪ ʧeɪnʤ pleɪs, bʌt nəʊ maɪnd] – Кас метавонад ҷойи зисташро иваз кунад, аммо на майнаашро; deaf [def] – одаме, ки қуввати шунавоиашро гум кардааст, пардаи узви шунавоиаш осеб дидааст. Даф – даф, дойра. Асбобе, ки матои асосиаш парда аст: «Deaf man is away from the blame» [def mæn ɪz əˈweɪ frɒm рiː bleɪm] – марде, ки қобили шунавоӣ надорад, аз гуфтори носазо дур аст. Better [ˈbetə] – беҳтар: It is better to play with the ears than with tongue [ɪt ɪz ˈbetə tuː pleɪ wɪр рə ˈɪəz рæn wɪр tʌŋ] – беҳтар он аст, бо гӯш бозӣ кунӣ, на бо забон.

Калимаҳои забони тоҷикӣ, ки бидуни тағйири таркиби овозӣ ба таркиби луғавии дигар забонҳо, аз ҷумла забони англисӣ ворид шудаанд, хеле зиёданд. Онҳо дар ҳар ду забон ба як маъно корбарӣ мешаванд. Барои мисол: band [bænd] – банд (aшёе, ки дар як гурӯҳ, даста ҷамъ омадаанд, бастабандӣ шудаанд ва ё ҷамъ оварда шудаанд; монеа эҷод кардан, баста шудан); pas-пас (пас рафтан, пас гузаштан, пас мондан); past [pɑːst] – паст, (дар охир, дар ниҳоят); calf [kɑːf] – калф (ҷузъи табиӣ, санги бузург, харсанг); part – парт (қисм, ҷузъ, тикка, пора). Бо ин маънӣ, он дар шеваи мардуми ҷануби Тоҷикистон серистеъмол аст. Он ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода карда мешавад: парт кардан (қисм-қисм кардан); now – нав.

Калимаҳо – бидуни тағйироти таркиби овозӣ дар категорияҳои грамматикӣ, махсусан дар ишораҷонишинҳо низ дида мешавад: to [tuː] – ҳиссачае, ки самти ҳаракатро нишон медиҳад. Дар забони форсӣ он бо ҳамин таркиби овозӣ ифодаи «ба самти», «дар дохили» маконро ифода менамоянд; in [ɪn] – ин ҷонишини ишоравии дохили предмет; оn [ɒn] – ҷонишини ифодакунандаи қисмати болоии ашё мебошанд.

