Дар даврони соҳибистиқлолӣ Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид ва ин иқдом идома дорад. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори занон дар ҷомеа имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Яке аз нишонаҳои рушди асосҳои демократӣ дар ҷомеа васеъ гардидани имкониятҳои иштироки ҳар як фард, алалхусус занон, дар идоракунии корҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Ин меъёр мушаххас дар Конститутсия (моддаи 27) муайян гардидааст, ки тибқи он «Шаҳрванд ҳақ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Аслан ин модда такмили мазмуни моддаи 6-и Конститутсия аст, ки ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро пешбинӣ менамояд ва бо ин васила робитаи устувори Давлат ва шаҳрвандон нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, омили асосие, ки субъекти ҳуқуқи иштирок карданро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ муайян менамояд, мақоми шаҳрвандии шахс мебошад, ки танҳо ӯ метавонад вобаста ба мансубият ба Давлат ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ширкат варзад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар моддаи 7-и Конвенсия оид ба рафъи шаклҳои табъиз нисбати занон сабт гардидааст, ки занон ҳуқуқ доранд «дар таҳия ва татбиқи сиёсати Ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ иштирок намоянд». Ҳамчунин, ҳуқуқи мазкур аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ бармеояд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моддае, ки табъизи мустақими занонро пешбинӣ намояд, надорад. Занон барои иштирок дар ташкил намудани ҳокимияти оммавӣ тамоми ҳуқуқро доро мебошанд ва дар ин ҷода қонунгузории миллӣ як қатор тадбирҳо андешидааст. Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд. Боби 2-юми қонуни мазкур ба кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон оид ба амалӣ гардонидани ҳуқуқи интихобот бахшида шудааст, ки чунин ифода меёбад: «Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд. Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад». Дар боби 3-юми қонуни мазкур кафолатҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи хизмати давлатӣ муқаррар шудааст. Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд, ки қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ, новобаста ба ҷинсияти довталаб, таъмин намоянд.
Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.
Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон бо дастгириии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита якчанд барнома ва стратегияи давлатӣ қабул гардидааст. Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард. Хусусан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозид. Барои амалӣ гардидани ин иқдом заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ низ муҳайё гардидааст, аз ҷумла ҳоло «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» татбиқ шуда истодааст.
Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ имкон фароҳам овард, ки ҳалли тадриҷии як силсила мушкилиҳо таъмин гардад. Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» қабул гардид, ки ба афзоиши шумораи занону духтарон дар шохаҳои ҳокимият мусоидат намуд.
Имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон, аз ҷумла 500 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, фаъолият доранд.
Ҳоло мо дилпурона тасдиқ карда метавонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши зан дар идоракунии давлат сол аз сол намоёнтар гашта истодааст. Ин омил аз дигаргуниҳои рӯзафзуни мусбат дар ҷомеа ва баланд гардидани шуурнокии занон шаҳодат медиҳад.
Ҷамила Абдулхайрзода, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе