Наврӯз чанд рӯз?

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

1478782975_ptichka_sakuraНаврӯз ҳамчун «пешонии соли нав» ва «зодрӯзи офтоб» андар оғоз ва ё аввалҳои пайдоиш ҷашне буда, ҷашни табиат ва кайҳон ва баъдан ба худ пероҳани фалсафии гуногунранг ба тан кардааст.

 Аслан, таърихи ташаккули ҷашни Наврӯз ба асотири фалакӣ оид ба табиати миранда (зимистон) ва зиндашаванда (баҳор) вобаста мебошад. Ба қавли Фахриддини Гургонӣ:

Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,

Ки бошад тирашабро оқибат рӯз.

Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромад ва ба иди расмии мардуми ориёӣ табдил ёфт.

Яке аз масоили норавшани ҷашни Наврӯз дар чанд рӯз ва ё ҳафта ё моҳ таҷлил намудани он мебошад. Оид ба ин масъала аз манбаъ ва китобҳои илмию оммавӣ иттилоот пайдо кардан мумкин аст, вале онҳо гуногунанд. Аз ҷумла, олим, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Умари Хайёми Нишопурӣ дар «Наврӯзнома» доир ба таърихи ҷашни мазкур маълумот дода, аз ҷумла қайд намудааст, ки: «Чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз ҳангоми бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада, олимон ва донишмандони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз он оғоз кунанд». Баъдан, пас аз чандин сол абераи Каюмарс – Ҷамшеди Пешдодӣ «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд». Аз ин бармеояд, ки дар ибтидо муддати таҷлили Наврӯз як рӯз будааст.

Ҳамчунин, донишманди эронӣ Ризо Шаъбонӣ дар китобаш «Одоб ва русуми Наврӯз» дар иртибот ба ин масъала чунин навиштааст: «Бархе онро дар зимни русуми дарборӣ ба як моҳ расонидаанду иддае дигар фақат ба ду қисмат кардани Наврӯз иктифо кардаанд. Панҷ рӯзи аввалро Наврӯзи омма ва бақияро хоса номидаанд. Ба ҳар ҳол, бояд муътақид буд, ки якмоҳа будани Наврӯз фақат ҷанбаи дарборӣ дошт ва дар назди оммаи мардум шояд аз сездаҳ рӯз беш набуд. Дар панҷ рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз сурати умумӣ ва миллӣ дошт ва дар ин рӯзҳои умумӣ миллати Аҷам аз шодкомӣ ва хуррамии миллӣ баҳраманду комёб мегардиданд. Аз шашуми фарвардинмоҳ Наврӯз сурати дарборӣ ва хос мегирифт, яъне, аз ин рӯз ба баъд ҷашнҳои дарборӣ шурӯъ мешуд ва дарбори подшоҳ ба рӯи оммаи мардум баста мешуд ва сипас ба рӯи хоси дарбор кушода мегардид. Баъдан, ҳадяҳои миллат ба подшоҳ мерасид. Дар ин муддат наметавон гуфт, ки мардум ба куллӣ даст аз суру сурур мекашиданд, вале он умумияти панҷ рӯзи аввали фарвардин аз Наврӯз ҷудо мешуд. Наврӯзи хоссаро «Наврӯзи бузург» («Осор — ул — боқия») ва «ҷашни бузург» («Бурҳони қотеъ») ва «Наврӯзи малик» («Шарҳи бист боб») низ номидаанд»

Яъне, Наврӯзи омма, ки ба Наврӯзи кӯчак ё хурд ва Наврӯзи сағир низ машҳур аст, ҳамон иди Наврӯзи имрӯза аст, ки аз рӯзи Ҳурмузд оғоз мешавад ва ин ҳамон лаҳзаи расидани хуршед аст ба нуқтаи аввали бурҷи ҳамал ва оғози баҳор. Наврӯзи хос аз хурдодрӯз оғоз мешуд ва муқаддас буд.