Калимаҳои тоҷикие, ки бо тағйироти ҷузъии овозӣ ва ё истифодаи категорияҳои ёридиҳандаи грамматикӣ мавриди истифода қарор доранд, аз рӯйи мантиқи тобишҳои маъноӣ ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ ба осонӣ шинохта мешаванд. Барои мисол: star [stɑː] – ситора; lip [lip] – лаб; bor, borrowing, burden [bɔː, ˈbɒrəʊɪŋ, burden] – бор, бурдан, чизеро дар худ доштан, баранда будан; typhoon [taɪˈfuːn] – тӯфон; top [tɒp] – асосӣ, чизе, ки дар мадди аввал, дар боло меистад, теппа; daughter [ˈdɔːtə] – духтар; door [dɔː] – дар; сow [kaʊ] – гов; сle [kle] (франсузӣ) — key [kiː] (англисӣ) – калид; murder [ˈmɜːdə] – мурдан, куштор; rob [rɒb] – рабудан; eyebrow [ˈaɪbraʊ] — абрӯ; gulob [gulob] ­– гулоб; gulqand [gulqand]­ – гулқанд; candle [kændl] – қандил; two [tuː] – ду; rafting [ˈrɑːftɪŋ] – навъи варзиш, бо қаиқҳои махсус поин рафтан дар дарёҳои ниҳоят тезоби кӯҳӣ. Дар ин маврид решаи калимаи raft [rɑːft] дар забони тоҷикӣ ҳолатро ифода мекунад. Дар ин навъи варзиш, бо ихтиёри варзишгар ҳам истодан ҷойи имкон намемонад. Истифодаи суффикси – ing [ɪŋ], тавре пештар ҳам хотирнишон гардид, категорияи грамматикии созандаи феъли замони ҳозираи давомдори забони англисӣ мебошад: bad [bæd] – бад (A bad workman always blames his tools [ɑ bæd ˈwɜːkmən ˈɔːlw(e)ɪz bleɪmz hɪz tuːlz] – Коргари бад доим асбобашро гунаҳгор меҳисобад; name – ном; shift [ʃɪft] – шифт – сақф, болои хона: A good shift may serve long but no forever [ɑ gʊd ʃɪft meɪ sɜ?ːv lɒŋ bʌt nəʊ fəˈrevə] – Шифти нағз метавонад дароз хизмат кунад, аммо на то абад; youth [jʊθ] – ёш, ҷавон; gap [gæp] – ҷойи холӣ, тиҳӣ, зуҳуроти камарзиш; гап – муродифи калимаи сухан аст. Ҳамзамон, бо тобиши маъноӣ зуҳуроте, фикреро, ки асоси воқеӣ надорад, бепоя аст, «гап» аст, мефаҳмонад; harm [hɑːm] – шарм (Out of home near harm [aʊt ɒv həʊm nɪə hɑːm] – Берун аз хона, наздик ба шармандагӣ (ба маънои дур аз хона боэҳтиёт будан); warm [wɔːm] – гарм (Cold hands – warm heart [kəʊld hændz - wɔːm hɑːt] – Дастони хунук – дили гарм); sail [seɪl] – сайл, тамошо: Being on sea sail [ˈbiːɪŋ ɒn siː seɪl] – Дар баҳр бошӣ, сайл кун; thunder [Qʌndə] – тандӯр: Who far from Jupiter, who far from thunder [huː fɑː frɒm ˈʤuːpɪtə, huː fɑː frɒm Qʌndə] – Касе, ки аз Зуҳал дур аст, аз тандӯр (тундар) дур аст; hang [hæŋ] – ҳангос зада гиристан, амали мансуб ба гулӯ: let every ship hang by his own shank [let ˈevrɪ ʃɪp hæŋ baɪ hɪz əʊn ʃænk] – бигузор ҳар як гӯсфанд бо овози худаш садо барорад; new [njʊu]–нав, candy [kændi] – қанд; sugar [ʃuga] – шакар; bazar [bəza:r] – бозор; pagamas [pəja:məz] – поҷома; jungle [ʤʌŋgl] – ҷангал; devil [devl] – дев; caravan [kærevæn] – корвонсарой; saffron [sæfrən] – заъфарон; kiosk [ki:ɑsk] – кӯшк; rug [rʌg] – раг; guard [gɑːd] – гвардия. Решаи аслии истилоҳ калимаи решагии қадимии тоҷикии гурд – паҳлавон, рӯинтан, нотарс, далер, шуҷоъ мебошад. Этимологияи калима – узви бадани инсон гурда аст. Яъне шахси гурдадор. Ин калима таърихи чандҳазорсола дорад. Тибқи қонунияти забонӣ давраҳои инкишоф, рушд ва табодули маъноиро аз сар гузаронида, тавассути арзишҳо ва маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва бархӯрди мардумӣ нисбат ба сифати ҷисмонии паҳлавонон ҳамчун истилоҳ қабул гашта, ба сермасрафтарин воҳиди маъноии ифодакунандаи сохторҳои низомӣ дар миқёси байналхалқӣ мубаддал гаштааст.

Бояд хотирнишон кард, ки «Топонимика сарчашмаи арзишманди ёрирасони таърихӣ мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа – в сборнике. – М.: 1952. – с. 51). Дар алоқамандӣ бо калимаи guard [gɑːd] – гвардия номи деҳаи Кангурти (кони гурд, кони паҳлавонон) ноҳияи Темурмалик боиси таваҷҷуҳи этнографӣ, таърихӣ ва албатта, этимологӣ аст. Он далели боэътимоди мансубияти калимаи гвардия ба забони тоҷикӣ мебошад.

