Ба озмуни ҷумҳуриявии сайёҳӣ

Муъҷизаи муосир

№95 (4835) 31.07.2024

КОХИ БЕНАЗИРВақте офаридаҳои ҳампешагонро зимни намоиш ё маҳсули корашонро дар ин ё он толор, биноҳои муҳташами осорхонаю чойхонаҳо мебинам, ба хулоса меоям, ки мафҳумҳои рассомӣ, наққошӣ, наҷҷорӣ, кандакорӣ, парчинкорӣ, гаҷкорӣ, кошинкорӣ бо вожаи зебоӣ тавъаманд. Зебоии волою асиле, ки беихтиёр ба торҳои дил нохун мезанаду инсонро ба ваҷд меорад, чашмонаш медурахшанд, андеша ва тахайюлаш ба ғалаён меоянд.

Ҳамон зебоие, ки рӯҳи кас аз дидани он ба парвоз меояд ва муносибаташ ба худу атрофиён дигаргун мешаваду одамияташ меафзояд, хоса, агар ин зебоиро инсонҳои боистеъдод офарида бошанд. Ҳамин аст, маънои таъкиди нависандаи барҷаста: «Зебоӣ оламро наҷот медиҳад». Дил мехоҳад илова намояд, ки одамро низ.

Рисолаи «Кохи беназир»-и Садриддин Ҳасанзода аз зумраи асарҳоест, ки чунин зебоиро таҷассум мекунад. Он аз таърихи бунёди Кохи Наврӯз, ки асари мукаммали санъати меъморию наққоширо монда, бозёфти эҷодии даҳҳо ҳунарманди асил, зебоишиносу ҷонфидо, эҳёгарони ҳунарҳои гуногуни анъанавию бисёрасраи миллати тоҷик мебошанд, ҳикоя мекунад.

Асар аз ибтидо то интиҳо саршори ғурури хосаи миллӣ мебошад. Ин кох, бешубҳа, аз силсилаи беҳтарин ва камназиртарин падидаҳои фарҳангӣ, эъҷози санъати меъморию ҳунарии миллӣ ба шумор меравад. Ин кохи беназир дар як муддати кӯтоҳ миёни дӯстдорони ҳунар машҳур гашт. Сарони давлатҳои гуногуни дунё ва ҳазорон сайёҳон баъд аз тамошои толорҳои он Кохи Наврӯзро «Муъҷизаи муосир» номиданд.

Муаллифи рисола, муаллифи лоиҳа, даҳҳо устоҳои содиқу забардаст зимни ёддошти худ, ки дар муддати нуҳ сол ҷамъ овардаанд, ин ҳақиқатро эътироф намудаанд, ки: «Сармеъмор, муаллиф, маслиҳатгар, илҳомбахш, нозукбину дурандеш, таҳлилгари борикбин, поягузори Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».

 Онҳо боз даҳҳо лаҳзаҳои пурэҳсоси худро аз соатҳои аввали падид омадани ғоя, андеша, интихоби мавзеъ, аз чойхона ба кох табдил ёфтан, тарзу усули ороиши толорҳои пуршукӯҳу нотакрор, интихоби рангҳо, чӯбҳо, сангҳо, ба эътибор гирифтани анъанаҳои таърихӣ, ташаккули маъно ва рамзҳо… бо меҳр ба забоӣ ба хонандагон қисса мекунанд.

Муаллифи рисола як қатор лаҳзаҳои хотирмони дигарро, ки ҳини ташрифи Сарвари давлат ва ошноӣ ба ҷароёни сохтмони кохи мазкур сурат мегирифт, аз забони устоҳо дар рисола ҷо додааст, ки далели ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба рӯзгори иҷтимоии садҳо ҳунарманд мебошад.

 Аз нигоштаҳои муаллиф эҳсос мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат ба иншооти боҳашамати Кохи Наврӯз, балки ба ҳунармандон, ки аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, бо меҳру муҳаббати хоса муносибат мекунанд. Камина, ки яке аз иштирокчиён ва шоҳиди он мулоқоти судманд будам, бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки маҳз ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат марҳилаҳои бунёди кох ба мактаби камолот, ташаккули ҳунар, ваҳдати ҳунармандон, мактаби боварӣ ба ҳунари худу мероси ниёгон табдил ёфта буд.

Ҳангоме муаллиф С. Ҳасанзода самимона ба тасвиру тафсир ва инъикоси муҳтавои толорҳои кох — Дидор, Аржанг, Зарандуд, Гулистон ва рукнҳои онҳо, нақшҳо, шоҳсутунҳо, қандилҳо мепардозад, он ҳама зебоиҳо пеши назари хонанда ҷилвагар мешаванд. Баъд аз мутолиаи рисола дар дили ҳар хонанда ҳатман хоҳиши дидани Кохи Наврӯз, ки садсолаҳо пойбарҷо хоҳад монд, пайдо мешавад. Мутмаинам ҳадафи ниҳоии муаллиф ҳам ҳамин аст.

Олим РАБИЕВ,

академики Академияи мусаввирони Тоҷикистон,

доктори илмҳои фалсафа дар соҳаи санъати ҷаҳонӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