Баҳри баланд бардоштани худшиносии наврасону ҷавонон дар мамлакат ташаббуси зиёд амалӣ мегардад, ки боиси дастгирист. Ташкил ва баргузории озмуну чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тасдиқи гуфтаҳои болост.
Инчунин, пешниҳод дорем, ки ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Китобҳои дарсии беҳтарин» низ баргузор гардад. Зеро китоби дарсӣ сарчашмаи асосии донишандӯзӣ, таҳрикбахши худшиносии миллии насли наврас ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи ман, гузаронидани чунин озмун аз чанд ҷиҳат манфиат дорад:
- сифати китобҳои дарсӣ хуб мегардад;
- муаллифон ба навиштани китоби дарсӣ беш аз пеш ҳавасманд мешаванд;
- ислоҳоти соҳаи маориф дар сатҳи хубу сифати баланд сурат мегирад;
- амалӣ шудани ҳадафҳо (масалан, солҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф») тезонида мешавад.
Ҳамчунин, таъсис додани комиссияи босалоҳият аз ҳисоби мутахассисони варзида ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сатҳу сифати баргузории озмунро беҳбуд мебахшад.
Набӣ Қодиров,
омӯзгори собиқадор, шаҳри Душанбе