Мо лозим донистем, ки барои исботи ҳамреша ва ҳаммаъно будан ва хосияти пурраи этимологӣ доштани калимаҳои забони тоҷикӣ, ки ба андешаи мо ба забонҳои англисӣ ва русӣ гузаштаанд, фақат бо овардани баъзе мисолҳо қаноат кунем. Бо таъкиди асосгузорони материализми илмӣ «дарк кардан, донистан ҳаракати абадии наздикшавии тафаккур ба ҳадафи омӯзиш аст». Итминони комил дорем, ки вобаста ба мавзӯи баҳс омӯзиш, таҳқиқ ва баррасиҳои мақсаднок ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ идома хоҳанд ёфт.

Дар таълимоти Пешвои миллат аз бар намудани илм, дониш, касбияти баланд ва бо ҳамин тариқ шахсияти барои худ ва барои Ватан судманд шудан дар ҷойи аввал меистад. Ӯ таъкид мекунад: «Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – с. 189).

Пешвои миллат ба дараҷаи баланд донистани забони давлатиро аз беҳтарин сифатҳои ҳар як шаҳрванд мешуморад. Онро бо масъулияти ватандӯстӣ, маҳорати корбарӣ, сифатномаи воқеии хизматчӣ ва соҳибкори муваффақ тавъам медонад. Роҳбари давлат бо такя ба далелҳои илмӣ таъкид месозад: «Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст» (Ҳамон ҷо. – с. 194 -195).

Таҷрибаи таърихии миллатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо тамоми имконоти расмӣ ва ғайрирасмӣ, қонунӣ ва ғайриқонунӣ ба дастовардҳои судманди дигар халқҳо дар кулли самтҳо – иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра ворид мешаванд. Онҳоро меомӯзанд. Чизи фоиданокро зери ҳар ном худӣ эълон карда, истифода мебаранд. Дар ин бора Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694 -1778, файласуф ва нависандаи франсавӣ) менависад: «Муҳаббати ман ба Ватан ба ман монеа намешавад, ки аз дастовардҳо, муваффақиятҳои хориҷиҳо чашм пӯшам. Баръакс, чӣ қадаре ки ман Ватанамро дӯст дорам, ҳамон қадар кӯшиш мекунам, ки мамлакати худро аз ҷавоҳироте пур кунам, ки аз қаъри заминҳои кишварҳои дигар метавонам ба даст орам» (Энциклопедия мысли. – Киев: Советская энциклопедия, 1980. - с. 180). Дар ҷойи дигар ӯ таъкид мекунад, ки донистани забонҳои хориҷӣ маънои доштани калидҳои бисёр барои як қулф аст. Албатта, нависандаи машҳур калидҳои пайдо кардани манфиатро дар назар дорад.

Таҳлили маҳдуди муқоисавии дар боло овардашуда, тафсири намунаи мухтасари усули дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ – махсусан англисӣ ва бо ҳамин метод олмонӣ ва франсавӣ аст. Тавре ки Пешвои миллат таъкид месозад, роҳи аслии донистани забонҳои хориҷӣ дар хуб донистани забони модарӣ мебошад.

ХУЛОСА

Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо аз ду ҷиҳат омӯхта шавад: аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забонро ҳамчун воситаи муошират вазифаи функсионалӣ ва ҳамчун ифодакунандаи тафаккури миллӣ — моҳияти он мешуморад.

Забон ҳам аз лиҳози вазифавӣ ва ҳам аз лиҳози моҳиятӣ – ҳамчун далели рушди тафаккур аз ниёз ва мақсадҳои умумии инсонҳо сарчашма мегирад. Яъне, диалектикаи субъективии забон дар вобастагӣ аз диалектикаи объективии забон қарор дорад. Маҳз қонунмандиҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур боиси рушди забон гардидаанд.

Такони асосии ҷараёни устувор гаштани фонди асосии луғавии забон ва таркиби луғавии он зиддиятҳои беохири дохилии се унсури зикргардида мебошанд. Ва қонунҳои ба ҳам муқобили фарогир, ки дар моҳият ва зуҳуроти воқеияти объективии олам вуҷуд доранд, омили муассир нисбат ба ҳодиса ва категорияҳои забонӣ ба шумор мераванд. Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар маркази ҳамин гуна зиддиятҳо буда, ҳамчун субъект ва объекти муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар он ширкати фаъол доштааст. Маҳз чунин сифат имкон додааст, ки забони модарии мо аз дараҷаи одӣ то ба сатҳи олӣ инкишоф ёбад. Дар қаламрави васеи олам паҳн гардад. Дар давраҳои муайяни таърихӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро иҷро намояд. Ва имрӯз маҳз тавассути заҳматҳои бемисли Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо диҳад. На танҳо ниёзҳои миллиро қонеъ гардонад, балки дар муносиботи байналхалқӣ васеъ истифода шавад.

