Ба ифтихори 100 - солагии Муҳаммад Осимӣ

Машъалафрӯзи ҳаёти мардум

№108 (4214) 05.09.2020

Ёде аз вакили Шӯрои Олии ИҶШС Муҳаммад Осимӣ

ОсимиМуҳаммад Осимӣ ҳамчун ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ вакили  Шӯрои Олии ИҶШС, узви КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, раиси Ҷамъияти «Дониш» -и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи Шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми ­араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд.

Ин шахсияти таърихӣ, машъалафрӯзи ҳаёти мардуми Тоҷикистон миллатро дар арсаи байналмилалӣ ба туфайли осори гаронбаҳояш муаррифӣ намудааст. Ӯ ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳиб­истиқлолӣ   дар хизмати халқу Ватан қарор дошт ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, болоравии эътибори кишвар дар сатҳи байналмилалӣ кӯшиш намуд.

Вайро дар давоми панҷ соли иштирок дар набардҳои хунин фашистони истилогар кушта натавонистанд ва ӯ ҳамчун яке аз қаҳрамонони он ҷанг ба Ватан баргашт, вале аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳони миллат ба қатл расид. Нақшаҳои созандаи вай дар соҳаи илму маърифат бояд барои пешрафти кишвар хизмат мекарданд. Аммо душманони миллат бо анҷом додани амали нангин нагузоштанд, ки орзуҳои ин олими забардаст амалӣ гарданд.

Субҳи 27-уми июли соли 1996 ин олими шинохтаю тавоно аз ҷониби нохалафони наҳзатӣ — душманони тоҷику тоҷикистонӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна ба қатл расонда шуд. Қатли Осимӣ ин буғӣ кардани илму дониш, нобудсозии маърифату пешрафт буд.  Бо куштани Осимӣ душманони миллат, ки бештарашон ҳаводори исломи сиёсӣ буданд, мехостанд рушду нумӯи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароӣ роҳ кушоянд. Аммо террористони наҳзатӣ ба ҳадафҳои нопок нарасиданд, чунки рӯҳияи озодихоҳона, маърифатпарастӣ ва тараққиписандии мардумро шикаста натавонистанд. Балки худи онҳо маҳву нобуд  гардиданд.

Ҳоло дар кишвар ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Сарвари давлат илму дониш рушд мекунад. Корнома ва ташаббусҳои Муҳаммад Осимиро олимону зиёиёни тоҷик идома медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ӯ гузоштанд.

Агар умр вафо мекард, Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ ба синни мубораки 100 мерасид. Хотираи неки устоди бузургу тавоно Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Умед ПУДИНАЕВ,

ходими калони илмии АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон