Масъалаи норасоии об проблемаи як минтақаи алоҳида нест

№118-119 (4701-4702) 03.10.2023

tajikistan-4714628_1920-1Муҳтавои ин нуктаи фарогир аз он сар зад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об бо иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, олимону коршиносони ҷаҳонии соҳаи об суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об-барои ҳаёт» солҳои 2005 — 2015, ки ҳадаф — ду баробар кам кардани шумораи аҳолии ба оби нӯшокӣ ниёздошта буд, изҳори ақида намуданд.

Зимни суханронӣ Сардори давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ мушкилоти як кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки проблемаи умумиҷаҳонист, чунки он яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсоният аст. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ имрӯзҳо аз ташаббусҳои неки Тоҷикистон ҳарф мезананд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои ­пайваста дар самти ҳалли масоили об изҳори сипос менамоянд. Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти мардумони кишварҳои дигар бетафовут нест.

Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуда буд. Ба ин хотир, дар Душанбе моҳи сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он 54 мамлакат, намояндагони беш аз 20 созмони байналмилалӣ, ходимони давлатӣ, олимон ва намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Ин форум як навъ иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Ҷаласаи 55-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2001 садо дода буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи оби тозаро дар кураи Замин яке аз масъалаҳои аҳамияти ҷаҳонидошта ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити глобализатсия аз муаммоҳои дар назди инсоният истода канор буда наметавонад».

Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Ин раванд, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, моро водор мекунад, истифодаи оқилонаи обро ба роҳ монем. Агар 75 дарсади рӯи Заминро об ишғол карда, захираи он аз 1, 5 миллиард км мураббаъ зиёд бошад ҳам, ҳоло беш аз 2, 6 миллиард мардуми сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҷумҳурии мо аз ин мушкилот, хушбахтона дар канор буда, аз ҷиҳати обҳои тозаи ошомиданӣ дар байни давлатҳои ИДМ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави мамлакат зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби чашмаю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои об, ки кишварҳои поёноб аз он истифода мебаранд, яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Чунончи, соли 2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия «Оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оби тоза ва санитария» ва «Кодекси об» — ро қабул намуд.

Инсон муҳофизи табиат аст ва боигариҳои табиат, аз ҷумла обро бояд дилсӯзона муҳофизат кунад, чунки бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин ҷост, ки обро ҳастии табиат ва хуни замин, омили асосии манбаи ҳаёти инсон, ҳайвонот, наботот ва табиат маънидод кардаанд. Дар сайёраи Замин об бисёр аст, вале оби ошомиданӣ хеле кам мебошад. Рушди хоҷагии қишлоқ — соҳаи муҳими хоҷагии халқ, омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ аз об вобастагии бештар дорад. Истифодаи об дар ин соҳа ба нуфузи аҳолӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст.

Академик В. И. Вернадский чунин мегӯяд: «Об манбаи асосии ҳаёт дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ буда, яке аз муҳимтарин ва созандатарин сохтори тамоми мавҷудоти зинда ва ташаккулдиҳандаи манбаъҳои асосии ҳаёт дар сайёраи Замин мебошад».

Донишмандон дар натиҷаи тадқиқотҳои судманди худ муайян намуданд, ки ҳаҷми умумии гидросфера гарчанде ниҳоят бузург бошад ҳам, вале 96 фоизи обҳои рӯи Заминро обҳои шӯр ва талхи уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар қабати гид­росфера ҳамагӣ 2,5 фоизи обҳои тозаи ошомиданӣ вуҷуд доранд, 97,5 фоизи обҳои боқимонда қобили истифода нестанд.

Афзудани шумораи одамон сол аз сол оби тозаро ифлос ва ин боигарии табиатро кам карда истодааст. Об яке аз муҳимтарин моддаи кимёвии муҳити зист ва таркиби инсон буда, баъди ҳаво аз рӯи аҳамият дар ҷои дуюм қарор дорад. Пас чӣ бояд кард, ки оби нӯшокӣ ифлос ва кам нагардад? Ин мушкил ба худи инсон вобаста мебошад. Ин оби ошомиданӣ ба 35,029 млн.км3 баробар аст, ки 69 фоиз дар пиряхҳои кӯҳӣ ва 30 фоизи он дар зери замин ҷойгир аст. Дар дарё ва дарёчаҳо ҳамагӣ 0,006 фоиз аз оби дунё барои нӯшокӣ ҷорист. Барои нигоҳ доштани фаъолияти инсони солим дар як шабонарӯз 2,5 литр об сарф мешавад. Агар инсон 10 фоизи обро аз ҷисмаш бой диҳад, ин ба вайрон шудани мубодилаи моддаҳои бадан оварда мерасонад. 25 фоиз кам намудани оби бадан марговар аст.

Дар Англия дар як шабонарӯз 100 литр об, дар Америка 250 литр ва дар Федератсияи Россия ба ҳисоби миёна 350 литр обро барои истеъмол сарф мекунанд.

Нарасидани оби тоза (нӯшокӣ) ба олудашавии обҳо аз боқимондаҳои обҳои саноат, механикӣ, нақлиётӣ ва хоҷагӣ вобастагӣ дорад. Обҳои ошомиданиро аз ҳама зиёдтар боқимондаҳои коғазу селлюлоза, металлургия, коркарди нефт, заводу фабрикаҳо, соҳаи кишоварзӣ ифлос мекунанд, вале инсон қодир аст бо роҳу усулҳои гуногун обро пок ва безарар намояд.

Ҳоло роҳҳои зерини тозакунии обҳо истифода мешавад: механикӣ, (техникӣ), кимиёвӣ ва биологӣ. Бо роҳи механикӣ тоза кардани об асосан тавассути панҷара, тӯр, филтр ва тагшинкунакҳо безарар мешавад.

Мувофиқи маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, барои обёрии заминҳои корам қариб 25 фоиз об бо роҳи бухоршавӣ ва полоиш (филтратсия) нест мешавад. Олимон ҳоло роҳҳои аз бухоршавӣ ва полоиш эмин доштани ин сарвати бебаҳоро доранд, ки яке аз роҳҳои он якбора ба назди решаи растанӣ овардани об, яъне усули қатрагӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷаҳон истифодаи об дар соҳаҳои саноат то 20 баробар, дар кишоварзӣ — 6 ва дар соҳаҳои хоҷагии коммуналӣ то 7 баробар афзудааст. Нобаробар ҷойгиршавии захираҳои об, пеш аз ҳама, ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад. Дар бисёр давлатҳои соҳили Халиҷ, баҳри Миёназамин, баҳри Каспий, инчунин, Япония ва ҷануби ИМА корхонаҳои махсуси филтркунонии оби баҳр ва аз он ҳосил намудани оби ошомиданӣ сохта шудааст. Байни давлатҳои дунё аз ҳама бештар Қувайт дар мавриди тозакунии об шуҳрат пайдо кардааст. Бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки ба хариду фурӯши оби нӯшокӣ сарукор доранд. Масалан, ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Норвегия аз Нидерландия ва Арабистони Саудӣ аз Малайзия оби нӯшокӣ мехаранд. Ин рақобат ба сар задани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ мусоидат карданаш аз эҳтимол дур нест. Комиссари олӣ ва рӯҳонии Ватикан — Франсиск моҳи январи соли 2018 дар яке аз конференсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ эҳтимоли сар задани муноқишаҳои ҷаҳониро ба мушкилоти об рабт дода, зикр карданд: «Ҳуқуқ ба об яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсон ва ояндаи инсоният аст. Аз худ мепурсам, ки оё мо ба сӯи ҷанги бузурги ҷаҳонӣ барои об равона нестем. Рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонад моро бетараф гузорад. Ҳар рӯз ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол мекунанд. Бояд таваққуф кард ва ин вазъиятро беҳтар намуд. Хушбахтона, ин ғайриимкон нест, аммо фаврӣ аст». Ин ҳушдори ҷаноби Франсиск коршиносону сиёсатмадоронро водор менамояд, ки дар атрофи ин мушкилоти пурмуноқиша боз ҳам зичтар муттаҳид бошанд.

