Ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта барои ривоҷ додани соҳаи пахтакорӣ сокинони бисёр деҳаҳои кӯҳистонро ба водиҳо муҳоҷир намуданд. Оилаи Ҳасан Шарифов низ бо ҳамдеҳагон аз ноҳияи Данғара ба ноҳияи Фархор маскун гашта, минбаъд дар ривоҷу равнақи соҳаи кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ, дар колхози «Коммунизм»-и ноҳия саҳм гузоштанд.
Фарзанди ин хонадон — Ҳомиддин Шарифов соли 1962 синфи 8-ро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб супорид. Ҳомиддин, ки ҷавони меҳнатӣ ва закӣ буд, бо баҳои хубу аъло омӯзишгоҳро хатм намуд. Меҳри хондан ӯро ором намегузошт. Соли 1966 баъд аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорид. Имтиҳони дохилшавиро бомуваффақият супорида, донишҷӯ гашт.
Фаъолияти меҳнатиашро 16-уми сентябри соли 1971 аз вазифаи муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз намуд. Роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон натиҷаҳои кори корманди ҷавон Ҳомиддин Шарифовро қадр намуда, ӯро ба гирифтани рутбаи навбатӣ «лейтенанти калон» ва ба вазифаи сармуфаттиш сазовор донист.
Маҳз дар ҳамин давраи фаъолият қобилият ва тавоноии Ҳомиддини ҷавон аз назари роҳбарияти вазорат пинҳон намонд, кӯшишу ғайрат ва талошҳояшро ба назар гирифта, ӯро ба курсҳои бозомӯзӣ равон намуданд. Аз 28-уми январ то 13-уми феврали соли 1974 дар шаҳри Волгоград, дар факултаи такмили ихтисоси ВКД вобаста ба таҳқиқи дуздии моликияти давлатию ҷамъиятӣ дониши худро сайқал дод.
Қаҳрамони матлаб аз 23-юми майи соли 1975 то 15-уми апрели соли 1976 ба ҳайси сармуфаттиш фаъолият намуда, баъдан раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон таъин гардид.
Ӯ дар вазифаи раиси Суди ноҳияи Ёвон то соли 1986 фаъолият намуда, худи ҳамон сол раиси Суди вилояти Кӯлоб таъин шуд. Дар вазифаи раиси Суди вилояти Кӯлоб то соли 1988 фаъолият намуда, баъд аз таъсиси вилояти Хатлон муовини раиси Суди вилояти Хатлон интихоб гардид.
Соли 1990 Ҳомиддин Шарифов раиси Суди вилояти Кӯлоб таъин гардида, то соли 1993 дар ин вазифаи бомасъулият фаъолият намуд. Дар он шабу рӯзҳои пуртаҳлука дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият кардан осон ва бехатар набуд. Ҳам гурӯҳи навоҳии Кӯлоб ва ҳам минтақаи Вахшонзамин аз мавзеъҳои доғу даргир ва пурхатар ба ҳисоб мерафт.
Азбаски номбурда хоҳони сулҳу салоҳ ва пойдории низоми қонунии кишвар буд, аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадани фарзанди фарзона ва фидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёнаю бунёдкоронаи ӯро дастгирӣ намуд.
Таҷрибаи ғанӣ, касбияти баланд ва масъулиятшиносиашро ба назар гирифта, соли 1995 ӯро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Минбаъд имконият пайдо шуд, ки барои таҳкими сулҳу салоҳ, бунёди ҷомеаи навини дунявию демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон саҳми бештар гузорад. Дар ин вазифаи барояш нав тақрибан як сол фаъолият дошт. Моҳи январи соли 1996 ба ӯ масъулияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар намуданд. Дар ин вазифаи ниҳоят пурмасъулият мавсуф аз имтиҳони нави ҷиддӣ гузашта, малака ва таҷрибаи роҳбариашро ғанӣ гардонид.
31-уми октябри соли 1996 қаҳрамони матлаб ба мақоме, ки ҳанӯз 25 сол муқаддам ҳамчун муфаттиш фаъолияти хешро оғоз карда буд, ба кор баргашт. Ин маротиба ба ҳайси роҳбари аввал, яъне ҳамчун вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳомиддин Шарифов дар даврае роҳбарии мақомоти корҳои дохилиро ба дӯши хеш гирифт, ки дар дасти аҳолӣ, хусусан гурӯҳҳои ҷиноятпеша, миқдори зиёди яроқу аслиҳа қарор дошт. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1996 дар ҷумҳурӣ 13386 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин миқдор 1247 ҳолаташро ҷиноятҳои гурӯҳӣ ташкил дода, дар 513 ҳолат ҷиноят ба воситаи яроқи оташфишон содир гардид. Аз теъдоди умумии ҷиноятҳои содиршуда фоизи кушодашавӣ 41,1 фисадро ташкил медод.
Тезутунд гаштани вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), моҳҳои январи соли 1997 ва июни ҳамон сол барои Ҳомиддин Шарифов имтиҳони аввалин ва хеле ҷиддӣ гардид.
Моҳи январи соли 1997 дар шаҳри Қӯрғонтеппа қувваҳои бадхоҳ дар назди бинои ҳукумат намоиши ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир вазъият зери назорат гирифта шуд. Вале 9-уми июни соли 1997 қисми низомии Бригадаи зудамали президентии № 08001 таҳти роҳбарии полковник Маҳмуд Худойбердиев, воқеъ дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ) дар ноҳияи Сарбанд машқҳои ҳарбию тактикӣ гузаронид. 16-уми июн Маҳмуд Худойбердиев қувваҳои асосии қисмашро ба шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Душанбе бароварда, дар мавзеи Қизилқалъа мавқеъ гирифт. Ин амали ғайриқонунии М. Худойбердиев дар натиҷаи муқобилияти яроқнок бартараф шуда, дар рафти он беш аз 60 корманди Раёсати корҳои дохилии вилоят ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҳалок ва садҳо нафари дигар захмӣ гардиданд.
Бар асари муқовимати шаҳрвандӣ, на танҳо фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои минтақаи Рашт, балки мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ аз кор монда буданд. Баъзе биноҳои шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва идораҳои давлатӣ вайрону ғорат шуданд. Қисми зиёди кормандони милитсияи ин минтақа гаравгон гирифта шуданд. Агар дар миқёси ҷумҳурӣ аз кор рафтани кормандон ва мутахассисони мақомоти корҳои дохилӣ баъзан ба назар мерасид, дар ноҳияҳои водии Рашт ин тамоюл рӯ ба афзоиш буд. Аксари шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои ин водӣ ҳамагӣ аз 25,5 то 46 фисад бо кормандон таъмин буданду халос. Ба мавсуф зарур буд, ки дар ин робита бетаъхир тадбир андешад.
Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷиноятҳои гурӯҳҳои муташаккили яроқбадаст хусусият ва тамоюлҳои нав касб намуданд. Онҳо ҷиноятҳои вазнин, ҳамлаҳои ғоратгарона содир карда, аз ҷойи воқеа ғайб мезаданд. Аксари аъзои ин гурӯҳҳо барои пинҳон кардани амалҳои хеш дар байни мардум зиндагӣ мекарданд ва дар баъзе мавзеъҳо анборҳои яроқҳои замонавӣ доштанд.
Яке аз чунин гурӯҳҳо дастаи Раҳмон Сангинов буд, ки дар ҳудуди колхозҳои «Роҳатӣ» ва ба номи «Телман»-и Шӯрои деҳаи Қиблаии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ҷойгир шуда буд. Раҳмон Сангинов (таваллудаш — соли 1963), ки бо лақабҳои «Гитлер», «Ҳазрат» ва «Темурланг» маъруф буд, яке аз ҷанговарони фаъоли дастаи Ризвон Содиров буд. Баъдтар ба ин гурӯҳи муташаккили Мансур Муаккалов (таваллудаш — соли 1973) бо лақаби «Шайх» пайваст. Ин гурӯҳ, ки дар ибтидо аз 100 нафар беш набуд, тадриҷан ба 600 расид. Кирдорҳои онҳо хусусияти зиддиҳукуматӣ пайдо карда, аз як тараф дар байни аҳолӣ тарсу ҳарос ва аз тарафи дигар нафратро ба вуҷуд оварда буд.
Баъд аз ҷамъбасти муваффақонаи амалиёт ба безарар намудани ин тоифа бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳомиддин Шарифов рутбаи навбатии генерал – полковник дода шуд. Номбурда мунтазам таъкид мекард, ки ин рутбаро Роҳбари давлат барои кори пурсамари тамоми вазорат ба ӯ додааст ва воқеан ҳамин хел ҳам буд. Бо таклифу дархост ва пешниҳодҳои ӯ ба даҳҳо қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид шуданд, ки ба беҳтаршавии фаъолияти милитсия мусоидат намуданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар Академияи ВКД китоби «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки он дастури рӯимизии кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, амният, адлия, корҳои дохилӣ ва дигар соҳаҳо аст. Илова бар ин, маҳз дар давраи вазирии ӯ садҳо фармон, низомномаву оинномаҳо, дастурамалҳою санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.
Ҳомиддин Шарифов дар баробари мутахассиси ботаҷриба будан ба санъат арҷ мегузошт. Бо дастгирию талошҳои ӯ ансамбли эстрадии назди Вазорати корҳои дохилӣ «Сипар» шуҳратёр гардид.
Ҳамчунин, ӯ ба кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани савия ва малакаи касбии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Бо пешниҳоду дастгириҳои ӯ Мактаби олии милитсия соли 2000 ба Академияи ВКД табдил дода шуд.
Ӯ расо даҳ сол ин сохтори пурқудрату муҳими ҳокимияти давлатиро роҳбарӣ намуд. Баъд аз Бобо Маҳкамов, Ҳомиддин Шарифов дуюмин нафаре мебошад, ки солҳои вазирӣ барои ин марди меҳнатдӯст марҳилаи заҳмату талошҳо ва хизмату садоқат ба халқу Ватан буд.
Ҳашт соли роҳбарии Ҳомиддин Шарифов пурра дар набарди зидди гурӯҳҳои ғайриқонунии муташаккили яроқнок сарф гардид. Дар давраи роҳбарии Ҳомиддин Шарифов Вазорати корҳои дохилӣ тадриҷан обрӯи пештараашро, ки солҳои муқовимати шаҳрвандӣ каме коста гашта буд, баргардонид.
Соли 2007 ӯ аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Дар парлумон роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба зимма дошт. Вале риштаи ҳаёти ин марди наҷиб бо сабаби беморӣ бармаҳал канда шуд.
Ҳомиддин Шарифов, воқеан ҳам, марди нексиришту ба халқу Ватани азизаш содиқ буд. Хизмати содиқонааш бо ордену медалҳо ва мукофотҳои гуногун, аз ҷумла ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 2 (соли 2006) ва ордени «Пётри Кабир» дараҷаи 1 (соли 2006), 13 медал, 19 нишони сарисинагӣ, 13 мукофоти молию пулӣ ва раҳматномаҳою сертификатҳои гуногун қадр шудааст.
Ӯ падари ғамхору меҳрубони 9 фарзанд, 4 писару 5 духтар буд, ки ҳама соҳиби маълумоти олианд. Фарзанди калонӣ ва хурдӣ пайрави падар гашта, ҳар ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд.
Иноят АДОЛАТОВ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
устоди Академияи ВКД