Омӯзгор шарафмандтарин шахс дар ҷомеа аст, имрӯзу фардои кишвар ба фаъолияти ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ӯро эҳтиром мекунанду дар борааш бо меҳру ихлос сухан мегӯянд.
Аҳли қалам дар ситоиши омӯзгор ҳамчун ояндасози миллат бо камоли эътиқод шеъру ҳикоя, рисолаву мақолаҳо навиштаанд ва самимона ситоишаш кардаанд. Адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастае аз ин ситоишномаҳои меҳроинро дар китоби «Меҳри устод» гирд оварда, бо ибтикори ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба нашр расонид. Китоб аз ду қисм («Фарди бузургвори даврони мо — муаллим» ва «Ҷаҳон равшан зи нури хиради ӯст») иборат буда, бо барчидаи суханони ҳикматомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Зери унвони «Ҳаққи устод аз падар беш аст» беҳтарин гуфтори абармардони хирадсолори ҷаҳон дар мадҳи омӯзгор гирд оварда шудааст. Қисми аввали китобро асосан як силсила шеърҳои пурмуҳаббат ташкил медиҳад, ки ба қалами шоирони номваре чун Боқӣ Раҳимзода, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодир Шанбезода, Убайд Раҷаб, Моили Ҳиравӣ, Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Ҳақназар Ғоиб, Сайдалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ ва Ато Мирхоҷа мансубанд.
Навиштаи самимӣ ва эътиқодмандонаи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, профессор Нуриддин Саид бо номи «Омӯзгор пайвандгари имрӯзу фардост» оғозбахши қисми дуюми китоб гардидааст. Нигоштаҳои дигари ин қисм, ки муаллифонашон донишмандони маъруф ва адибону рӯзноманигорони шинохта М. Лутфуллоев, Ф. Абдулло, С. Абдулло, Фарзона, Д. Ӯроқов, Ю. Юсуфӣ, Д. Раҳимӣ, М. Салим, Ҷ. Саидзода ва Ҳ. Назаралӣ мебошанд, мазмуну муҳтавои китобро боз ҳам такмил бахшидаанд.
«Меҳри устод» таҷассумгари мартабаи волою ифтихори омӯзгор дар ҷомеаи мутамаддин буда, меҳру муҳаббати ҳамагонро нисбат ба ӯ дар қалби хонанда ҷой мекунад.
Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»