Пешвои миллат забони модариро бо беҳтарин сифатҳо тавсиф мекунад. Барҳақ, онро баробар бо номҳои муқаддаси Модар, Ватан, Миллат медонад. Бо далелҳои таърихӣ исбот месозад, забони тоҷикӣ буд, ки аз забони гурӯҳӣ қавмӣ, аз қавмӣ нажодӣ, аз нажодӣ забони халқ ва аз забони халқ забони миллатро ба вуҷуд овард ва билохира омили аслии истиқлоли миллӣ гардид.

Роҳбари давлат таъкид мекунад, забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. Ва то ба имрӯз илм бештар аз ин, далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тӯли ҳазорсолаҳо шинохташуда надорад.

Ба тарзи илмӣ муносибат кардан ба забон эътироф намудани он ҳамчун воқеияти ҳастӣ мебошад. Яъне, бори дигар сухан дар бораи моҳияти аслии забон, ҳамчунон вазифаи функсионалии он — воситаи муносибат, муоширати байни одамон барои қонеъ кардани ниёзҳои одии рӯзмарра меравад.

Мантиқи таълимоти Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тоҷикшиносӣ – забоншиносии тоҷик аст. Зеро дар доираи забони модарӣ умумияти дар таҷрибаи таърихӣ исботшудаи ҳақиқати воқеӣ – ҳамхунӣ, ҳамқавмӣ, ҳамватанӣ, якмаромӣ – ҳамчун нишонаи масъулияти бузурги маънавӣ аз қаъри асрҳо то ба имрӯз таҷассум меёбад. Ба тарзи дигар, забони модарӣ ҳам далели биологӣ ва ҳам нишонаи ҷамъиятии миллат, аз нуқтаи назари антропологӣ ҳамчун шахсияти алоҳида аст. Моҳияти чунин назария масъалаи ахлоқ ва маънавиёти миллӣ – расидан ба хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, забони модарӣ дар маҷмӯи дастовардҳои таърихиву ҷамъиятӣ арзишмандтарин шакли шуур – идеологияи муттаҳидкунандаи миллат аст. Он таҷассумгари манфиатҳои миллӣ ва омили асосии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дарк намудан, эътироф кардани забони модарӣ аз лиҳози моҳият ва асолат мансуб донистани решаҳои гносеологии он ҳадди ақал ба таърихи панҷҳазорсолаи миллат – тасдиқи он ҳамчун зуҳуроти материалӣ ва зуҳуроти дунявият аст. Чунки ба ҳазорҳо саволи воқеӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бо далелҳо ҷавоб мегӯяд. Ин хосиятро фақат падидаҳои илмӣ дошта метавонанд, на тасаввуроти метафизикӣ. Аз ҳамин ҷиҳат, забони модарӣ ба ҳар як соҳибзабон бояд ба сифати иммунитети маънавӣ дар муқобили ҳама гуна тамоюлоти бегонапарастӣ хизмат кунад.

Бузургтарин абармардоне, ки дар тӯли таърих ба миллати хеш содиқ будаанд, бо вуҷуди мушкилиҳо ва таҳдидҳои ҷонӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, хурофотситезии худро тавассути забони модарӣ ифода намудаанд. Пешвои миллат бо овардани мисолҳо ҳар кадоми ононро арҷгузорӣ мекунад. Мантиқан эҷодиёт ва рафтори мутафаккирон, адибон, зиёиёни даврони гузаштаро бо давраҳои мушкили ҳаёти миллати тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта дар муқоиса мегузорад. Орзуманди он аст, ки рӯҳи шикастнопазири на кам аз панҷҳазорсолаи илм, фарҳанг ва маърифати тоҷик дар замони муосир ҷавобгӯи якрӯи манфиатҳои миллӣ — барои сохтани давлати миллӣ гардад. Вазифаи муҳими зиёиёни миллӣ аст, ки номутаносибии дар байни забони неруманди миллӣ ва шуури миллӣ вуҷуддоштаро барҳам зананд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди забоншиносон ва таърихшиносон вобаста ба забони модарӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. Аз лиҳози илмӣ посух доданро ба саволҳое, ки дар қисмати таркибии илми забоншиносӣ – фонетика, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, лексикология, семасиология бармеоянд, вазифаҳои рӯзмарраи онҳо мешуморад.

