Натиҷаҳои таҳлили якҷояи бахши маориф

№42 (3188) 26.04.2014

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ ва «Global partnership for education» дар мавзӯи «Натиҷаҳои таҳлили якҷояи бахши маориф» доир ба таҳияи Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» конференсия доир намуд.

Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, «Global partnership for education», роҳбарони  муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ,  сардорони раёсатҳои маорифи шаҳру вилоятҳо ширкат доштанд.

Зимни суханрониҳои хеш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Лайло Моширӣ,  муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Исмонов зикр карданд, ки таҳлили якҷояи бахши маориф (ТЯБМ) барои Ҳукумат, донорон ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ имконияти хубест  дар баррасӣ ва арзёбӣ намудани соҳаи маориф. Ҳадафи он таъмин намудани замина барои муҳокима, таҳлили натиҷаҳои ноилшуда ва мушкилоти ҳалталаб мебошад. Дар конференсия масоили гендерӣ ва кӯдакони имконияташон маҳдуд низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар конференсия Лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО-4)  муаррифӣ гардид. Лоиҳаи мазкур гранти чорум ба шумор меравад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (собиқ Фонди католикии «Ташаббуси рушди босуръат»,«ИУР», «Таҳсилот барои ҳама») барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои қаблӣ сохтмон ва таҷдиди зиёда аз 88 мактаб, беҳтар намудани шароити таълим барои зиёда аз 37000 нафар хонанда, кам кардани норасоии ҷойи нишаст (курсӣ)  барои зиёда аз 100000 хонанда, нашри зиёда аз 1.663.500 китоби дарсӣ бо 27 номгӯй, ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои зиёда аз 7000 корманди соҳаи маориф, рушд ва вусъати баъдии маблағгузории меъёрии сарикасӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили Низоми идоракунии иттилоотии маориф ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии кормандони Вазорати маориф ва илм ба даст омад.

Лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ба дастовардҳои қаблӣ асос ёфта, самтҳои нави фаъолиятро, ба мисли таълими кӯдакони синни томактабӣ ва таҳсилоти фарогир, дар бар мегирад.

Дилором Шералиева, «Садои мардум»