Нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ба тавсеаи раванди таълим мусоидат намуданд

№110 (3411) 17.08.2015

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониву вохӯриҳояшон оид ба таълиму тарбия, махсусан соҳибкасб намудани насли наврас сухан меронанд. Дар вохӯрие, ки бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур доштанд, бори дигар ин нукта таъкид гардид.

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара соли 2008 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом ташкил шудааст. Аввал дар асоси қарори раиси шаҳри Исфара аз 16 июни соли 2008 таҳти №341 ҳамчун Муассисаи таълимии давлатии «Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара» таъсис ёфта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд.

Муовини директори коллеҷ Бурҳониддин Садриддинов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки коллеҷ дорои як бинои таълимии дуошёна бо 29 синфхона мебошад. Шумораи кормандони маъмурӣ ва ёрирасон 21 нафарро ташкил медиҳад. Дар коллеҷ 23 нафар  омӯзгори асосӣ ва 84 нафар  омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд.

Бино ба гуфти номбурда, аз 23 нафар омӯзгорони асосӣ 14 нафарашонро (60,8 фоиз) омӯзгорони тахассусӣ ташкил медиҳанд.13 нафари онҳо дорои маълумоти олии касбии тиббӣ  буда, шаш нафарашон дорои маълумоти олии омӯзгорӣ ва чор нафарашон дорои маълумоти олии нопурра мебошанд. Дар коллеҷ се нафар номзади илми тиб ва ду нафар унвонҷӯй фаъолият доранд.

Коллеҷ фаъолияти худро мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ба роҳ мондааст, ки ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти онро дар бар мегирад. Таълимгоҳро шуъбаи илмӣ — методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои таълимӣ таъмин намудааст. Машғулиятҳои лексионӣ дар ҳайати 30-80 нафарӣ гузаронида шуда, машғулиятҳои амалӣ бошанд,  дар ҳайати гурӯҳҳои таълимӣ, бештар ба тариқи сиклӣ (аз фанҳои тахассусӣ) гузаронида мешаванд. Ба дониши донишҷӯён бо усули рейтингӣ баҳо дода мешавад.

Ҳамсуҳбатамон афзуд, ки ҳисоб ва тақсими соати дарсиро дар коллеҷ бахши таълим  амалӣ  месозад, ки ин раванд бо дарназардошти теъдоди донишҷӯён дар гурӯҳҳо ва бахшҳо, инчунин соатҳои нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Шоҳиди он будем, ки сифати таълим, азхудкунӣ, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бурҳониддин Садриддинов дар фарҷоми суҳбат изҳор дошт, ки ҳама устодони коллеҷ  нақшаҳои инфиродӣ доранд, ки дар онҳо тамоми тасмимҳои минбаъда инъикос ёфтаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»