Муҳаммад Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, ки дар ибтидои моҳи фарвардин кишоварзон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва пас аз панҷ рӯзи он муғон қайд мекарданд. Бинобар ин, якеро «Наврӯзи кишоварзон», дигареро «Наврӯзи муғон» меномиданд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» нигошта, ки Наврӯз дар аҳди Сосониён шаш рӯз таҷлил мешудааст. Рӯзи якум мардум аз тарафи шоҳ қабул карда мешуданд, рӯзи дуюм давлатмардон ва мансабдорон ба қабули шоҳ меомаданд, рӯзи сеюм муъбадон, рӯзи чорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзанду хешу табор аз тарафи шоҳ пазируфта мешуданд. Рӯзи шашум шоҳ Наврӯзро ҷашн мегирифт ва ин рӯзро Наврӯзи бузург меномиданд.

Инчунин, аз маъхазҳо бармеояд, ки дар замони Аббосиён ҷашни Наврӯз шаш рӯз таҷлил мегардидааст ва мардум дар ин рӯзҳо дар гузаргоҳҳо гирд омада, оташ меафрӯхтаанд.

Муаллифи «Рустам-ут-таворих» Муҳаммадҳошим Рустамулҳукамои Осаф доир ба ҷашни Наврӯз андешаҳояшро баён намуда, муддати ҷашни мазкурро бад-ин рақам нишон додааст: «Хон (яъне, Каримхони Занд, солҳои ҳукмронӣ – 1179-1193 ҳ.қ.) аз нағамоти чангу рубоб ва асбоби тараб шодон буд ва дар айёми Наврӯз як то ду ҳафтаро ҷашн мегирифт ва дар тайи маросим ба умарои лашкар ва мақомоти дарбору мулозимон ҳузур ва чокарону пешкорон инъому хилъат мебахшид».

И. С. Брагинский дар асараш «Тадқиқот роҷеъ ба фарҳанги тоҷикон» бо такя ба сарчашмаҳои мавҷуда ҷашни Наврӯзро 12 рӯз муайян кардааст. Шаш рӯзи аввал Наврӯзи хос ва шаш рӯзи сонӣ — Наврӯзи ом. Рӯзи сездаҳум ҳама хосу ом ба беруни шаҳр баромада, Нав­рӯзро ҷашн мегирифтаанд. Ин анъана дар Осиёи Марказӣ бо номи сайр (ё ки сайри лола) ва дар Эрон бо номи «сездаҳбадар» маъруф аст.

Артур Кристенсен, шарқшиноси фаронсавӣ дар тадқиқоти «Эрон дар замони Сосониён» оид ба ҷашни Наврӯз дар салтанати Сосониён маълумот дода, аз ҷумла, нигоштааст: «Иди Наврӯз шаш рӯзи мутаволӣ давом дошт ва дар ин шаш рӯз салотини Сосонӣ бор медоданд ва нуҷабои бузургу аъзои хонадони худро ба тартиби муназзам мепазируфтанд ва ба ҳуззор идӣ медоданд. Рӯзи шашумро салотин барои худ ва маҳрамони даргоҳ ҷашн мегирифтанд. Дар рӯзи аввалу рӯзи шашуми Наврӯз ҳама қисм маросими мутадовилаи миллӣ иҷро мешуд».

Ин шарқшинос дар идома зикр кардааст: — Дар ҳоле ки ҷашни омма фақат шаш рӯз буд, ҷашни расмӣ дар оғози давраи Сосониён дар тамоми моҳи фарвардин идома меёфт. Артур Кристенсен сипас ин матлабро аз қитъаи зерини Абӯрайҳони Берунӣ чунин иқтибос мекунад; «… Пас аз Ҷам (Ҷамшед — С. Қ.) шоҳон ин моҳ, яъне моҳи фарвардинро ба шаш бахш карда, дар тайи он ҷашнҳое баргузор мекарданд. Зеро панҷ рӯзи нахустин ба мулук, дувумин гурӯҳи панҷрӯза ба ашроф, севумин ба хидматгузорони мулук, чаҳорумин ба вобастагони онон, панҷум ба мардум ва шашум ба шубонон ихтисос дошт. Гӯянд, ки Ҳурмузд — писари Шопури Паҳлавон ин ду Наврӯзро ба ҳам васл кард, зеро вай ҳама рӯзҳои миёни ду Наврӯзро ҷашн қарор дод…

