МУРОҶИАТНОМАИ сокинони ноҳияи Рашт ба роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

№99 (3400) 25.07.2015

Раванди босуръати тағйирёбии вазъият дар аксарияти кишварҳои ҷаҳону минтақа, ки бар асари талошҳои абарқудратҳо баҳри густариши  ҳудудҳои нави зери  нуфузашон сурат мегирад ва хунрезию харобиҳои мудҳишеро дар пай дорад, ҳеҷ як фарди солимандеши ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор, бо дасти  гурӯҳу созмонҳои ифротию террористие амалӣ карда мешаванд, ки ошкору ниҳон зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Маҳз дар ҳамин ҳошия, афроду гурӯҳҳои алоҳидаи равшанфикре, ки  нисбати фардои Ватану миллат  бетафовут нестанд, чандин дафъа шахсан ба шумо, роҳбарони ҲНИТ муроҷиат карданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна ниятҳои душманонаи дохилию хориҷӣ, фаъолияти сиёсии хешро қатъ намоед, зеро дар симои ҳизби шумо гурӯҳи осебпазире дида мешавад, ки метавонад аз тарафи неруҳои ғаразҷӯйи беруна дар нифоқангезию ноором сохтани вазъияти ҷумҳурӣ истифода гардад.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудани мушовири сиёсии шумо, узви Раёсати олии ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов бо силоҳ дар лаҳзаҳои ҳассосе, ки чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мегузаштанд, баёнгари он аст, ки на ҳама тарафҳои фаъолияти ҳизб зери назорат қарор дорад. Андеша кунед, вақте яке аз пешвоёни баландпояи ҳизб бо баҳонаи «рӯзи мабодо» силоҳ нигоҳ медорад, аъзои одӣ, онҳое, ки аз донишу маърифати воқеӣ дуранд ва дар ҳизб аксарияти куллро ташкил мекунанд, чӣ кор мекарда бошанд? Магар ҳама ҳодисаҳои даҳшатбор, сангину нангини воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тафриқаю ҷамъоварии пинҳонии силоҳ оғоз нашуданд?

Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки кадом қувваҳо моро ба майдони ҷангу хунрезӣ кашиданд, зеро ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтоби нурбори сулҳи моро аз нав зери абрҳои аҳримании худ ниҳон созанд.

Мардуми мо аз шарм он ҷанги нангинро «таҳмилӣ» ном карданд. Вале киҳо онро тарҳрезӣ карданду болои миллат таҳмил доданд, мо ҳама медонем. Мардуми Рашту раштитабороне, ки дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекарданду мекунанд, инро беҳтар аз ҳама медонанд, зеро маҳз ҳамин мардум дар воқеаҳои марбути ҷанги бародаркуш бештар аз ҳама талафот диданд, хонавайрон шуданду ғариби дари дигарон.

Акнун шумо, роҳбарону фаъолони ҲНИТ, боифтихор аз таърихи чилсолаи наҳзат таъриф мекунеду атрофиёнро бо ҳақиқӣ будани ин рақам бовар кунониданӣ мешавед. Барои мо — раштиҳо  танҳо як далел воқеият дорад. Ҳамин ҳизб буд, ки нахустин оташакҳои ҷанги нангинро дар Вахшу Бохтар, тамоми ҷумҳурӣ паҳн кард. Ҳамин ҳизб боис гашт, ки даҳҳо ҳазор ҷавонони тоҷик, аз ҷумла раштиҳо, кушта шаванд. Наздики сад ҳазорашон ғарибу овора гашт. Садҳо нафар ҳангоми убури Амударё ғарқ гаштанду даҳҳо ҳазор тифлу наврас дар хаймаҳои гурезагӣ, хандақҳои даруни замини намноку заҳ аз гуруснагию хунукӣ ҷон доданд. Касалиҳои барои мо фаромӯшшудае чун табларзаю вабо, доманаю сил ва хоришаку ғайра ҷони ҳазорон нафарро рабуданд. Он сарвароне, ки моро ба ин роҳ бурданд, бо аҳли аёлашон дар шароити беҳтарин зиндагӣ доштанд. Кумаки барои фирориҳо ҷудошударо, тавре ки мехостанд, тақсим мекарданду мефурӯхтанд. Тоҷики пойбанди идеологияи  раҳгумсози «ҷиҳоду шаҳодат» бо ваҳшигарии бемисл бародари ҳамхун, ҳамзабон ва ҳаммазҳаби худро ба қатл мерасонд. Ҳазорон ҳазор тифлу наврас ба якборагӣ ятим гаштанду наварӯсони бевагашта, духтаракони ба балоғат нарасида, молу туъмаи беномусони худию қумандонони бегона гаштанд. Шумо дар пӯсти хеш дарди ҷонкоҳи фарзандони аздастдодаро эҳсос накардед. Барои ҳамин бо суханҳои зебою фиребанда бори дигар мардумро ба ин роҳ бурданӣ ҳастед. Ҷавонони имрӯзаро, ки аксарияташон ҳамон ятимони миёни сахтию қаҳтӣ ба воярасида мебошанд, аз нав ба ҳамон моҷароҳо кашиданиед, ки падаронашонро кашидед.