Алҳол дар як қатор давлатҳо хатҳои нефту газ ба воситаи хати қубурҳои трансокеанӣ аз Гренландия ва Антарктида ба Аврупо ва аз дарёи Амазонка ба қитъаи Африқо гирифтани об танзим шудааст. Хушбахтона, кишвари мо — Тоҷикистон аз чунин мушкилӣ дар канор аст. Ҳоло ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ соле 12000м3 об рост меояд ва аз рӯйи ин нишондод, кишвари мо дар байни давлатҳои ИДМ ҷойи аввалро мегирад.

Обҳои минералие, ки мувофиқи таркиби кимиё­виашон ба саломатии инсон фоида доранд, дар кишвари мо фаровонанд. Макони обҳои шифобахш чашмаҳои кӯҳист, ки дар Тоҷикистон адади онҳо зиёда аз 150-то мебошанд. Обҳои минералие, ки хусусияти табобатӣ доранд, инҳо Шоҳамбарӣ, Оби гарм, Хоҷа оби гарм, Гарм­чашма, Ҳавотоғ мебошанд. Муҳимтарин роҳи ҳифзи об, пеш аз ҳама, истифодаи оқилонаи он аст. Умуман, тоза нигоҳ доштани об ва маҷрои ҷӯю дарёҳо, риояи меъёри обёрӣ, ба роҳ мондани технологияи муфиди истифодаи саноатии об на танҳо вазифаи ҳамешагии як шахси масъул, балки қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Кишвари мо, инчунин, аз дарёҳо бой аст. Дарёҳои асосии Тоҷикистон Ому, Панҷ, Сир, Вахш, Зарафшон мебошанд. Панҷ яке аз дарёҳои калонтарин буда , дар тӯли 921 км қад-қади сарҳади ҷанубии ҷумҳурӣ ҷорӣ шуда, аз якчанд шохоб, аз ҷумла, Шоҳдара, Бартанг, Мурғоб, Оқсу, Ванҷ ва ғайраҳо иборат мебошад.

Дарёи Ому аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҷорӣ шуда, аз сарҳади ИДМ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мегузарад. Он 2294 км тӯл дошта, асоси ғизогирии дарёро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин дарёҳо боигарии табиӣ буда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ мекунанд.

Дар дарёҳои Тоҷикистон бунёди як қатор неругоҳҳои нисбатан хурд ва бузурги барқи обӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла дар дарёи Хингоб сохтмони 5 неругоҳ, дарёи Сурхоб — 4, дар дарёи Зарафшон ва дар Фондарё — 4 неругоҳ. Бо вуҷуди татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамагӣ 5-7 фоизи захираҳои гидроэнергетикии мо мавриди истифода қарор гирифта, захираҳои бузург боқӣ хоҳад монд.

Табиат дар назди мо чун китоби кушода аст ва мо бояд онро эҳтиёткорона мутолиа намоем, зеро зиндагии мо бо он вобастагӣ дошта, инсон як ҷузъи он аст. Воқеан, омӯхтани асрори табиат ба осонӣ ба ҳар шахс муяссар намешавад. Қонуниятҳои экологӣ аз мо танҳо талаб мекунад, ки муносибатҳои бераҳмонаи худро нисбат ба табиат ба куллӣ тағйир диҳем. Табиатро аз нестшавӣ, ҳаворо аз заҳролудшавӣ, обро аз ифлосшавӣ ва хокро аз эрозия шудан нигоҳ дорем.

Навҷувон ШАРИФОВ,

Ғулом ҒАРИМАДОВ,

омӯзгорони кафедраи «Математикаи олӣ»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб