Нангу номуси миллӣ омили асосии пешрафт мебошад

№№152 (3453) 11.11.2015

Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки ҳар яки мо бояд нангу номуси миллӣ дошта бошем. сарвари оқилу дурандеши мо чӣ гуна қувваи сафарбарӣ доштани ин ду мафҳуми ахлоқӣ — рӯҳиро хуб медонанд.

Табиист, ки нангу номус — қувваи ботинӣ — рӯҳӣ  хоси инсони  солиму дурандеш буда, дар ҷараёни зиндагӣ касро ба беҳбудию сарбаландӣ, қафо намондан аз пешсафон, пасттар набудан аз ҳамсафону ҳаммаслакон ва умуман сарбаланд будан сафарбар менамояд. Ҳамин омил инсони боору номусро шабу рӯз талқин менамояд, ки вазъияти қарордоштаашро тағйир диҳад, ба шарте  ки  шахс дорои ҷаҳонбинии васеу бойи маънавӣ буда, қобилияти муташаккилсозии иродавию зеҳнию ҷисмониашро дошта бошад.

Аслан ин ду мафҳум (нангу номус) дар адабиёти илмӣ — сиёсӣ камистифода буда, байни мардум серистеъмол аст. Бо дарназардошти ин омил бо ибтикори  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд» аввал муҳокима ва сипас, қабул гардида буд.

Мо дар зиндагӣ мебинем, ки волидайн аз танбалии фарзандон шиква мекунанд ва аз он ки фарзандони ҳамсояашон чунин нестанд, ҳасад мебаранд ва шарм низ медоранд. Аз ин рӯ, чунин волидайн фарзандонашонро ба надоштани нангу номус таъна мезананд. Чаро фарзанди фалонӣ аълохон, фаъол ва ҳунарманд асту аз дасти ту ҳеҷ кор намеояд, бадхону танбал ҳастӣ? Чаро аз онҳо ибрат намегирӣ?  Чунин таънаю маломат то андозае фарзандро ба нанг меорад ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Таънаю маломат, сарзаниш ба касоне таъсири судманд мебахшад, ки ниҳоди маънавиашон бой буда, табъи нозук ва ақли расо дошта, имконияти муқоисасозии худро ба дигарон доранд. Дар таърихи  Масъудӣ омадааст: «Нахустин сифати инсони хуб он бошад, ки зоти хеш бидонист, чизеро дарёфт. Ҳар кас, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонист донистан».

Ин ҷиҳат  ҷавононро ба он водор месозад, ки дараҷаи зиндагиашонро бо миллатҳои дигар  муқоиса созанд, ки чаро дигар миллатҳо дар илму техника пешраванду  аз натиҷаи маҳсули зеҳнии халқҳои дигар истифода мебаранд, аммо мо ба ҷаҳониён  ба ғайр аз ашёи хом ё нимтайёр, чизи дигар намедиҳем? Онро бояд дарк кунанд, ки мамлакатҳои пешрафта ҳоло барои аз худ намудани сайёраҳои дигар талош менамоянд, мо бошем, имкониятҳои моддии сарзамини хурди аҷдодиамонро пурра истифода карда наметавонем. Чун сабаби қафомонии хешро фаҳмиданд, барои миллату давлатро аз ин ҳолат ба зинаи баландтари тараққиёти иқтисодӣ ва илмӣ -техникӣ бардоштан талош менамоянд. Миллатҳои ба ояндаи дур некбинона назаркунанда бо доштани мероси бойи гузашта қаноат накарда, саъй менамоянд, ки худ низ мисли гузаштагонашон барои наслҳои оянда номи нек бимонанд.

Инсони боақл ному мероси гузаштаашро ҳамчун замина ба хотири пешравӣ истифода мебарад.

Дар яке аз конференсияҳои  илмӣ дар шаҳри Алмаато (моҳи майи соли 1983) профессор Қосимҷонов ба мо рӯй оварда гуфт: «Агар мо, қазоқҳо, аз сад як фоизи фарҳанги маънавии тоҷиконро медоштем, аввалин шуда, ба моҳ мебаромадем».

Воқеан имрӯз  ин миллати баору номус, ки 500 — солагии хонигарии қазоқро ҷашн гирифтанд, дар пояи хеле баланди тараққиёти иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ қарор дорад. Агар мо ба ҳолати иқтисодию сиёсии яке аз давлатҳои мусалмонӣ — Малайзия  (охирҳои солҳои 60-уми асри ХХ) таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ин давлат хеле қафомонда буд, аммо баҳси лафзии сарвазири ин кишвар бо намояндаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар СММ боис гардид, ки сарвазири Малайзия  баъди бозгашт тариқи телевизион ва радиои кишвараш бо чунин суханон муроҷиат намояд: «Ай халқи мусалмон! Шумо баргузидагони Худовандед. Мусалмон бояд аз ҳама донишманд бошад, хубтар зиндагӣ кунад, ҳамеша пайи такмили илму маърифаташ бошад».

Ин даъват ба он оварда расонид, ки дар тӯли камтар аз бист сол тамоми муассисаҳои молиявию саноатиро аҳолии таҳҷоии ин мамлакат идора мекардагӣ шуданд. Малайзия ҳоло дар қатори давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтатарин қарор дорад.

Инсонҳои ба оянда ҳадафмандона нигаранда аз доштаашон ҳамон вақт мефахранд, ки худ дар офаридани он шариканд. Гузашта аз ин,  онҳо ҳамеша дар андешаи боз қадаме ба пеш гузоштан, як зина боло бардоштани обрӯву манзалати ватан ва давлату миллаташон мебошанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли ҷамоатчигии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якуми августи соли равон чунин таъкид карданд: «Шахс ҳамон вақт ватандӯст  дониста мешавад, ки агар сарзамини аҷдодӣ ва забони давлатии худро воқеан азиз шуморад, арзишҳои миллӣ ва таърихи пуршарафи халқи хешро посу гиромӣ дорад ва барои ҳимояи  марзу буми Ватани худ ҳамеша омода бошад».

Мо шоҳиди он ҳастем, ки фарзандони баъзе сармоядорону мансабдорон на ҳамеша меъёрҳои ақлонию ҳуқуқӣ ва афкори умумро эътироф менамоянд. Кор ба ҷое расидааст, ки фарзанди мансабдорро барои рафтори нодурусташ, бадхониаш, дарсшиканиаш ҷазо додан, аз донишкадаю донишгоҳҳо хориҷ кардан қариб, ки ғайриимкон гаштааст.

Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид месозанд: «Танҳо тавассути меҳнати созанда ва аз худ намудани дастовардҳои илмӣ-техникии муосир таъмин намудани соҳибистиқлолӣ имконпазир аст». Ташаккули нангу номуси миллӣ, истифодаи он дар боло бурдани иқтисодиёти миллӣ кишвари моро аз давлати истеъмолгари  натиҷаи ақлу фаросати халқҳои дигар ба интиқолдиҳандаи маҳсулоти миллии тоҷик табдил медиҳад, ки ҳамовозиест ба таъкид ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Раҷаб РАҶАБОВ,  профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,

Додарҷон ХУМОРОВ, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон