Худованд модарро нисбати фарзанд он қадар дилсӯз офаридааст, ки ба ӯ чизе баробар шуда наметавонад. Агар узве аз бадани фарзанд ба дард ояд, модар сар то по ғарқи дард мегардад. Ҷону дилаш месӯзад, дасту пояш меларзад, гӯё дунё меларзида бошад. Мо — фарзандон чӣ?
Модареро медонам, ки ҳамагӣ 50 сол дорад ва беш аз 26 сол боз ба бемории фалаҷи аз миён поён гирифтор буда, бистарӣ аст. Фарзанди ягонааш Шаҳобиддини бисту ҳаштсола ёд надорад, ки модараш ба ин беморӣ чӣ тавр гирифтор шудааст. Танҳо аз рӯйи нақли модар медонад, ки 26 сол пеш зери девор монда, маҷрӯҳи якумра гардидааст.
Модар бо азобу машаққат писарашро калону соҳиби зану хонаву дар кард. Ҳоло Шаҳобиддин соҳиби як фарзанд аст. Дӯстрӯяке, ки аз саҳар то вақти хоб гирди бибиаш метозаду бозӣ мекунад. Бибӣ бошад, аз хандаҳои ширини наберааш бемориашро фаромӯш мекунад.
Аз рӯзе, ки Шаҳобиддин худро шинохту боақл шуд, боре сӯйи модар рӯй турш накард. Ба гуфти худаш: «Метарсам, мабодо ягон сухани ноҷо аз даҳон барояду модараки дилсӯзам ранҷанд».
Биёед, гиреҳи ин мушкилотро мекушоем ва ба нақли ин қисса мепардозем. Модар худро Қимат Ёрова муаррифӣ кард ва чунин ҳикоят кард.
-Бисту чорсола будам, писарам Шаҳобиддин дусолаву духтарчаам (баъди шашмоҳагиаш фавтид) акнун панҷмоҳа буд. Дар пушти хонаамон ҳамроҳи шавҳарам Турсунмурод (марҳум) хостем барои чорво як оғил созем. Қабати дуюми лойдеворро бардошта будем ва хостам лойҳои зери деворрехтаро ҷамъ намоям. Ногоҳ девор ба болоям чаппа шуда, қисми аз миён поёнам зери девор монд. Шавҳарам саросемавор ҳамроҳи ду-се нафар ҳамсояҳо ба ҷойи лойро аз болоям гирифтан, маро аз зери он кашида бароварданд. Дар ин ҳолат аз ҳуш рафта, дигар чизеро ёд надорам. Ба гуфти духтурҳои Беморхонаи марказии ҷумҳуриявии ба номи Дякови пойтахт (Қарияи боло) баъди як ҳафта ба худ омадаам. Он шабу рӯзҳо танҳо як чизро ҳис мекардам, гӯё ки нисфи баданам аз миён поён вуҷуд надошта бошад. Ташхисҳо нишон доданд, ки ман дигар роҳ гашта наметавонам.
Дар беморхона ҳушу хаёлам ба писарчаяки дусолаву духтарчаи навзоди панҷмоҳаам буд, ки онҳо бе ман чӣ ҳол дошта бошанд? Гоҳҳо фикр мекардам, ки назди Худованди бузург чӣ гуноҳе кардам, ки маро ба ин ҳол гирифтор кард? Бисту шаш сол мешавад, ки ба писари ягонаву хешовандонам дарди сар шудаам. То калону оиладор шудани писарам маро бародаронам Давлат, Хурсанд ва Хушбахт ҳамроҳи келинҳо ва духтарони апаҳоям нигоҳубин мекарданд. Акнун, ки писарам оиладор шудааст, ӯ бо ҳамроҳии келинам маро кӯдаквор навозишу нигоҳубин мекунанд. Шукронаи онро мекунам, ки болои сари фарзанди ягонаву келини раҳмдилам зиндаам, — ашкҳояшро пок кард модари ранҷур.
Вақте ки модар сухан мегуфт, аз дидагони ӯву писару келинаш ашк мерехт. Шаҳобиддин гуфт:
- Очаҷон, ин гапҳоро нагӯ. Шумо ҷону ҷигар, ҳама дунёи манед, то вақте зиндаам, шуморо хор намекунам!
Рӯзе нест, ки чашмони Шаҳобиддин бе ашк бошад. Вале ӯ аз хона берун ашк мерезад, зеро намехоҳад назди модари маҷрӯҳу афгор чашми пурнам нишон диҳад. Модар ҳис мекард, ки дили писараш ғамгин аст ва мегуфт:
-Писарҷонам , як маслиҳат, маро ба хонаи маъюбон бурда монед, аз як дарди сар халос мешавӣ, осуда мегардӣ.
Ин суханҳоро шунида, писараш Шаҳобиддин ва келинаш Мӯниса нолакунон мегуфтанд:
-Модарҷон! Ин хаёлҳоро аз саратон дур кунед. Шумо дарди сари мо нестед. Шумо бароямон ягона гавҳари ноёб ҳастед, модарҷон!
Шаҳобиддин ва завҷааш бо коре аз хона берун шуданд. Дар ҳамин лаҳза модар ба ман рӯ овард:
- Борҳо ба духтурҳо муроҷиат кардам, ҷавобҳо якхела буданд. Шифо ёфтан мумкин, онро фақат Худо медонаду вақт нишон медиҳад.
Агар одам нобино бошад, дасташро мегиранду дигар ҳамаи корро худаш иҷро мекунад, Вале ин модари барҷомонда ягон корро худаш карда наметавонад. Ба писару келинаш лозим меояд, ки ба ҳавои тоза баромадан, хӯрок хӯрдан, либос пӯшидану иваз кардан ва ғайраҳоро рӯзе ду-се маротиба такрор кунанд. Пас дар як сол ин ҳолат чанд маротиба такрор мешавад? Давоми сол-1460 маротиба.
Ӯ модар аст, модари писари ягонааш. Сарфи назар аз маъюб буданаш барои фарзандаш азиз, нур ва чароғи хонадон аст. Шавад, ки Худованди бузургу меҳрубон рӯзе ба ӯ шифо бахшад…
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»