Моҳияти кишти такрорӣ ва содироти сабзавоти барвақтӣ

№11 (4431) 18.01.2022

ФруктТоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ буда, барои татбиқи сиёсати аграрӣ, ноил шудан ба ҳосилнокии баланд, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ҳамин замина барои афзунгардонии содироти сабзавоти барвақтӣ дар ҷумҳурӣ шароити хуби истеҳсолӣ муҳайёст.

Дар водиҳои мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шароити парвариши сабзавот дар давраҳои гуногуни сол фароҳам мебошад. ­Навъҳои гуногуни сабзавот, ки хусусияти биологии фарқкунанда доранд, ба гурӯҳҳои гармидӯст ва ба хунукӣ тобовар мансуб мешаванд. Гурӯҳи аввал, помидору бодиринг, қаламфур ва боимҷонро дар бар гирад, пиёз, карам ва сабзӣ зироатҳои ба хунукӣ тобовар мебошанд. Маҳз, ба хунукӣ тобоварии онҳо боис мегардад, ки истеҳсоли ин маҳсулоти ниёзи мардумро ба роҳ монем ва содирот кунем, дар ҳоле ки шароити мусоиди истеҳсоли чунин маҳсулот дар дигар кишварҳо нест.

Иқлими водиҳои Вахшу Ҳисор ва ноҳияҳои таҳдашти вилояти Суғд аз ҳамдигар фарқ доранд. Дар водии Вахш ва ноҳияҳои дар водибудаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пиёзи барвақтиро дар давраи кишти нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз намуда, ҳосили онро дар нимаи дуюми моҳи апрел-аввали май ғунучин менамоянд. Пиёз чун зироати ба хунукӣ тобовар дар давраи тирамоҳ — зимистон — баҳор нашъунамо намуда, вобаста ба навъи парваришшаванда ҳосилнокии 35-45 т/га ва аз ин ҳам зиёд ҳосил медиҳад. Бе истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ ҳосили баланди пиёзро гирифтан ғайриимкон аст. Миқдори пешниҳодшудаи ғизо ва муҳлати истифодаи нуриҳои минералӣ вобаста ба ҳолати хок ва агротехникаи истифодашаванда тағйир меёбад. Ҳама меъёри нуриро пеш аз шудгор ё ҳамчун нурии иловагӣ дар давраи нашъунамо истифода бурдан мумкин аст. Бо сабаби нисбатан нарм будани обу ҳаво пиёзи барвақтӣ дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои дар водӣ ҷойгирбудаи вилояти Суғд асосан дар нимаи дуюми моҳи май — аввали июн пухта мерасад ва ҳосилнокиаш ба ҳосилнокии пиёзи барвақтии вилояти Хатлон қариб баробар мебошад.

Навъҳои тавсияшаванда барои парвариши ҳосили бехпиёз дар давраи тирамоҳ-зимистон-баҳор, навъҳои маҳаллӣ: «Аброрӣ», «Ҳисорӣ» ва навъҳои бурунмарзӣ: «Алдоба», «Тунис», «Сибир» мебошанд. Баъди ғунучини ҳосили пиёз дар вилояти Хатлон пахтаи миёнанах (2,2-2,5 т/га), ҷуворимаккаи дон (60-70 т/га), зироатҳои сабзавотӣ: бодиринг (20-25 т/га), помидор (25-30 т/га), полезиҳо: харбуза (25-30 т/га), тарбуз (30-35 т/га), каду (18-20 т/га) ва ғайраҳо парвариш кардан имкон дорад.

Дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд, баъди ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ, парвариши полезиҳо: харбуза (20-25 т/га), тарбуз (25-30 т/га), ҷуворимаккаи дон (5,0-6,0 т/га), лӯбиёдонагиҳо (2,0-2,3 т/га), офтобпараст (1,8-2,0 т/га) имконпазир аст.

Пиёзи барвақтиро дар ин минтақаҳо баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, лӯбиёдонагиҳо, картошкаю бодиринги барвақтӣ ва ғайра кишт ва парвариш намудан имконпазир мебошад.

Талабот ба пиёзи барвақтӣ чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он, хусусан дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон хеле зиёд аст.

Зироати дигари дорои ҳосилнокии баланду серталаб ва дорои даромаднокии иқтисодӣ карами барвақтӣ мебошад. Давраи парвариши он дар вилояти Хатлон, водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз даҳаи сеюми моҳи декабр то даҳаи сеюми моҳи феврал — давраи тайёр кардани парварда (кӯчат) — ро дар бар гирад, моҳҳои март — охири апрел-май ба давраи парвариши ҳосили каллакарами барвақтӣ рост меояд. Барои тайёр кардани парварда иншооти муваққатӣ ё доимии плёнкапӯшшуда, бе истифодаи гармии иловагӣ басанда аст. Меъёри зарурии тухми карам барои парварда дар 1 гектар замин 0,3 килоро ташкил медиҳад.

Нақшаи шинонидани парварда дар замини кушод вобаста ба сифати хок 60 (70) см / 30 см буда, дар як гектар ба 47-50 ҳазор бех баробар аст. Давраи шинонидани парварда ба замини кушод даҳаи сеюми феврал — якуми мартро дар бар мегирад. Аз ин муҳлат дертар шинонидани парварда ба ноил гаштан ба ҳосилнокии баланд монеа мешавад.

