Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Аз он воқеаи фараҳбахш 21 сол сипарӣ шуд. Ва боз бистуяксолаҳои дигар мегузаранду мо онро пуршукӯҳтар ҷашн мегирем, зеро ин Ваҳдат осон ба даст наомад. Чил музокирот байни ҳукумат ва намояндагони мухолифин доир гардид.
Дар онҳо аз харобкориҳо, ба шаҳодат расидани ҳазорҳо ҷавон, дарбадарию бехонумонии ҳамватанон гуфтугузор шуда, таҳдиди аз байн рафтани миллат ҳушдор дода мешуд. Аксари гуфтушунид дар хориҷи кишвар — Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ баргузор гашт. Ҳашт дафъа музокирот дар сатҳи олӣ барпо гардид. Аз чил ҳуҷҷати қабулшуда дар 17-тоаш имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст. Мавриди зикр медонам, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳ ҳаёти худро зери хатар монда, ба гуфтушунидҳо мерафтанд.
Халқи тоҷик аз музокироти Москва баргаштани ҳайати ҳукуматро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ набояд фаромӯш карда бошад. Дидем, ки пеш аз ҳама, модарон чӣ тавр ашки шодӣ дар чашм ба гардани Сарвари давлат гулчанбар андохтанд. Магар модарон, фарзандони онҳо, дар маҷмӯъ, халқи тоҷик метавонист, ки воқеаи рухдодаи Москва – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бе ашки шодӣ, бе тантана, бе шодию нишот истиқбол гирад?!
Пешвои миллат даҳшати ҷанги шаҳрвандиро чунин бозгӯйӣ намудаанд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шавад ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Ба ибораи дигар:
Осон ба даст н-омад сулҳу ризояти мо,
Сад пешпо бихӯрдем аз гиру дори ваҳдат.
Моро хирад расонид бар шаҳди сулҳкомӣ,
Будем мардумони зору низори ваҳдат.
Бисту як сол мешавад, ки аз ҳавои кишвари азизамон нафаси осуда мекашем. Харобиҳои ҷанг барқарор гардиданд, ҳамватанони парешон ба Ватан баргардонда шуданду зиндагиашон на танҳо маҷрои пешинаро гирифт, балки беҳтар аз он шуд. Ҳар касе, ки ба водии Вахш рафтааст, дигаргуниҳои куллии ҳаёти сокинони он ҷоро мебинад. Аксари сокинони ин гӯшаи кишвар онҳое ҳастанд, ки он солҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карда буданд. Имрӯз онҳо шукронаи осудагию осоиш, шукронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунанд.
Соли 1998, моҳи июн Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони ваҳдат» ташкил карда, ба якчанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сафарбар намуданд. Дар он намояндагони минтақаҳои кишвар шомил буданд. Ин шараф ба банда ҳам муяссар гардид. Гурӯҳи мо иборат аз чор нафар бо сарварии профессор Атахон Сайфуллоев (равонаш шод бод) дар ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ду рӯз бо мардум вохӯрӣ гузарондем. Дар ҷамъомадҳо ҳар гоҳ ба рӯи ҳозирин менигаристем, ҳис карда мешуд, ки даргирию нооромиҳо онҳоро хастаҳол кардааст. Ҳар кӣ ҳарфе ба забон меовард, ашк мерехт. Дар синаҳои фарзандгумкардаҳо сӯзишу сӯг хона кардаанд. Ҳамон лаҳзаҳои ҳассос воқеаи мудҳиши субҳи 26-уми декабри соли 1992 дар деҳаи Сумбулоқи (имрӯз Чашмасор)-и ноҳияи Файзобод рухдода пеши назарам омад. Он субҳ дастаи хуношом аз ин деҳа 43 нафарро ба қатл расонда, 21 мошини сабукрав ва молу колои қиматбаҳои мардумро ба ғорат бурданд. Аҳли деҳа ҳар сол он рӯзи шумро ёд мекунанд. Шукрона мекунанд, ки оташи ҷанги дохилӣ хомӯш гардид. Дар мисоли Афғонистони ҳамсоя медонем, ки роҳбарони он даҳсолаҳо боз ба ҷангу нооромиҳо хотима гузошта наметавонанд. Айни замон 30 давлати дунё дар гирдоби муноқишаю ҷанг қарор доранд. Танҳо дар ҷанги Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расида, ҳафт миллиону шашсад ҳазор нафар бе ватан гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки ҳар як сокини кишвар ба қадри Ваҳдат бояд расад, ба он арҷ гузорад. Зеро «маҳз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки кишварамонро аз буҳрони шадид бароварда, рушди онро таъмин намуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард».
Дар фарҷом боз аз таъкидҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорам, ки фармудаанд: «Хотирнишон менамоям, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва мардумро ба номи истиқлолияту озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватанамон муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дорем». Дар зимни ин суханони пурҳикмат ба ҳамватанони азиз мегӯям:
Ҳама ваҳдатсарои ин Ватан бошем,
Анису бовафои ин Ватан бошем.
Ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем,
Агар дар ҳар куҷои ин Ватан бошем.
Зеро:
Баландии сари мо аз ватандорист,
Дурахши ахтари мо аз ватандорист.
Уқоби шаҳпари мо аз ватандорист,
Нумӯи кишвари мо аз ватандорист.
Садои Раҳбари мо аз ватандорист.
Ҷӯрабек МӮМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон