Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ ба номи яке аз хатмкардагони арзандаи он Давлатшоҳ Давлатшоев номгузорӣ гардид. Ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода зимни пардабардорӣ аз нимпайкараи сарбоз оид ба ҳаёту фаъолияти начандон тӯлонии ин фарзанди далери Ватан ҳикоя кард. Қайд гардид, ки Давлатшоҳ баъди хизмати ҳарбӣ шомили гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, дар задухурдҳои дараи Камароби ноҳияи Рашт ба муқобили дастаҳои террористӣ далерию шуҷоат нишон дода, ҳангоми таркиши чархбол дар синни 22 солагӣ умри ҷавонашро бохтааст. Давлатшо Давлатшоев баъди вафоташ бо ордени «Спитамен» дараҷаи II қадрдонӣ гардидааст.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»