Чанд соли охир муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба хотири ба аттестатсия пешниҳод кардани матлаби навиштаашон дар ба дари идораи рӯзномаю маҷаллаҳо мегарданд.
Мақолаҳои навиштаи онҳо хоси ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»- у «Адаб» аст, вале аз сабаби зиёд будани теъдоди мактабу омӯзгорон моҳҳо навбат поидан лозим меояд. Аз ин рӯ, мақолаҳояшонро ба идораи нашрияҳои гуногун мебаранд. Агар воқеан навиштаи омӯзгорон масоили мубраму муҳими ҷомеаро дар бар гирад, ба чоп тавсия мешавад. Вале баъзе мақолаҳои пешниҳодкардаашон мақоли «деҳ куҷову дарахтон куҷо»-ро ба ёд меорад. Мақола аз навиштан аз истеъдод бармеояд ва аз кас заҳмату неруи зиёд талаб мекунад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.
Ба андешаи ман, ба омӯзгор на аз рӯи мақола, балки аз рӯи сатҳи дониш, услуби таълим, натиҷаи ширкати шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бояд баҳо дод. Зеро танҳо ба хотири шумора мақола навиштан на маҳорати устодро сайқал медиҳаду на дониши шогирдонро баланд мебардорад. Бадии кор дар он аст, ки агар омӯзгор мақола нанависад, категорияи тахассусиашро поён мефуроранд. Кас ҳайрон мешавад, ки аз ҷониби омӯзгорон навиштани мақола дар пешрафти соҳа чӣ нақш бозида метавонад? Агар ҳамон омӯзгор истеъдоди мақоланависӣ медошт, шояд кайҳо ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият мекард.
Хуб мешуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба комиссияҳои аттестатсионӣ дастур диҳад, то минбаъд барои категорияи тахассусӣ гирифтан аз омӯзгорон навиштани мақоларо шарти ҳатмӣ қарор надиҳанд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»