6-уми майи соли 1996 аз дасти қотилони хуношоми наҳзатӣ риштаи умри ходими намоёни давлатӣ ва илми тоҷик, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС, профессор Минҳоҷ Ғуломов барканда шуд. Аз ин фоҷиа солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, аммо кору пайкор ва хидматҳои шоёни ин ходими сарсупурдаи илми тоҷик дар хотираи аҳли илму адаб ва фарҳангу маърифат нақши ҷовидон дорад.
Минҳоҷ Ғуломов то охири умр ҳамчун сармутахассис-психиатри Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз аввалин нафаронест, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморхонаи наркологӣ бо шуъбаи эҳёгариро ташкил намудааст. Номбурда 26 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият дошт. Ӯ муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расонидани кумаки психиатрӣ» мебошад. Ҳамчун мутахассиси варзида ҷонишини раиси Ҷамъияти умумииттифоқии илмии психиатрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ буд ва солҳои охири ҳаёт ба ҳайси ноиби президенти Федератсияи ҷамъиятҳои илмӣ ва Ассотсиатсияи психиатрҳову наркологҳои мамлакатҳои ИДМ, инчунин президенти Ассотсиатсияи психиатрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дошт.
Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати соҳибхираду илмофари тоҷик аст, ки донишманди пуртаҷриба ва табиби ҳирфаӣ Минҳоҷ Ғуломов соли 1986 узви Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии психиатрҳо интихоб гардида, ягона олими даврони шӯравӣ буд, ки дар ин ташкилоти бонуфузи байналмилалии тандурустӣ коршинос (эксперт) оид ба масъалаҳои психиатрия ва наркология таъин гардид.
Ба қалами ин донишманд ва муҳаққиқи маъруф зиёда аз 377 таълифоти илмию методӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 18 монографияи илмӣ, 35 тавсияи методӣ ва ихтироот, инчунин 15 кори илмии дар мамлакатҳои хориҷи дур нашршуда, тааллуқ доранд.
Китоби дарсии таълифнамудаи Минҳоҷ Ғуломов «Психиатрия», ки соли 1993 чоп шудааст, ҳоло ҳам дар доираҳои илмии тибби кишвар ва хориҷи дуру наздик дар истифода мебошад. Айни ҳол падидаҳои психопатологии гуногунияти психозҳо, ки онҳоро ин муҳаққиқи бузурги соҳаи тиб дарҷ намудааст, дар илми тибби муосир номи ӯро гирифтаанд. Инҳо: Варианти галлюсинатории синдроми автоматизми психикии Ғуломов (Гулямова галлюцинаторный вариант синдрома психического автоматизма), Галлюсинатсияи даҳону гулӯгии Ғуломов (Гулямова ротоглоточные галлюцинации), Синдроми Кандински-Клерамбо- Ғуломов (Синдром Кандинского-Клерамбо-Гулямова) ва ѓайра. Бо роҳнамои Минҳоҷ Ғуломов 35 нафар номзад ва 3 нафар доктори илм гардидаанд.
Минҳоҷ Ғуломовро дар якҷоягӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Юсуф Исҳоқӣ ва ронандаи мошини хизматии донишгоҳ Виктор Худяков хоинони ватану миллат дар бунбасти кӯчаи Варзоб ГЭС-и Поёни шаҳри Душанбе, назди хонаи 10 бераҳмона ба қатл расониданд.
Куштори ин фарзандони ҳушманду илмофари миллати тоҷик бо дастури наҳзатиёни террорист, аз ҷониби қотилону одамкуш ва дастпарвари гурӯҳҳои ҷиноии наҳзатиён, Раҳмон Сангинов бо лақаби Раҳмон- Гитлер амалӣ шуд.
Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон наҳзатиёни террорист ба хотири ба даст овардани ҳукумат ва сохтани давлати исломӣ дар талошу иѓвогарӣ ва назоъангезӣ дар миёни мардум буданд. Бо гузашти як сол аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон наҳзатиёни бадманиш бо иѓвову дасиса ва сӯиистифода аз дину мазҳаб тавонистанд мамлакатро ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намоянд.
