Истиқлолият таконбахши рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ, муаррифгари миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми муайян мебошад. Танҳо тавассути истиқлолият ҳар миллат метавонад таҷрибаву имкониятҳои таърихиро баҳри рушди бонизоми фарҳангу тамаддуни худ ва нақши босазо гузоштан ба тамаддуни ҷаҳонӣ истифода намояд. Имсол 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Тоҷикистон дар ин муддат тавонист, ки амнияти миллиро таъмин намуда, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими фарҳангу маънавиёт заминаи ҳуқуқии заруриро фароҳам оварад ва ба дастовардҳои шоиста ноил гардад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон бо чандин кишварҳои дунё робитаи дипломатӣ, муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа эътибори махсус дода, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои гуногуни давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор барномаҳо, аз қабили «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» ва ғайраҳо қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо барои беҳтар гардидани мақоми зан дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд равона гардидаанд.
- Аз нигоҳи ман, ҳамчун зан, бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон мо- занон имкон пайдо кардем, ки баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ бемамоният кору фаъолият намоем ва нақши муассир доштани занро дар пешрафти илму истеҳсолот собит кунем. Имрӯз ягон чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар бе иштироки занон баргузор намегардад,- гуфт зимни суҳбат ба мо Адолат Мирзоалиева, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Мавсуф ҳамчунин аз ташаббуси неки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани духтарон тибқи квотаи президентӣ ҳарф зада, афзуд, ки имрӯзҳо тибқи квота дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳазорон нафар занону духтарон таҳсил карда истодаанд. Зеро зан агар
соҳибмаърифату босавод бошад, дар тарбияи насли наврас саҳми босазо гузошта метавонад.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, барои дастгирӣ ва ҷалби духтарони лаёқатманд аз ноҳияву деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ танҳо дар соли хониши 2013-2014 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 1168 нафар донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, ки 689 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2014-2015 мувофиқи нақша 1291 ҷой барои қабули донишҷӯён тариқи квота ҷудо гардидааст, ки 679 ҷойи он барои духтарон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои такмили илм ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии донишҷӯён, бо дарназардошти минтақаҳо, дар соли 2013 тибқи бурсҳои таҳсилӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2460 нафар барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки 667 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои афзоиши сафи занон дар ниҳодҳои давлатӣ пайваста чораҷӯйӣ мекунанд.
Роҷеъ ба ин масъала Маҳбуба Азимова, сармутахасиси шуъбаи ташкилӣ, ҳуқуқ ва иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки айни ҳол дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз шумораи 18728 хизматчиёни давлатӣ 4393 нафарашон занон мебошанд. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 11454 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд, ки 2837 нафари онҳо занон мебошанд. Ҳамчунин, аз 3086 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 528 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад, 3583 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд, ки 919 нафари онҳо зан мебошанд. Аз ин шумора (3583) 1453 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки шумораи занҳо дар миёни онҳо 320 нафар аст.
Аз замоне ки Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, 23 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро паси сар кард. Бо мушкилӣ бошад ҳам, ба ҳадафҳои дар пеш гузоштааш расид. Акнун ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф дар ҷаҳон мавқеъ пайдо кардааст. Ҳоло мардуми заҳматкаши мо ҳамасола аз имконияту шароити беҳтар истифода бурда, зиндагии шоистаеро барои худ муҳайё карда истодааст. Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ вазифаи ҳар яки мост.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»