Шумо дар ин роҳе, ки барои дигарон таблиғ мекунед, амалан на худ мераведу на фарзандонатон. Бубинед, барои писари як пешвои наҳзат қасрхонае бо бузургтарин замини наздиҳавлигӣ дар пойтахт насиб гашту ӯ мағозаи аз пули мардум бунёдшударо бо қимати ду миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхт. Ёде аз сарварони хонаводаҳои аз пушти падараш рафта накарду ҳаргиз дасти ёрӣ ба аъзои оилаи онҳо дароз нанамуд. Дигараш бо ҳама корхонаву тиҷоратгоҳҳо, обу замин, галаю рама дари хонаводаеро накушодааст, ки даъватҳои ӯ муҷиби ҳалокаташ гардида буданд. Фарзандони шумо дар беҳтарин таълимгоҳҳои хориҷӣ мехонанду дар дохилу беруни кишвар соҳиби хонаю даранд. Онҳо ҳаргиз ба Сурияю Ироқ, Афғонистону Вазиристон нахоҳанд рафт. Шумо боз он ҷо ҳамон ятимони бесоҳибмондаро мефиристед. Онҳоеро, ки ба афсонаи «ҷиҳоду шаҳодат»-атон бовар мекунанд.

Вақти он расидааст, ки шумо фаъолиятатонро қатъ кунед. Шояд пайравонатон низ аз пушти шумо раванд. Миллату давлати тоҷиконро аз ҳимояи манфиатҳои ғаразноки беруна ва ақидаҳои ҷаҳолатпарастона боло гузоред. Фарзандони хешро дар ҷойгоҳи фарзандони дигарон лаҳзае тасаввур кунед. Он гоҳ хоҳед дид, ки бадбахтии волидайни фарзандгумкарда то кадом дараҷа сахту ҷигарсӯз аст. Агар ба рӯзи пурсиш ҳақиқатан бовар доред, виҷдону имонатонро ба умеди хизматрасонӣ ба дигарон насӯзед.

Дини мубини Исломро имрӯз на ба қутби тоату ибодат ва изҳори розу ниёз бо Худованд, балки ба ҷузъи сиёсату роҳи амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсӣ табдил додаанд. Исломро либоси террор ва зӯроварӣ пӯшонидаанд. Бо дасти  мусалмон мусалмон мекушанд. Куштор зери ғояе  амалӣ мешавад, ки шумо — наҳзатиҳо тавсифаш мекунед. Бо номи ҷиҳоде, ки алайҳи ҳамдинони худ равона шудааст.

Биёед, ба маънои аслаш шукр аз оромию суботи кишвар намоед. Агар шумо ҳақиқатан аз аҳли тақвоед, тамоми шароит дар ҷумҳурӣ барои иҷро намудани фарзу суннатҳои эътиқодиамон муҳайё мебошад.

Биёед, агар худатон дар роҳи ободию созандагии Ватан, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардумамон кореро анҷом намедиҳед, ақаллан ба дигарон дар ин ҷода халал нарасонед.

Биёед, бори дигар ба кишварҳои ҷангзадаю харобгаштаи минтақа бингареду аз ҳизбе, ки роҳи фардояш ҳамин гуна аст, даст кашед. Дигар лозим нест, бо шиору даъватҳои дурӯғину раҳгумзананда ҷавононро ба марг, тифлону наврасонро ба ятимӣ, занону пиронсолонро ба бесарпаноҳӣ, Ватанро ба харобӣ ва аҳолиро ба сарсонӣ бурдан. Ин дафъа миллат шуморо нахоҳад бахшид.

Сокинони  ноҳияи  Рашти  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

<

<

<