Хабари марги дӯст, ҳамкор ва ҳампешаамон Акбаралӣ Сатторовро (Акбари Саттор) ногаҳонӣ шунида, мо, аҳли заҳмати рӯзномаи «Садои мардум», ниҳоят ғамгину озурдахотир гардидем. Ҳатто, дар ибтидо, бовар накардем, аниқтараш бовар кардан ҳам намехостем. Э кош, ин хабари нохуш дурӯғ мебаромаду мо боз гирди як дастурхон менишастем. Ёд дорем, ки ҳамагӣ чанд моҳе пеш ин дӯсти азизи мо 50-солагии зодрӯзашро бо ҳамкорону ҳамқаламонаш хоксорона ҷашн гирифта буд. Дар ҳаққаш суханҳои нек садо доданд. Ҳама таманно доштанд, ки ба сад дарояд.
Афсӯс, риштаи умрашро миқрози аҷал кӯтоҳ кард. Акбари Саттор рӯзноманигори боистеъдод, директори генералии ҶДММ «Чархи гардун» ва нуҳ сол боз раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Моҳи ноябри соли 1990, баъди хатми Университети давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов (ҳоло Санкт-Петербург), чаҳор моҳ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба сифати мухбир кор кардааст. Сипас, ба рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад.
Давоми чор сол дар ин нашрияи бонуфуз ба сифати мухбир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ фаъолият намуд.
Акбари Саттор ҳамчун журналисти навҷӯю навовар муассиси аввалин ҳафтаномаҳои хусусӣ буд.
Ӯ ҳанӯз соли 1994 ҶДММ «Чархи гардун»-ро таъсис дода буд, ки дертар ҳафт ҳафтаномаро дар бар мегирифт. Ин рӯзномаҳо дар ташаккули журналистикаи тоҷик ва тарбияи журналистони ҷавон саҳми бағоят калон гузоштанд. Имрӯзҳо шогирдонаш дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ сарбаландона кору эҷод мекунанд ва хешро боифтихор шогирди мактаби эҷодии Акбари Саттор меҳисобанд.
Солҳо мегузаранд, вале номи неки Акбари Саттор чун журналисти боистеъдод ва навҷӯй, бунёдгузори нахустин ҳафтаномаҳои хусусӣ ва устоди даҳҳо журналистони ҷавон дар дили дӯстону ҳамқаламонаш боқӣ мемонад.
Роҳи охиратат равшану манзили абадат обод бошад, дӯст ва ҳамкори бармаҳалрафтаи мо!
Ба қавли шоир:
Мо дар ғами ӯ обу адоему фигорем,
Дар сӯзу фироқаш ҳама дам ашк биборем.
Чун марг рабудаст зи мо ҳамсафи дилсӯз,
Мо, аҳли сухан, хотирааш пос бидорем.
Роҳбарият ва кормандони рӯзномаи «Садои мардум»