Барои мисол, фақат лексикаи забон нишон медиҳад, ки забони тоҷикӣ аз гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи васеи ҳиндуаврупоӣ кай, дар кадом шароити таърихӣ ва чӣ тавр тавонистааст ба забонҳои англосаксонӣ ва германӣ таъсири фарогир дошта бошад ва баръакс.

Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, ба забони воқеан умумиллӣ ва посухгӯ ба кулли ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд.

ОХИРСУХАН

Хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт.

Яке аз муҳимтарини самтҳои сиёсат, ки Сарвари мамлакат дар ҷараёни сохтмони давлати миллӣ ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд, суръат бахшидани илми тоҷикшиносӣ тавассути забоншиносии тоҷик мебошад.

Барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик чунин муносибат тақозои замон аст. Воқеияти ҷамъиятӣ – фоҷиаҳои миллӣ: ҳазор соли бедавлатӣ, рух додани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта таҳти раҳнамоии аҷнабиён, бо истифодаи хоинони миллат хавфи ҳақиқии бебозгашт аз даст рафтани давлат ва парокандагии миллат, зарурати муроҷиат ба таърихи халқ ба хотири бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва нангу номуси миллиро дар замони муосир ба миён овард.

Ҳадафи бузурги эъмори давлати миллӣ тарҳрезӣ кардани роҳу усулҳои ба вуҷуд овардани шуур ва ҷаҳонбинии мувофиқ ба чунин сохтро тақозо дорад. Зеро ташаккули маънавиёти мардумӣ дар шароити соҳибдавлатӣ кори шахсӣ ё гурӯҳӣ нест. Аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин вазифаи давлат ба ҳисоб меравад (Аристотел).

Таърихи навтарини Тоҷикистон мантиқи бузургеро исбот кард, ки «Шуури инсон на танҳо ҷаҳони воқеиро таҷассум мекунад, балки онро бунёд месозад». Ва «ҷаҳон талаботи Инсонро қонеъ карда наметавонад, Инсон тасмим мегирад, ки бо амали худ онро дигар кунад». Ин суханон оинаи равшани инъикоскунандаи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мантиқи волои сухан, тавоноии оростани муошират бо тамоми гурӯҳҳои мардум – заҳматкашон, олимон, зиёиён, солмандон, ҷавонон, мактабиён, яъне табақаҳои гуногуни ҷомеа намунаи олии дарки масъулияти давлатдори навини тоҷикон гардид.

Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ — мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.

Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад.

Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест. Аристотел дар тасдиқи чунин дидгоҳ таъкид месозад: «Ба хотири он ки санъати сухан гуфтан дар алоқамандӣ бо муътақид кунонидан аст, худи муътақид кунонидан далелнокии нутқ мебошад. Мо вақте муътақид мешавем, ки бо далелҳои овардашуда розӣ бошем. Ҳақиқат ва адолат аз ҳама гуна муқобилистиҳо пурқуваттар аст» (Аристотель. Риторика. Поэтика. - М.: Лабиринт, 2000. – с. 7).

Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзӯи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад. Чунки чунин таҷрибаи муваффақи истифодаи забони модарӣ дар сатҳи олии давлатдорӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ифода карда бошад, ба ғайр аз сухани волои Исмоили Сомонӣ: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. - с. 340) дигар намунаеро надорем.

Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу баррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст.

Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сарукор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ аст.

Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

Ба назари мо, чунин азм дар асоси принсипҳои фарҳангиву таърихӣ ва фалсафӣ, инчунин, муносибати муназзаму мураттаб метавонад амалӣ гардад.

«Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмашаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд» (И. Нютон). Чунин тафсирро метавон ҳамчун намунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ кард ва аз насл ба насл чун рӯҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонид.

С. ЯТИМОВ,

доктори илмҳои сиёсӣ,

узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон