Чанд моҳ аст аҳли маориф тараддуди зиёд доранд. Онҳо таълимгоҳҳоро барои соли нави таҳсил омода намуда, баҳри оғози бобарори соли нави хониш талош доранд. Ин ҳолатро дар шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ мушоҳида кардем. Бо вуҷуди серкорӣ мудири шуъба Муқаддас Носирзода ба саволҳои мо посух дод.
- Сино яке аз ноҳияҳои калонтарини пойтахти мамлакат маҳсуб меёбад. Бигӯед, ки дар он чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд ва омодагӣ ба соли нави хониш чӣ гуна аст?
- Айни ҳол теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 59 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо соли нави таҳсили 2018 — 2019 беш аз 7 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчунин, дар ноҳия 54 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки 40 адади он буҷавӣ, 10-тоаш хусусӣ ва 4 ададаш соҳавӣ мебошад. ҳоло дар таълимгоҳҳо корҳои таъмиру навсозӣ ба анҷом расиданд. Имсол дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 50 ва 99 биноҳои иловагии таълимӣ барои 680 нафар бунёд шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар таълимгоҳҳо омӯзгорон мерасанд.
- Шунидем, ки соҳибкорон барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ҳимматбаландӣ нишон доданд…
- Бале, дар баробари маблағҳое, ки аз Буҷеи давлатӣ ҷудо мешаванд, соҳибкорони бонангу номус низ барои муҳайё кардани шароити хуби таълиму тарбия саҳмгузорӣ менамоянд. Масалан, соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Сурайё Уроқова таъмири пурраи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 — ро бар уҳда гирифт. Дар таълимгоҳ 1412 хонанда таҳсил мекунад. Ба ин ташаббус дигар соҳибкорон низ ҳамовозӣ намуда, дар таъмиру ободонии мактабҳо саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Ин натиҷаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар баробари таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи маориф соҳибкоронро даъват менамоянд дар рушди соҳаи ҳаётан муҳим саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) дар баробари зикри дастовардҳои назарраси соҳаи маориф, таъкид намуданд: «… моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.
Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».
- Барои баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва азхудкунии дарсҳо кадом корҳоро амалӣ намуданиед?
- Дар баробари масъулияти баланди роҳбарону омӯзгорони таълимгоҳҳо, роҳандозии усулҳои таъсирбахшу самаровари таълиму тарбия, мавриди истифода қарор додани техникаю технологияҳои нав дар ҷараёни таълим барои пешрафти кор муҳим аст. Зеро яке аз нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ дастрасӣ ба таҳсилот ва такмили донишу афкори насли наврас мебошад.
Инчунин, баробари дигар нақшаю барномаҳои давлатӣ имсол татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 — 2020» оғоз ёфт. Дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи компютер ва технологияи инноватсионӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ тибқи барномаи зикргардида дар самти ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо иқдомоти зиёдро амалӣ хоҳем кард.
- Таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ дар кадом сатҳ аст?
- Мо бо Иттиҳодияи нассоҷии тоҷик, ҶДММ «Тоҷ» ва дигар ширкатҳои ватанӣ шартнома бастем. Онҳо сари вақт либосҳои мактабӣ омода намуданд ва бештари волидайн барои фарзандонашон бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ карданд.
- Дар моддаи 5 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки «таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. «Ҳамкории шумо бо волидайн чӣ гуна аст?
- Албатта, бе саҳмгузории падару модарон таълиму тарбия самараи хуб намедиҳад. Ба ибораи дигар, ҳамкории волидайн ва омӯзгор ба манфиати толибилм аст. Дар ин самт шуъбаи маориф нақшаи фаъолият дорад. Аз ҷумла, соли таҳсили анҷомёфта дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарон суҳбату мулоқотҳо ташкил кардем. Зимни чорабиниҳо аз моддаи 9 — и қонуни зикршуда ёдовар мешавем, ки бояд падару модар «…донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд». Соли нави таҳсил дар ин самт фаъолиятро боз ҳам беҳтар мекунем то якҷоя фарзандони сазоворро барои ояндаи ҷомеа тарбия намоем.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»