Олими номдори тоҷик, академик Раҳим Масов барои саҳми арзанда дар рушди илмҳои таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори мукофоти фахрӣ – Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» гардид. Дар ин бора дар ҷаласаи якҷояи Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Раёсати Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии ИДМ қарор қабул карданд.
Маросими мукофотсупорӣ дар шаҳри Москва, дар ҳузури намояндагони илму маориф, фарҳангу ҳунари Федератсияи Россия ва кишварҳои дигари ИДМ баргузор гардид. Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-ро Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба олими тоҷик Раҳим Масов супорид. Раҳим Масов ба роҳбарияти Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ барои чунин қадршиносӣ изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илми таърих Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Директори Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Масов яке аз бузургтарин таърихшиноси замони ҳозира ба шумор меравад. Вай 25 сол боз илми таърихшиносии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад ва бисёр дастовардҳои ин соҳа бевосита ба номи ӯ алоқаманд аст.
Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Вай аввал дар хона-интернатҳои ноҳияҳои Ванҷу Хоруғ тарбия гирифта, сипас, соли 1949, ба Хона-интернат барои кӯдакони қобилиятноки шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) равон карда мешавад. Дар ин ҷо соҳиби маълумоти миёна мегардад.
Р.Масов аз соли 1961, баъди хатми факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калон дар Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз намуда, ҳоло роҳбари ин муассиса мебошад.
Аз қадамҳои нахустини хеш дар ҷодаи илм вай ҳамчун тадқиқотчии воқеънигор ва беғарази таърихи навини халқи тоҷик аз худ дарак дод. Ӯ аввалин шуда, роҳро ба таърихи илми таърихнигории халқи тоҷик кушода, соли 1968 дар мавзуи «Таърихшиносии азнавсозии хоҷагии қишлоқи сотсиалистӣ ва рушди минбаъдаи сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Сипас, тадқиқотҳоро идома дода, соли 1983 дар шаҳри Москва дар мавзуи «Таърихшиносии сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.
Дар рисолаи Раҳим Масов «Таърихи илми таърихнигорӣ ва таърихшиносии сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» масъалаҳои омӯзиши ҷараёни ташкил ва тараққии давлатдории шӯравии халқи тоҷик баррасӣ ва таҳлил гардидааст. Аз ҷониби олим рисолаҳои зиёде оид ба Инқилоби Октябр, барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, созмон додани давлатдории миллӣ, азнавсозӣ дар хоҷагии қишлоқ, саноат ва сохтмони маданӣ, инчунин воқеаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ, омӯхта, таҳлил ва хулосабарорӣ шудааст.
Раҳим Масов аввалин шуда, зарурати омодасозии нашри нави пурраи «Таърихи халқи тоҷик»-ро таъкид намуд. Баъдан зери роҳбарии ӯ панҷ ҷилди ин китоби таърихӣ ба табъ расид, ки дар илм ҳамчун воқеаи бузург арзёбӣ гардид.
Раҳим Масов зимни тадқиқотҳои хеш таърихи тоинқилобиро омӯхта, сарчашмаҳои нодири он давраро мавриди омӯзишу таҳлил қарор медод ва ба ҳар як сарчашмаи таърихӣ вобаста ба замони нав баҳогузорӣ менамуд. Махсусан ба хизмати тадқиқотчиёни рус дар омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард.
Солҳои 1974 – 1988 Раҳим Масов ба бахши ҷамъияти шӯравии Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш роҳбарӣ мекард. Дар ин давра аз ҷониби кормандони бахш асари дуҷилдаи «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон», китоби таълимии «Таърихи РСС Тоҷикистон» барои мактабҳои олӣ, «Очерк оид ба таърихи Бадахшони шӯравӣ», ҷилди панҷуми «Таърихи халқи тоҷик» ва дигар тадқиқотҳои фундаменталӣ омода гардид.
Аз моҳи июни соли 1988 инҷониб Раҳим Масов сарвари Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1990 ба ин олими пурмаҳсул унвони профессор дод шуд, соли 1991 узви вобаста ва соли 1994 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар таърихшиносии ватанӣ масъалаи тақсимоти ҳудудҳои миллӣ солҳои дароз ҳамчун «доғи сафед» буд. Раҳим Масов бо ҷиддият ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, се асари пурарзиш: «Таърихи табартақсим», «Тоҷикон: таърих дар зери муҳри «Комилан махфӣ» ва «Тоҷикон: аз миён бурдан ва аз худ кардан»-ро навишт. Ин китобҳо масъалаҳои тақсимоти ҳудудҳои миллиро дар Осиёи Миёна воқеъбинона, ҳаққонӣ ва асоснок инъикос намуданд. Соли 2008 дар асоси ин се асар олим рисолаи ҷамъбастии «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат»-ро бо иловаи далелҳои нав аз сарчашмаҳои гуногун оид ба таърихи халқи тоҷик дар давраи қарнҳои ХIХ-ХХ омода ва ба нашр расонид.
Дар байни бисёр тадқиқотҳои Раҳим Масов масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Россия мавқеи намоён дорад. Дар китоби «Россия ва Тоҷикистон» (бо ҳаммуаллифии академик Б. Искандаров) ва мақолаҳои зиёди олим содиқ будани ду халқ ба идеяҳои дӯстӣ, бародарӣ ва шарики стратегӣ равшан таҷассум ёфтааст. Бо ибтикори Раҳим Масов ва ҳамдастии дигар олимон китоби «Россия дар тақдири таърихии халқи тоҷик» омода ва нашр гардид, ки дар он ҳамкориҳои бисёрасраи ду халқ ҳамаҷониба таҳлил ёфтааст. Мукофотонидани Раҳим Масов бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Ба номи М. Ломоносов» аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқи эътирофи хизматҳои олими тоҷик дар рушду таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни ду давлат мебошад.
Дар давраи мушкили муқовиматҳои дохилии солҳои 90-ум, бо истифода аз таҷрибаю истеъдоди роҳбарӣ Раҳим Масов тавонист захираи кадрии институтро нигоҳ дорад. Ҳамчунин бо ҷалби олимони бисёр марказҳои бонуфузи ҷаҳонӣ корҳои ҳафриётӣ-археологӣ (бостоншиносӣ) мунтазам идома ёфтанд.
Академик Раҳим Масовро дар ҷомеа ҳамчун ҳомии садоқат ва шаъну шарафи миллӣ эътироф мекунанд. Дар ҳама асарҳои олим рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳисси дӯстдорӣ ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги хеш мушоҳида мегардад. Дар асарҳои хеш вай воқеъбинона нақши шахсиятҳои машҳури халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигаронро инъикос кардааст.
Дар солҳои муқовиматҳои дохилии кишвар Раҳим Масов неруи худро баҳри пойдор гардидани сулҳу оромӣ равона карда буд. Дар ин ҷода вай зимни фаъолият дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1997-2000) саҳми арзанда ҳамроҳ намуд.
Аз соли 1991 инҷониб бо иқдом ва таҳти роҳбарии Раҳим Масов маҷаллаи «Мероси ниёгон» ба табъ мерасад. Давоми беш аз 20 сол дар он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маводҳо оид ба натиҷаи тадқиқотҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ дарҷ мегарданд. Ин маҷалла дар тамоми ИДМ паҳн мешавад.
Академик Раҳим Масов яке аз ташкилкунандагон ва ҳамраиси Ассотсиатсияи институтҳои таърихи Академияҳои илмҳои давлатҳои ИДМ мебошад. Бо иқдоми вай соли 2006 дар шаҳри Душанбе машварати дуюми Ассотсиатсия баргузор шуда, дар он оид ба таъсиси маҷаллаи «Фазои таърихӣ: проблемаҳои таърихи кишварҳои ИДМ» қарори муҳим қабул гардид. Нашри ин маҷалла ба наздикшавии мавқеъ ва афкори таърихнигорони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва барқарорсозии ҳамбастагӣ дар фазои Авруосиё мусоидат мекунад.
Маҳорати ташкилотчигии академик Р. Масов ба ифтитоҳи Осорхонаи миллии бостонӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат кард ва дар он экспонатҳои нодире, ки дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар ҷумҳурӣ ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шуд. Ба ин осорхона зимни сафарҳои хеш ба пойтахти кишвари мо- шаҳри Душанбе сардорони давлатҳо, ҳайати вакилони кишварҳои хориҷӣ, меҳмонону сайёҳон ташриф меоранд. Бо иқдоми Раҳим Масов дар назди ин маркази фарҳангӣ ҳамчунин осорхонаи этнографӣ фаъолият мекунад.
Соли 2008 олими шинохта бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои таърихӣ, баргузории конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо, нашри китобҳо ва дастирии олимони ҷавони таърихнигор Хазинаи илмӣ-тадқиқотии академик Раҳим Масовро ташкил кард. Вай Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-и худро ба ин Хазина гузаронд.
Академик Раҳим Масов ба омода намудани мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо номзад ва доктори илм дар соҳаи таърих рисолаҳои илмӣ дифоъ карданд ва бисёрии онҳо имрӯз дар паҳлуи устод кор мекунанд.
Хизматҳои академик Раҳим Масов бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Исмоили Сомонӣ», Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи I ва чандин медалҳо қадрдонӣ шудааст.
Владимир ФРОЛОВ