Нахустрӯзномаи тоҷикӣ 105-сола шуд

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

شماره_یکم_بخارای_شریفБа ин хотир, дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 105 — солагии рӯзномаи «Бухорои шариф» таҳти унвони «Бухорои шариф» ва сабақҳои он» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.

Декани факултет Саъдӣ Маҳдӣ чорабиниро идомаи силсилавохӯриҳои донишҷӯёну устодон бо намояндагони нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ маънидод карда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт.

Мудири кафедраи матбуот Наргис Усмонова доир ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (аз 7 феврали соли 2009) маърӯза кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт: «Фармони мазкур мансабдоронро вазифадор намуд, ки нисбат ба мақолаҳои танқидӣ камтаваҷҷуҳ набошанд ва баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷомеа чораандешӣ кунанд».

Яке аз муҳаққиқони рӯзномаи «Бухорои шариф», устоди факултет Қироншоҳ Шарифзода афзуд, ки нақши нашрия дар инъикоси ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии замони ҳукмрони Амир Олимхон дар Аморати Бухоро хеле муҳим буд. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки рӯзнома аз ҷиҳати моликият ва муҳтавои самти кориаш ба гурӯҳи нашрияҳои мустақил ва хусусӣ дохил мешавад.

Ба андешаи профессор Мурод Муродов, нашрияи «Бухорои шариф» заминаи хубе барои ба вуҷуд омадани матбуоти тоинқилобии Тоҷикистони Шӯравӣ гардид.

Раиси Шӯрои ВАО- и мустақили Тоҷикистон Хуршеди Атовулло дар мавзӯи «Вазъи имрӯза ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» андешаронӣ намуда, зимнан пешниҳод кард, ки устодони факултет ба донишҷӯён дар баробари навиштани хабару мақола бояд дигар паҳлуҳои кори журналистика, бахусус кор дар сомонаҳои интернетиро омӯзонанд. Аксари идораҳои ВАО имрӯз ба журналистоне ниёз доранд, ки бо сомонаҳои интернетӣ кор карда тавонанд.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»