Фарзанд азиз, вале одобаш азизтар аст

Масъулияти мактаб дар тарбияи кӯдак

№50 (3351) 07.04.2015

Мусаллам аст, ки таълим бе тарбия намешавад ва тарбия бе таълим. Ин ду рукни асосӣ бо ҳам алоқаманд буда, бе ҳам арзиш надоранд. Барои ҳамин мо- омӯзгоронро лозим аст, ки нисбати ин ду манбаи маънавиёти инсон бетараф набошем, чунки бар зиммаи мо тақдири инсон вогузор шудааст. Давлату Ҳукумат мову шуморо ҳамчун узви бошуури ҷомеа, аъзои пешқадами он вазифадор мекунад, ки барои пешрафти ҷомеа, оромию суботи он дар рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарварӣ, сулҳхоҳию ободкорӣ ва созандагӣ баҳри  гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон насли имрӯзаро ба воя расонем.

Ҳар як корманди муассисаи таълимиро зарур аст, ки қабл аз ҳама ин рисолати таърихии хешро мадди назар дошта бошад. Мутаассифона, баъзан омӯзгороне низ вомехӯранд, ки ҳама айбро то метавонанд бар дӯши волидайн бор мекунанд ва мегӯянд:

- Хонанда дар 24 соати як шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат дар мактаб асту боқӣ дар ихтиёри падару модар. Мазмун: дар таълиму тарбияи хонанда бештар волидайн масъуланд.

Мо ба иззати нафси омӯзгорони муҳтарам расиданӣ нестем, аммо худ тасаввур кунед: ин 5-6 соате, ки кӯдак дар мактаб аст, ҳар дақиқаву соати он зери назорати омӯзгор аст.

Дарси омӯзгор бояд он андоза ҷолибу диққатҷалбкунанда бошад, ки хонанда хоҳиши даме аз он фориғ буданро дар дил напарварад. Тавре ки бузургон гуфтаанд:

Дарси муаллим гар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Дар акси ҳол на муаллим ба ҷое мерасад, на хонанда. Албатта, дар ин масъала оила ҳам беайб нест. Ҳастанд оилаҳое, ки вазифаи падару модарии худро танҳо дар хӯрондан ва пӯшонидани фарзандон медонанду таълиму тарбияи ӯро вазифаи мактаб меҳисобанд. Вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки рафтору кирдори волидайн, тарзи омӯзгор гуфтан, либос пӯшидан, муомила бо одамон, муоширати байниҳамдигарии эшон аз назари кӯдакон дур намемонад ва дар тарбияи онҳо таъсир мерасонад.

Муносибати сарду дағали падару модар фарзандро дуруштгуфтор мегардонад. Дар чунин маврид сухани омӯзгор низ чандон нишонрас нахоҳад буд. Шайх Саъдии Шерозӣ барҳақ гуфтааст:

Партави некон нагирад он ки бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Аз ин рӯ, на танҳо мактаб ва оила, балки аҳли ҷомеа ҳам дар тарбияи насли наврас бояд масъулият ҳис кунанд ва дар ин самт саҳмгузор бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъулияти омӯзгор хеле возеҳу равшан андешаҳояшонро иброз дошта, аз ҷумла  чунин фармудаанд : «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

Муҳаббат РАСУЛОВА, муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе