Омӯзгорони мо

Муҳаббате, ки дардро фурӯ биншонад

№44 (3029) 09.04.2013

Ин зани ҳалиму меҳрубонро ҳамеша дар ҳалқаи кӯдакон дидан мумкин аст. Шояд гӯед, ки табиатан дар ҳалқаи ҳамешагии кӯдакон будан аслан хоси кулли занону модарон мебошад. Дуруст! Аммо зане, ки мо дар борааш нақл карданӣ ҳастем, илова бар рисолати модарӣ, рисолати бузурги дигари тарбиявиро ҳам дар ҷомеа ба дӯш дорад. Ӯ солҳост, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад. Муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 60 –уми пойтахт бо таҷрибаи беш аз бистсола.

Наталя Раҳмоновна Пайрӯзова касбашро чун кӯдакон дӯст медорад. Кӯдаконе, ки ҳанӯз дили беолоишу пок доранд ва ин покиии олами ботинияшон барои оянда аз чигунагии тарбияи онҳо вобастагии калон дорад. «Аз ҳамин ҷо иштибоҳ мекунад шахсе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим тарбияи фарзанд» — ро саҳл мегирад» — андеша дорад муаллима. Худи ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳар чӣ бештар барои дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия кардани шогирдон, ки ҳамаашон барояш ҳукми фарзандӣ ҳам доранд, саҳмгузор бошад ва луқмаи нонашро ҳалол карда хӯрад.

Ба кадом тарз гузаштани дарси ҳар як омӯзгор аз донишу таҷриба, маҳорат ва завқи касбии ӯ вобастагӣ дорад. Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки хонандагон дарсҳои муаллимаро бесаброна интизорӣ мекашанд. Соддаву фаҳмо ва мароқовар фаҳмонидани ҳар як мавзуъ банд гаштани фикри бачаҳоро ба дигар кору хаёл пешгирӣ менамояду нисбати дарс фаъолтар месозад. Вале набояд фаромӯш намуд, ки ба ҳар ҳол кӯдак кӯдак мемонад. Рӯҳия ва бардошти онҳоро низ набояд аз мадди назар дур кард. Сахтгириҳои аз ҳад зиёд гоҳо ба манфиати кор намешавад. Аз ҳамин ҷост, ки Наталя Раҳмоновна гоҳҳо дар рафти дарсҳо каме онҳоро аз мавзуъ дур карда, бо суханони лутфомезу суҳбатомез хастагиашонро рафъ месозад. Асаби онҳоро лаҳзае дам медиҳад. Намегузорад, ки аз якрангиву дилбазании дарсҳо хонандагон дилгир бошанд. Хушбахтона, таҷрибааш кор медиҳад. Умуман, омӯзгор ҳам бояд ҳаматарафа эҷодкор бошад.

Дарси тарбиявие, ки Н. Пайрӯзова дар синфҳои 4 гузаронд, бахшида ба ҷашни 20  — солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар синфхона намоишгоҳи дидание ороста шуд гӯем, хато намешавад. Шиору овезаҳо бахшида ба муқаддассияту волоияти Тоҷикистони азиз, Нишону Парчами давлатии Тоҷикистон, сурат – манзараҳои нотакрори табиати диёр худ аллакай аз бисёр чизҳо ҳикоят мекарданд. Илова бар ин, сухангӯии  самимона ва муҳаббатбори муаллима нисбати обу хоки сарзамини аҷдодӣ, таърихи дерина, гузаштагони шарафманди он, табиати нотакрору биҳиштосои Ватан дили хонандагонро тасхир мекард. Воситаҳои айёнӣ бошанд, гӯё дур нарафта, исботи гуфтаҳои ӯ буданд. Ҳимояи Ватан, ободу зебо ва пешрафта гардонидани онро омӯзгор ба меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ҷидду ҷаҳди ҳар як ватандор дар алоқамандӣ ба бачаҳо маънидод мекард. Мисли модар дӯст доштани Ватанро талқин мекард ва оварда – оварда таҳсили хубу аъло, интизоми намунавӣ доштани мактаббачаҳоро чун хизмате ба халқу Ватан мепайваст. Бе аз худ кардани илму ҳунар, шахс ба коре қодир буда наметавонад. Бинобар ин, таъкид менамуд, ки писару духтарчаҳои дӯстрӯяки ин Ватани зебо хубу аъло хонанд, аз илму дониши замона баҳравар бошанд.

…Наталя Раҳмоновна барои боз ҳам хотирмон гузаштани дарси мазкур омодагии ҷиддӣ дида буд. Ҳамин аст, ки ба дарси мазкур аз Гвардияи миллии Тоҷикистон афсари хурд Лайло Абдурасулова ва ду тарбиятгирандаи мактаби варзишии гвардияи мазкур Худойбек Тӯйчиев ва Меҳриддин Абдурасулов, хонандагони синфи 3-юми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 54 –уми шаҳри Душанберо бо либосҳои низомӣ бар тан даъват намуда буд. Л. Абдурасулова аз фаъолияти ҳарбии худ ба бачаҳо қисса карду  Худойбеку Меҳриддин дар васфи Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд. Дар анҷом хонандагони синф суруду таронаҳои ҷашнӣ, саҳначаҳои тайрёкардаи худро намоиш доданд. Бешак, ин дарсе буд дар рӯҳияи баланди ватандӯстона тарбия намудани хонандагони хурдсол.

Чунин мисолҳоро аз ҳаёти Наталя Пайрӯзова бисёр овардан мумкин аст. Аммо чӣ кунем, ки диле бе доғ несту боғе бе зоғ. Тайи панҷ соли охир «мусибат танҳо намеояд,» — гуфтагӣ барин аз сари муаллима мусибати зиёд гузашт, дили модаронаи ӯро об кард. Мадорашро аз тан рабуду ноумедаш сохт. Паси ҳам ду ҷигарбандаш, яке аз беморӣ, дигаре ба таври фоҷиавӣ ин олами фониро падруд гуфтанду дар дили модарашон дарду алами зиёд боқӣ гузоштанд. Доғи фарзанд, ғами ҷигарсӯз дилхоҳ касеро аз пой афтонда метавонад, он чӣ рӯзу моҳҳои аввал ин модари бечора ба чунин ҳол гирифтор гардида буд. Хушбахтона, худро ба даст гирифт ва бо шукргузорӣ аз пешаи интихобнамуда, орзуву армони нисбати фарзандони номурод дошташро комилан дар таълиму тарбияи фарзандони боқимонда ва шогирдони дӯстрӯякаш амалӣ карданӣ шуд. Илтиҷо аз Худо мекард, ки рӯзи ҷигарбандони ғӯрамаргашро ба ин булбулакон нишон надиҳаду солиму хушбахт ба воя бирасанд. Аз дигар сӯй, шогирдони муаллима ва пешаи шарифи омӯзгориаш ҳастанд, ки ӯро аз гирдоби ғаму андӯҳ раҳойӣ мебахшанд. Дилашро дубора ба зиндагӣ гарм месозанд. Пас, чӣ гуна ин касб ва дастпарварони худро дӯст наметавон дошту донишу таҷрибаи кору ҳаётӣ, ҳастии худро модарвор ба онҳо набахшид?

 

Зӯҳра САФАРОВА,

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»