Агар ба воқеияти таърихӣ назар андозем, чунин хоинони миллату давлатро дар симои ташкилоти экстремистӣ ва террористии наҳзати ислом мушоҳида намудан мумкин аст, зеро маҳз фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ дар Тоҷикистони пасошӯравии солҳои 90-уми асри гузашта яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат ба шумор меравад.
Дар он солҳои пурошӯб ва аз лиҳози сиёсӣ мураккаб аъзои ташкилоти террористии наҳзати ислом ба ѓоратгарӣ ва куштори аҳолии осоишта, бахусус шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистони соҳибистиқлол даст мезаданд. Барои онҳо миллату давлат ва истиқлолияти онҳо ҳамчун арзиши олӣ вуҷуд надошта, бо дастури хоҷагони хориҷии худ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар ватани биҳиштосоямон сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумро халалдор намоянд.
Бешубҳа, мардуми Тоҷикистон, ки дар даҳсолаи аввали истиқлолияти давлатӣ аз дасисаву иѓвоангезии ин ҳизби ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхташуда дарси бесобиқаи таърихӣ гирифтааст, минбаъд ба иѓвои навбатии аъзои бемиллату беватани он дода намешавад. Зеро дилхоҳ фард, ки худро фарзанди асили ин сарзамин меҳисобад, барои пойдории ягонагии марзу буми Ватан, мустаҳкам гардидани ваҳдати миллӣ, барои баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд намуда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи дасисаҳои пайравони ин ҳизби хоин нахоҳад шуд.
Варақгардон намудани зиндагиномаи Минҳоҷ Ғуломов барои насли ҷавони замони соҳибистиқлолии кишвар сабақомӯз мебошад, зеро барои расидан ба чунин рӯзҳои пурсаодат маҳз олимону донишмандон кӯшишу талош намуда, ҷони худро барои пешрафти илм бохтаанд.
Аз зиндагиномаи Минҳоҷ Ғуломов бармеояд, ки ин донишманди соҳибнуфуз 3 сентябри соли 1923 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1952-1954 ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС, 1954-1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский, 1957 — 1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, 1960-1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли1974 ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.
Бо ибтикори ӯ дар мамлакат аввалин марказҳои эҳёи психиатрии кӯдакон таъсис дода шудаанд. Соли 1964 М. Ғуломов ба унвонҳои Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булѓористон сазовор ва соли 1986 эксперти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи психиатрия ва наркология таъин гардид.
Мероси илмии ӯ бештар ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Бори нахуст алоқаи патогенез (сарчашма)-и алоими Кандинский (автоматизми рӯҳия) — ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения — маҷзубият), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст.
Донишманди пуркор ва олими мумтоз Минҳоҷ Ғуломов муаллифи беш аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ буд. Китобҳои дарсии «Луѓати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ» (Киев, 1984), «Психиатрия» (Душанбе, 1993), «Равонпизишкӣ» (Душанбе, 1996), дастурҳои таълимии «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонӣ», «Таваҳҳуми даҳонуҳалқӣ», «Алоими Кандинский-Клерамбо» ба қалами вай тааллуқ доранд.
Ин олими намоёни соҳаи тибби Тоҷикистон «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (1977), ордени «Ленин», ордени «Револютсияи Октябр», ду ордени «Нишони фахрӣ», нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз марг), медал ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавиро сазовор гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шуд.
Агар риштаи умри академик Минҳоҷ Ғуломов фоҷиабор аз дасти қотилони наҳзатӣ канда намешуд, соҳаи тибби кишвар боз ҳам бештар рушду нумӯъ мекард ва шуҳраташ дар дунё афзун мегардид. Воқеан, ҳар кӣ он даравад, ки киштааст. Имрӯз фаъолияти ташкилоти террористии ҳизби наҳзат мамнӯъ гардидаву тарафдорону ҳаводорони иѓвогару дасисапароканонаш барои мардуми кишвари мо нафринзада боқӣ мондаанд, вале номи неку хотираи неку асарҳои ҷовидонии донишманди мумтоз ва олими намоёни соҳаи тиб Минҳоҷ Ғуломов ҳамеша дар хотири олимону донишмандон ва кулли мардум боқӣ мемонд. Равонаш шод бод!
Ардамеҳр АШУРЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