Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолияти давлатӣ дар он ифода меёбад, ки сиёсати давлатиро давлат мустақилона муайян намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, баъд аз ҷаҳду талошҳои зиёди ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар тавонистанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустақилона муайян намоянд.
Истиқлолияти давлатӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Он заминаи рушд барои соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи қонунгузории миллӣ, ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, тавонистанд пешрафти устувори Ватанро таъмин намоянд, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд, пояҳои давлатдории мустақилро тақвият бахшида, кӯшишу талоши худро барои фароҳам овардани шароити мусоид ва зиндагии шоиста равона созанд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири Тоҷикистон гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд. Принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуд.
Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвар бахши қонунгузории миллӣ низ рушд ёфта истодааст. Ба рушди қонунгузории миллӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт ва аввалин қонунҳои нав ба манфиати давлату миллат зарурӣ қабул шуданд. қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамон ҷумла мебошанд.
Як қатор қонуну қарорҳои дар иҷлосия қабулгардида барои ба эътидол овардани вазъи кишвар нигаронида шуда буданд. Ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», қарори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» мебошанд.
Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар таърихи қонунэҷодкунии мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуне қабул карда шудааст, ки сирф миллӣ буда, дар таҷрибаи давлатҳои дигар дида намешаванд. Ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд.
Сабаби асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он иборат буд, ки дар охири солҳои 80 ва солҳои 90-уми асри ХХ аксари расму оин, урфу одат, суннатҳои ислом ва ғайра ба таври манфӣ – худнамоишдиҳӣ ва хароҷоти калон табдил ёфта, чун «анъанаҳои нав» ба ҳаёти ҷомеа ҷорӣ гаштанд. Қонуни мазкур барои дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии замони истиқлолияти давлатӣ шароит ва замина фароҳам овард.
Пеш аз қабули он Сардори давлат зикр намуданд, ки ҳадафи қабули қонуни мазкур аз байн бурдан ва барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки раҳоии мардум аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтанд. Мақсади асосии қонуни мазкур беҳтар намудани шароити зисти мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Маълум аст, ки вазифаи ҳар як расму оин, суннат ва ҷашну анъана инъикоси фарҳанги моддию маънавии миллат аст ва он бояд аз унсурҳои бегона тоза бошаду дар ин замони ҷаҳонигардида, хусусияти фарқкунандаи миллатамонро байни ҷаҳониён зоҳир намояд.
Дар соҳаи судии кишвар низ бо ташаббуси Пешвои миллат ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ гузаронида шуда истодааст. Тавре Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ 26 ноябри соли 2019 иброз доштанд: «… дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ, нақши муҳим доранд».
Хулоса, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонунгузории миллӣ ниҳоят калон аст, зеро ҳар як кодекс, қонун, барнома ва стратегияҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо мерасанд, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, мутобиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ қабул карда мешаванд. Баҳри дар амал дуруст татбиқ шудани қонунҳо, кодексҳо, стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои давлатӣ, бояд савияи дониши шаҳрвандон, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Барои ин зарур аст, ки фанҳои ҳуқуқӣ дар дигар ихтисосҳои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ гардида, соати фанҳои муҳиму зарурӣ зиёд карда шаванд.
Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», гарчанде ба манфиати мардум бошад ҳам, аз ҷониби баъзе шахсиятҳои алоҳида вайрон карда мешавад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки ҷазо барои шахсони вайронкунандаи талаботи қонуни мазкур вазнин карда шавад.
Ботурхоҷа ҚОБИЛОВ,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон