Ҳамасола дар Тоҷикистон 23 май чун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ сурат мегирад. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки Давлат ва Ҳукумат ба насли ҷавони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, аммо имрӯз дар мафкураи аксарияти ҷавонони кишвар таҷлил аз рӯзи ҷавонон танҳо бо баргузории чорабиниҳои консертиву фарҳангӣ нақш бастааст. Ҳарчанд баъзе масъалаҳои нигаронкунанда, аз қабили ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро, даст ба ҳодисаҳои ҷинойӣ задан, гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ, набудани ҷойи кори муносиб аз рӯйи ихтисос, танқисӣ аз манзили зист, рӯ ба муҳоҷират овардан ва ғайра ҷомеаи шаҳрвандиро низ ба ташвиш овардааст.
Тавре ба назар мерасад, солҳои охир сатҳи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон, афзудааст. Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин масъала 7 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолзанони кишвар аз гароиши ҷавонон ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир назири терроризм, изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар ин чанд моҳи соли равон мақомоти амниятии кишвар аз кишварҳои хориҷӣ наздики 100 ҷавонро ба Тоҷикистон баргардониданд, ки дар мактабҳои террористӣ таълим мегирифтанд. Роҳбари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дод, ки аз ин падидаҳои номатлуб ҷилавгирӣ кунанд. Барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон низ яке аз масъалаҳои дигари мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар вохӯрии фавқуззикр низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин изҳори нигаронӣ кард.
Яке аз мушкилоти дигари марбут ба ҷавонон аз таҳсил дур мондани духтарон мебошад. Барои пешгирии ин ҳолат тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд ҳам, вале то имрӯз барои пурра фаро гирифтани духтарон ба таҳсил масъулин муваффақ нашудаанд, зеро аз як тараф мушкили иқтисодии хонавода монеи идомаи таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ бошад, аз ҷониби дигар бетаваҷҷуҳии волидайн нисбати фарзандонашон мебошад. Мушкилоти мавҷуда яке аз мавзуъҳои рӯз ба шумор меравад, ки ба ҷомеа паёмадҳои ногувор меорад. Барои мисол, вақте ки модар босавод нест, чӣ гуна метавон аз ӯ дар ҷомеа насли закӣ ва лаёқатмандро интизор шуд?
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд».
Моҳи октябри соли 2011 таҳти №480 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Точикистон то соли 2020» тасдиқ шуд. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат анҷом медиҳад. Инчунин Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Барои муваффақ шудан ба татбиқи амалии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон мебояд тамоми қишрҳои ҷомеа дастҷамъона неруи хешро сафарбар намуда, дастгири насли имрӯзу фардои кишвар бошанд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони синнашон то 30 — сола ташкил медиҳад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи кори давлатдорони имрӯзи Тоҷикистон мебошанд.
Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»