«Агар кишвар барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва аз худ кардани технологияи нав саъю талош наварзад, он ногузир дар радифи мамлакатҳои ақибмонда қарор мегирад ва истиқлолу асолати хешро аз даст хоҳад дод…»
Академик Прохоров А.М., дорандаи ҷоизаи Нобелӣ
Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рушд ва дурнамои илм дар замони Истиқлолият», ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз тавсеаи нақши илм дар рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дар замони Истиқлолият гувоҳӣ медиҳад.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Марказ Худобердӣ Холиқназар оғоз бахшида, ки иштироки фаъолонаро дар ин чорабинӣ эҳтиром ба илм маънидод кард.
Дар кори конференсия олимони бахшҳои гуногуни илм –фалсафа, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, филология ширкат намуда, мавзӯъҳои интихобнамудаашонро аз рӯи тадқиқотҳои илмиашон дар заминаи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд.
- Илм — қудрат аст ва он бояд дархӯри давлат ва ҷомеа бошад, — қайд намуд директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов.
Як ҷузъи муҳими кори конференсияро муаррифӣ ва рӯнамоии китоби Абдураҳмон Қурбонов – сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ — «Амнияти зеҳнӣ ва Истиқлолияти давлатӣ», ки аз ду боб — «Муҳоҷирати зеҳнҳо» ва «Фирори мағзҳо» иборат буд, ташкил дод. Рӯнамоии рисолаи мазкур, ки ба таҳқиқи масъалаи амнияти зеҳнӣ ва нақши он дар таъмини Истиқлолияти миллӣ бахшида шудааст, мавриди муҳокимаи доираи васеи иштирокчиёни конференсия қарор гирифт.
- Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти мавҷудаи замони муосир ҳар як мамлакатро водор месозад, ки ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ, аз ҷумла захираи зеҳнии миллат, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд, зеро неруи ақлонӣ сарвати бузургест, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад. Имрӯз масъалаи муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ, ки бо мафҳумҳои «муҳоҷирати зеҳнҳо», «фирори мағз»-ҳо ва «ихроҷи ақлҳо» ёд мешавад, аз ҷониби олимону сиёсатмадорон чун зуҳуроти глобалӣ арзёбӣ мешавад.
Дар самти амнияти зеҳнӣ омӯзиши масъалаи муҳоҷирати олимону мутахассисони варзида, ки бинобар сабаби аз ҷумҳурӣ рафтани онҳо нарасидани мутахассисон баръало эҳсос мешавад, хеле муҳим ва мубрам аст, — зикр кард Абдураҳмон Қурбонов.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) зикр гардидааст, ки «аз сабаби нарасидани мутахассисон технологияи нав, асбобҳои ташхиси соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳо бекор хоб рафтаанд. Барои ташхиси масъалаҳои одӣ аз марказ мутахассис даъват карда мешавад».
Чун қоида, маърӯзаҳои ба конференсия пешниҳодшаванда, бояд моҳияти муҳими илмиро молик бошанд. Мутаассифона, 28 маърӯзаи муҳаққиқон, ки то оғози ҳамоиш пешниҳод шуда буд, бинобар надоштани ҷанбаи илмӣ, барои баррасӣ роҳ дода нашуд, зеро онҳо танҳо хусусияти ахборию маълумотӣ доштанду халос. Ба замми ин, қисми бештари маърӯзаҳои муҳаққиқони ба баррасӣ роҳёфта низ тобиши ахборӣ доштанд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҳамоиш васеъ матраҳ гардид, масъалаи ВАК буд. — Солҳои охир дар мавриди дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба саҳлангорӣ роҳ дода мешавад, ки ба нуфузу эътибори илм таъсири ҷиддӣ мерасонад. Рисолаеро, ки бо забони тоҷикӣ таълиф шудааст, чӣ хел Маскав дифоъ мекунем? Ин низом бояд барҳам дода шавад, изҳор доштанд иштирокчиёни конференсия.
Таъкид гардид, ки дар конференсияҳои илмие, ки минбаъд баргузор мегарданд, бояд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Академияи илмҳо, ВАК, мутахассисону олимони соҳа иштирок намоянд, то ин ки дастовардҳои илмӣ ба таври воқеӣ бо муҳокимаву таҳия ва пешниҳодоти дақиқ баррасӣ шаванд.
А. Мирзозода, «Садои мардум»