Наврӯз, бо он ки замони эҳёи табиат ва гардиши тозае дар зиндагист, шодмониву тараб меофарад ва дилҳоро пур аз суруру фараҳ месозад. Аз ин ҷост, ки ба таври густурда таҷлил мегардад. Пиру барно ба истиқболаш мебароянд ва ҳамдигарро табрику таҳният мегӯянд.
17 март омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и шаҳри Душанбе низ ба истиқболи Наврӯз маҳфили шеъру сухан ва созу тараб оростанд. Дар толори мактаб хони ҳафтсину ҳафтшин ороста буду даврашро дастдӯзиҳо чун намунаи ҳунарҳои мардумӣ зеб медод. Гулдухтарон либосҳои миллӣ дар бар давра нишаста, сурудҳои наврӯзӣ месуруданду кабкҳои хушхиром ба наво омада, гӯё бо онҳо дар таронахониву байтбарак сабқат менамуданд.
Дар ҳавлии дабистон базми наврӯзӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барпо шуд. Дар он омӯзгорону хонандагон ва волидону меҳмонон ширкат доштанд. Таронаҳо низ бо забонҳои зикршуда садо доданд. Рақсҳои бадахшониву хатлонӣ ва суғдӣ аз ҷониби толибилмон басо ҷаззобу рангин иҷро шуданд.
Сарвари муассиса Файзигул Набиевна Шералиева оид ба баргузор кардани ҷашни Наврӯз ва аҳамияти он дар тарбияи маънавии хонандагон гуфт:
- Бо баргузор кардани ҷашни наврӯзӣ чанд ҳадаф, пеш аз ҳама, дар дил ва зеҳни хонандагон бедор намудани эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро доштем. Фикр мекунам, ки ба мақсад ноил гардидем. Дигар ин ки хонандагон қобилияти забондонӣ, ҳунармандӣ, дорои истеъдоди баланд ва бо донишҳои замон мусаллаҳ буданро назди волидону меҳмонон нишон доданд ва ногуфта намонад, ки ин гуна чорабиниҳо барои ташаккули шахсияти хонандагон, ҳифзи мероси ниёгон ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзи кишвар ниҳоят муфид мебошад.
Ҷашни наврӯзӣ дар муассиса воқеан хотирмону ҷолиб доир гашт. Аз шеваи баргузории он пайдо буд, ки насли наврас дар шинохти суннатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамадуни волои халқ бо ҳидояти омӯзгорону волидон омодагии ҳамаҷониба мебинанд ва пайваста донишу ҷаҳонбинии худро такмил медиҳанд.
ВОРИС, «Садои мардум»