Донишмандони зеҳнпарвари башарият

Муҳаммад Мусо Ал-Хоразмӣ

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

algebra-al-horezmi_0 — копияШояд аз миёни хонандагони рӯзнома кам касоне огоҳанд, ки Хоразмӣ дар ҷаҳон чун асосгузори фанни алгебра машҳур аст ва истилои «алгебра» маҳз аз номи  ӯ гирифта шудааст.

Воқеан, зимни ҷус­туҷӯ ва омӯзиши фаъолияти илмии ӯ «Википедия» ба  мо дар ин хусус чунин маълумоти ҷолиб пешниҳод намуд: «Дар асараш «Алҷабр ва-л-муқобала» ҳалли муодилаҳои квад­ратиро тадқиқ карда, ба илми алгебра асос гузоштааст. Маънои «алҷабр» дар риёзиёт барқарор кардан аст, вале китоб баъд аз тарҷума ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои Ғарб бо номи «Либер Алгоризм» (Китоби Хоразмӣ) машҳур шуд ва минбаъд номи «Хоразмӣ» (лотиниаш «Алгоризм») дар Ғарб ба алгебра табдил ёфт». Ба таъкиди «Энсиклопедияи советии тоҷик» алгебра баъд аз давраи Хоразмӣ чун соҳаи мустақили математика шакл гирифтааст.

Муҳаммад Мусо ал-Хоразмӣ аз донишмандони бузурги Шарқ мебошад, ки дар асри IХ зиндагӣ ва кору фаъолият кардааст. Ӯ, бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, соли 780 дар Хоразм ба дунё омада, соли 850 аз олам гузаштааст.  Хоразмӣ дар давраи фаъолият ба ҳалли  бисёр масъалаҳои илмҳои дақиқ талош карда, хоса дар илмҳои ҷуғрофия, нуҷум, риёзӣ бозёфти муҳим намудааст. Муҳим он аст, ки ин бозёфтҳо то ба имрӯз арзиши илмии худро гум накардаанд. Афкори илмии Хоразмӣ на танҳо ба назарияҳои илмии донишмандони баъдинаи Шарқ, ба мисли Абурайҳони Берунӣ, Насриддини Тусӣ, Умари Хайём… таъсири муфид расонд, балки такони бузурге ба илми Ғарб низ бахшид. Афкори фалсафию илмии Батлимус, Арасту, Птоломей ва дигар донишмандони то замонаш ба ҷаҳонбинӣ ва афкори илмии Хоразмӣ таъсир гузоштааст,

Чанд сол пеш  дар Россия китобе зери унвони «100 олими бузург» нашр шуд, ки дар он муаллифон Валентина Скляренко, Владислав Карнатсевич ва Александр Фомин исми  Муҳаммад Мусо ал-Хоразмиро  низ ворид намуданд. Онҳо китобро ба таърихи илмҳои дақиқ бахшида, дар пешгуфтори китоб чунин ишора кардаанд: «Шояд бисёриҳо дар ҳайрат монанд, ки чаро мо ин ё он олимро ба рӯйхати 100 олими бузург ворид накардем. Табиист, ки шумораи олимони забардасти соҳа дар ҷаҳон аз 100 нафар зиёд мебошад. Мо низ дар интихоб ба душворӣ мувоҷеҳ гаштем, аммо ҳини интихоб, пеш аз ҳама, ба олимоне афзалият дода шуд, ки муҳимтарин самтҳои илмро дар ҷаҳон асос гузоштаанд, дар ҷаҳонбинии инсоният дигаргуниҳои куллӣ ба амал оварда, мушкилоти илми ҷаҳониро ҳал кардаанд». Ин далели возеҳи дигарест, ки ҷойгоҳ ва мақоми Хоразмиро дар олами илм муайян менамояд.

Ба гуфти донишмандон, яке аз хидматҳои бузурги Хоразмӣ дар  илми риёзӣ он аст, ки ҳисоби масъалаҳоро бо ворид намудани аломатҳои математикӣ осон намуд.То он замон ҳалли масъалаҳои риёзӣ тариқи калимаҳо сурат мегирифтааст. Адади сифр (0)-ро низ ӯ комил мекунад, Зимнан, муаллифони китоби «100 олими бузург» дар ин бора маълумот додаанд.

Пажӯҳишгарон 7 асари дастнависи Хоразмиро муайян намудаанд, ки  аз ҳар кадом навгонии илмӣ метавон дарёфт. Дар асараш «Китоб-ул -ҷамъ в-ат-тафриқ би ҳисоби-л-ҳинд» аввалин бор рақамҳои ҳиндиро дар низоми донишмандони Ғарб дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума намуда, ба бозёфти нобиға ошноӣ пайдо мекунанд, ки ин омил ба рушди илми Ғарб бетаъсир намемонад. Китоб дар шакли асли худ то замони мо нарасидааст. Танҳо тарҷумаи он боқӣ монда, ки ҳоло дар шаҳри Кембриджи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешавад.

«Сурат-ул-арз»-ро аввалин асари  Хоразмӣ арзёбӣ мекунанд. Он асари ҷуғрофӣ мебошад, ки роҷеъ ба ҷойгиршавии дарёҳо, шаҳрҳо, кӯҳҳо, баҳру ҷазираҳо маълумоти илман дақиқ медиҳад. Ӯ дар ин китоб, ҳамчунин, маълумоти ҷуғрофии Птолемейро дар бораи Африқо ва Шарқи наздик тасниф ва ислоҳ кардааст. Чизе, ки донишмандонро то ба ҳол ба ҳайрат меорад, он аст, ки ӯ аз хати истиво (экватор — хате, ки аз маркази Замин гузашта, онро ба нимкураҳои шимолию ҷанубӣ ҷудо мекунад) огоҳӣ дошт. Шояд ба ҳамин хотир баъзе донишмандон онро аввалин асари географӣ дар таърихи илм меноманд. Вай, инчунин, дар сохтани харитаи ҷаҳон барои халифа Ал-Маъмун (Ал-Маъмун писари Ҳорун ар-Рашид, ҳафтумин халифаи Аббосиён буд, ки ба илми фалсафа ва хусусан, ба астрономия таваҷҷуҳ дошт) кумак кард ва дар лоиҳаи муайян кардани атрофи Замин ширкат варзида, кори 70 географро барои сохтани харитаи он замон «олами машҳур» назорат мекард.

Маълум мешавад, ки Хоразмӣ дар илми ситорашиносӣ низ таҳқиқот бурда, натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст овардааст. Замоне ки дар расадхонаҳои астрономӣ дастгоҳҳои зарурӣ барои муайян кардани моҳу ситораҳо ва офтоб комил набуд, Хоразмӣ дар илми нуҷум низ ба бозёфти нодир дастёб шуд. Аз ӯ ба ҳайси аввалин кашшофи ҷадвали нуҷумӣ ва мусалласот низ ёд мешавад. Аз рӯи тақвими сохтаи ӯ  ҳисоби сол, моҳ ва иқлим пешбинӣ мешуд, ки мардум бо назардошти он хоҷагидорӣ менамуданд.

Ӯ асарҳои  дигаре, ба мисли «Рисолаи таърих» ва «Рисолаи мусиқӣ» ҳам доштааст, ки мутаассифона, то замони мо нарасидаанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»