Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Душанбе

№126 (3763) 24.10.2017

SAMSUNG CAMERA PICTURESАз 25 то 27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. 

Дар он ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурӯшандагони ватаниву хориҷӣ маҳсулоти чопию таҷҳизоти полиграфӣ ба намоиш гузошта, меҳмонон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Хитой, ИМА ва Британия даъватианд.

Тибқи барнома баргузории маҳфилҳои шеъру суруд, озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Ношири муваффақ», «Таблиғгари беҳтарини китоб», «Муаллифи сермаҳсули сол» ва муаррифии китобҳои тозанашр  низ дар назар дошта шудааст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»