На ҳама ба хотири меҳнати ҳалол ба Россия мераванд

№143 (3444) 27.10.2015

Ашхоси манфури ифротгаро, ки баъзан хешро муҳоҷири меҳнатӣ нишон дода, ба амалӣ кардани ҳадафҳои зиддиинсонии хеш машғуланд, дар дунё кам нестанд. Дар ҳудуди Федератсияи Россия рӯз то рӯз боздошти ин қабил ашхос меафзояд.

Чунин хиёнаткорҳо  чӣ дар дохил бошанду чӣ дар хориҷ, номи ҳар миллату давлатро паст мезананд. Чанд нафар муҳоҷири тоҷик низ аз ҳамин қабил ҳастанд, ки роҳ сӯи Федератсияи Россия пеш гирифта, мақсади дар набардҳои давлатҳои ҷангзадаи арабӣ ширкат кардан доштаанд ва барои равон намудани мардону занон ба сафҳои «Давлати исломӣ» кӯшиш ба харҷ медодаанд. Ин гунаҳо меҳру муҳаббати Ватан, оила ва наздикони хешро ба ду пули пучак ҳам омодаанд, ки иваз кунанд. Чанде пеш додгоҳи ҳавзавии Қафқози Шимолии Федератсияи Россия барои қасди ҷалби як ҷавондухтари шаҳри Ставропол ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» шаҳрванди Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷовро ба ҳафт соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Тавре маълум гардид, Хуршедҷон Миҳтоҷов, ки дар Москва истиқомат мекард, аз тариқи Шабакаи интернет бо ҷавондухтари ставрополӣ шинос мешавад. Онҳо баъдан бо ҳам суҳбатҳои телефонӣ мекунанд. Х. Миҳтоҷов бо хостори издивоҷи исломӣ бо ин духтар ваъда додааст, ки баъди никоҳ аз тариқи Туркия ба Сурия хоҳанд рафт. Яъне, барои иштирок дар ҷангҳои «Давлати исломӣ» вориди хоки Сурия хоҳанд шуд. Духтар вонамуд кардааст, ки розист ва аз қазия мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ кардааст ва ӯро боздошт намудаанд.

Ҳайф ва боиси нигаронӣ аст, ки баъзе ҷавонони тоҷик ба дасти таблиғгарони ифротӣ афтода, ба роҳи бад мераванд. Фаҳми нодурусти дингароиҳост, ки бо ду-се гумроҳ ба ифротгаройӣ мепайванданд. Ин дар  ҳолест, ки соле қабл мақомоти Федератсияи Россия панҷ муҳоҷири тоҷикро бо рафтори ифротгаройӣ дар Санкт-Петербург боздошт карда, ба Тоҷикистон фиристонида буд.

Дар кирдорҳои муҳоҷирини тоҷик даъватҳои оммавӣ ба хотири ташвиқи терроризм, кӯшиши сафед намудани терроризм, даъват ба душманӣ ва таҳқири шаъни инсон ба мушоҳида расида буд. Мақомоти марбутаи Федератсияи Россия кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин гуна бадкирдорҳоро боздошт намуда, ҳам давлати худ ва ҳам дигар давлатҳои дӯстро аз ифротгарою террорист тоза намоянд.

Мутаассифона, на ҳама муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Федератсияи Россия бо сабаби паст будани сатҳи зиндагониашон мераванд. Ҷавонони беномусе ёфт мешаванд, ки дар муҳоҷират рафтори хиёнаткоронаро пеш мегиранд ва террористу ифротгаро мешаванд. Ин қабил ба он хотир муҳоҷир мешаванд, ки тавассути тақаллубкориву чоплусӣ ё ифротгаройӣ маблағи зиёд ба даст оранд. Хуршедҷон Миҳтоҷов аз ҳамин қабил аст.

Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бештари муҳоҷирони кории тоҷик роҳ сӯи Федератсияи Россия пеш мегиранд. Федератсияи Россия барои онҳо ватани дуюм шудааст, зеро ним сол дар Тоҷикистон ва ним соли дигар дар Федератсияи Россия кору амал мекунанд. Ин худ нишони бо Федератсияи Россия наздик будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пас, ба он ҷо рафта, ифротгаройиву душманиро оғоз кардан чӣ маънӣ дорад? Нисбати давлате, ки шуморо хуш қабул мекунад, оё ин ниҳояти кӯрнамакӣ нест?

Рустам  РАҲИМОВ