Дар охири моҳҳои апрел, май ва июн талабот ба ҳосили каллакарами аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ниҳоят зиёд аст. Ҳосилнокии каллакарами сафеди барвақтӣ аз ҳар гектар 30-40 тонна ва аз ин ҳам зиёдро ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳосили каллакарами барвақтиро фақат бо истифода аз ­навъҳои махсуси тавсияшуда, ба монанди «рақами як» (номер первый Грибовская 149), июнӣ — 30 ва дигар навъу дурагаҳо парвариш кардан ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Парвариши навъҳои миёнапазу дерпаз дар ин давра ҳосили хубу хушсифат дода наметавонанд.

Ҳосили бехмеваи сабзӣ тамоми сол, дар намуди пухтупазшуда ва ё коркардшуда (шарбати сабзӣ, хӯришҳо) истеъмол карда мешавад.

Сабзии кишти барвақтӣ водиҳо ва миёнапаз дар минтақаҳои наздикӯҳию кӯҳӣ, асосан барои истеъмол дар дохили мамлакат истифода мегардад ва ҳосилнокии нисбии сабзии барвақтӣ дар водиҳо (20-25 т/га) назар ба минтақаҳои наздикӯҳию кӯҳӣ (40-45 т/га) хеле паст буда, барои нигоҳдории муҳлатнок ҷавобгӯ нест.

Ҳосили баланди сабзиро дар кишти так­рорӣ, баъди ғунучини ҳосили ғалладонагӣ, пиёзу картошкаи барвақтӣ ва лӯбиёдонагиҳо ба даст овардан мумкин аст. Парвариши бехмеваи сабзӣ нимаи дуюми моҳи июл — октябр (бо сабаби хеле паст шудани ҳарорати ҳаво дар ин давра), ба талаботи биологии ин зироат ҷавобгӯ буда, ҳосилнокии баланд (40-50 т/га) дошта метавонад.

Бехмеваи дар ин давра парваришшуда дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор, барои истеъмол мавсимҳои тирамоҳ — зимистон — баҳор равона карда мешавад. Вале бехмеваи кишти такрории сабзиро дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор, бояд дар тирамоҳ ғунучин намуда, онро дар анборхонаҳои махсусу сардхонаҳо ва чоҳу иморатҳои мутобиқгардонида нигоҳ дошт.

Кишти такрории сабзӣ дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон — Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, бо дарназардошти иқлими нарм дар зимистон, бевосита дар замини кишт мумкин буда, ҳосили бехмева хушсифат мегардад. Вале дар назар дошт, ки бехмеваи саб­зиро дар ин минтақаҳо, дар ҷои парваришаш то фарорасии нашъунамои соли дуюм (давраи дуюм) ҷамъоварӣ бояд кард. Дар акси ҳол, ғунучин накардани ҳосили бехмеваи сабзии кишти такрорӣ, вақте ки сабзиш кард, қисми мобайнии он чӯб мегардад ва сифати молиаш паст гашта, харидор пайдо намекунад.

Аз ин лиҳоз, ҳосили хушсифати сабзии кишти такрориро сари вақт ҷамъ карда, дар сардхонаҳо нигоҳ ва баъдан ба фурӯш баровардан мақсаднок шуморида мешавад. Бо дарназардошти ҳосили баланду хушсифат доштан сабзии кишти такрории ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлонро ба содирот равон кардан мақсаднок буда, он иқтидори содиротии кишварро афзун мекунад.

Ҳосилнокии баланду хушсифати бехмеваи сабзиро дар кишти такрорӣ бо истифода аз навъҳои тиллоранг, мирзоии сурх, як қатор навъ ва дурагаҳои бурунмарзӣ ба даст овардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки парвариши пиёзу карами барвақтӣ ва ҳосили кишти такрории сабзӣ дар водиҳои ҷумҳурӣ, захираи аслии зиёд кардани қобилияти содиротии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад кори ҳамбастагии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо саҳми калон дорад.

Парвариши ин навъи зироатҳо заминаи боэътимоди ба даст овардани ду — се ҳосил дар заминҳои обии минтақаҳои номбаршударо таъмин намуда, дар баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳа заминаи мусоид ба амал меорад.

Бо ин мақсад ҳар сол гузаронидани ярмаркаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои бастани шартномаҳои тарафайни хариду фурӯши маҳсулот ва сари вақт даст­рас намудани он ба харидор гарави пешбурди самараноки соҳа ба ҳисоб меравад.

Амалигардонии ин пешниҳодҳо аз як тараф, ба таъмини талаботи аҳолӣ бо саб­завоти тару тоза, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва ба содирот равона кардани сабзавоти барвақтӣ, бо дарназардошти мавҷуд будани талаботи зиёд мусоидат кунад, аз тарафи дигар, самаранокиаш дар баланд бардоштани иқтидори молиявии мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин ҷода фаъолияти дастаҷамъонаи хоҷагидорону ҳокимиятҳои маҳаллии идораи давлатӣ ва дигар ниҳодҳои вобастаи соҳаи кишоварзӣ зарур аст.

Т. АХМЕДОВ,

профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур,

 академики Академияи кишоварзии Тоҷикистон