Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мехоҳаду марди куҳан.
Далер Шарифов бо навиштани мақолаи «Рисолати рӯшанфикр чист?» («Озодагон», №47(452), 7 декабри соли 2016, саҳ. 11) гӯё дифоъ аз қишре кардааст, ки «бедифоъ» мебошад.
Муҳтавои ин мақола фитнае беш нест, зеро бе ягон нишондоди мушаххас, гӯё гурӯҳе дар ҷомеа исломситезӣ мекунанд. Дар ҳоле ки дар ҷомеаи дунявии тоҷик беш аз 4000 масҷид, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Аз ин хотир, аввалан, бояд муаллиф муайян мекард, ки кадоме аз гурӯҳҳо ё нафароне бар арзиши фарҳангии гузаштагон ҳуҷум ва тавҳину таҳқири дини мубини ислом кардаанд.
Баъдан, агар худро «аллома» медонист, меъёри рӯшанфикрии худро пешниҳод мекард ва дар доираи ин меъёр рисолати рӯшанфикрони ҷомеаи моро мунсифона арҷ мегузошт. Аммо, чӣ хеле ки аз мушоҳида ва бардошти пур аз таҳрифу таноқузи ӯ бармеояд, бо ин навиштааш мехоҳад фитна ва хусумату уқдаҳои фитрию зотии худро аз номи мусалмонҳои кишвар истифода карда, ҳамчун «ҷавонмард» ба дифои онҳо бархезад. Дар ҳоле ки худ ниёз ба омӯзишу парвариш дорад. Барои ташхиси воқеияти ҷомеаи мо ва ҷаҳон қобилият ва дониши илмию фалсафӣ зарур аст ва ин рисолат масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб мекунад, на таҳқиру тавтеаро.
Омили бархӯрди манфиати қудратҳо дар ҷаҳони муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Яке аз омилҳои бисёр таъсирбахш дар ҷангҳои иттилоотӣ ин фитна, ҳангомаҷӯйии рӯзноманигорон ва баъзе аз олимони беҳувият мебошад.
Фитна як фишанги қудратҳои имрӯзи султаҷӯ аст, ки барои фалаҷ сохтани эҳсосу андешаи дигарандешон равона мешавад. Фитнаҷӯён унсурҳоеанд, ки барои фазосозии қудрати манфиатхоҳон ҳамчун донаҳои нард дар фазои ҷомеа андохта мешаванд, то бо ҳар шакле, ки меафтад, аз ӯ манфиате ба даст оранд, новобаста аз он ки дар кадом шакле қарор дорад. Далер Шарифов яке аз ин нарддонаҳоест, ки дар фазои иттилоотии кишвар ба бозӣ дароварда шудааст.
Агар мо ба муҳтавои ин гуфторгунаҳои ғалати Шарифовҳо (Меҳмоншо Шарифзода ва Далер Шарифзода) аз дидгоҳи дини мубини Ислом ва абармардони фарҳанги мо мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон назар кунем, магар он фаҳшҳое, ки дар дарбори аббосиён ва манғитиён сурат гирифтааст, ба меъёрҳои ахлоқии ислом ва ё ба меъёрҳои имрӯза ва гуфтаҳои гузаштагони мо мувофиқанд?
Магар танқиди чунин фаҳш ва андешаҳои баъзе аз «бузургон»-е, ки Ибни Сино ва чанд нафари дигарро мисли Ҳаллоҷу Айнулқуззот Суҳравардии Мақтул, ки рамзи бедории андешаи миллии мо буданд ва дар 20 нукта (М. Ғаззолӣ) ба куфру зиндиқа муттаҳам сохта, ҷисман нобуд карданд, мояи нигаронӣ, тавҳин ва таҳқир аст?
Ҳар касе ки ҳарфе аз рӯшангариву рӯшанфикрӣ мезанад, аввал ҳадди ақал бояд аз гузашта каме огоҳ бошад ва воқеияти таърихиро дарёбад ва дар партави ин андешаҳо худро шиносад.
Агар мо андешаҳои «аллома» Далер Шарифовро бо андешаи гурӯҳҳои ифротӣ муқоиса намоем, ҳеҷ фарқе дар байни онҳо намебинем. Магар мисли ҳамин «алломаҳо»-и ифротӣ набуданд, ки тӯли 1400 сол бедорфикрон, ҷавонмардон, дигарандешонро ба дор мекашанду мекушанд. Магар онҳо набуданд, ки бо гуфторҳои ғалати худ ҷомеаи шарқи исломиро то ба ҳадди сифр маҳдуд намуданд?
Ҷомеаи имрӯзи моро вабои ифроту тарсафкание бо номи «исломи сиёсӣ» фаро гирифтааст, ки эҳсос ва андешаҳоро шикаста, фалаҷ сохтааст.
Ин даҳшатафканиву тарсе, ки аз тарафи «алломаҳои анархист» ба ҷомеаи ҷаҳон таҳрик ва роҳандозӣ мешавад, магар мушкилӣ нест? Анархистҳо, ки бо даҳшатафканӣ, ғорат, фасод, бераҳмӣ, генотсид ва дигар шаклҳои террори фардию ҷамъиятӣ дар тӯли 1400 сол як миллати озода ва ҷамшедиро ба ғулом, беватан, гадо, бечора, таслимшуда ва худбохта табдил сохтанд, мехоҳанд, ки мардум ҳамаро сарфи назар кунанд ва боз назди чунин фарзандони нохалаф ва гумроҳ хушомад зананд?
Имрӯз рисолати ҳар рӯшанфикри миллат он аст, ки худаш тақдири хешро бинависад. Набояд чунин гумроҳон ва худбохтагон рисолати рӯшанфикрии ӯро муайян кунад.
Ба назари мо, рӯшанфикр бояд эҷодкор, миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дошта, ифротӣ ва хурофотӣ набошад.
Нисбат ба зиндагӣ хушбин ва идеали ӯ саодати инсон дар ҷаҳон бошад.
Ин меъёрҳо оинаеанд, ки бояд ҳар шахси озодандеш ва бедору огоҳ дар он акси худро бубинад ва бидонад, ки кист.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