Аз расмҳое, ки Хусравон ба ин панҷ рӯз афзуданд, яке ин буд, ки шоҳ ҷашни Наврӯзро ифтитоҳ мекард ва ба мардум эълом медошт, ки вай ононро бор хоҳад дод ва ба онон некӣ хоҳад кард. Дувумин рӯз баландпоятарин касонро бор медод, яъне деҳқонону аъзои хонадонҳои бузург. Севумин рӯз асворон ва баландпоятарин муъбадонро бор медод, чаҳорумин рӯз хонаводаи худ ва наздиктарин хешу дарбориёнро бор медод ва панҷумин рӯз фарзандону коргузорони худро бор медод. Чун рӯзи шашум фаро мерасид, шоҳ ин вазоифи худро нисбат ба онон анҷом дода буд, Наврӯзро барои худ ҷашн мегирифт ва дар он ҳангом фақат наздиктарин дӯстону касоне, ки шоистаи хилвати ӯ шумурда мешуданд, бо ӯ ҳамнишинӣ доштанд. Шоҳ дастур медод, ки ҳадяҳоеро, ки расида буд, биёваранд ва онҳоро бинобар мақоми ҳадякунандагон мураттаб месохт, он гоҳ ба онҳо менигарист ва он чиро мехост, миёни дигарон тақсим мекард ва он чиро мехост, ба хазина месупурд».

Сайёҳи фаронсавӣ Жан Шордан дар «Саёҳатнома»-и худ доир ба маросими эрониён андешаронӣ намуда, аз ҷумла, қайд мекунад, ки эрониён фақат се ид ва таъзияи мазҳабиро бошукӯҳ ва ҷалоли тамом баргузор мекунанд: аввал иди Фитр, ки ба масобаҳи ҷашни қиёмат ва баъд аз ихтитоми рӯзҳои парҳез аст, дувум иди Азҳо (Қурбон) ва шаҳодати Оли Алӣ, севум як ҷашни ғайримазҳабӣ (миллӣ) доранд, ки иди Наврӯз аст. Баъдан, ӯ роҷеъ ба муддати Наврӯз чунин ишора намудааст: «Се рӯзи тамом тӯл мекашад ва дар баъзе мақомот, монанди дарбор, то ҳафт рӯз идома дорад, аз вуруди офтоб ба бурҷи Ҳамал оғоз меёбад».

Нависандаи аврупоӣ Дубё дар китоби «Эрон» гузоришҳои ҷаҳонгардони аврупоии қарнҳои ҳабдаҳ, ҳаждаҳ ва оғози нуздаҳро хулоса карда, доир ба муддати таҷлили Наврӯз, аз ҷумла, қайд кардааст, ки он наздик ба як ҳафта идома меёбад, аммо нахустин рӯз, ки рӯзи эътидоли баҳорӣ аст, пуршукӯҳтарин рӯзи ин ҷашн аст.

Абдулазими Ризоӣ, донишманди эронӣ бо истинод ба сарчашмаҳои пешиниён зикр кардааст, ки асосан ҳафт рӯзро барои бузургдошти Наврӯз тахсис дода буданд. Чунончи, аз рӯзи аввали фарвардин се рӯз барои дидорбинии хешу табор, аз рӯзи сеюм то шашум дидори ҳамагонӣ ва ҷашнеро бо номи Запетван баргузор мекарданд. Ҳамин тавр, ҳар се рӯз ба як маросим бахшида шуда буд, ки то рӯзи 21-уми фарвардин идома меёфт ва рӯзи охири он гардишҳои оммавӣ ва хурсандӣ берун аз шаҳр давом мекард.

Ин ид вижагии зиёд дошта, яке аз он чунин аст, ки дар Наврӯз ҳокими ид, амири Наврӯз ё мири наврӯзӣ интихоб менамуданд ва он панҷ рӯз ҳукм мерондааст. Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун о,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.

Аз ин ишораи Ҳофизи бузургвор бармеояд, ки дар он айём муддати таҷлили Наврӯз ҳамагӣ панҷ рӯз будааст.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар «Ёддоштҳо» (боби «Сайри Файзобод», қисми дуюм ва боби «Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан», қисми чорум) доир ба ҷашни Наврӯз маълумот дода, таъкид кардааст, ки иди Наврӯз яке аз идҳои пеш аз исломӣ буда, халқи тоҷик ҷашнгирии онро ҳафтаҳо давом медод.

Муаллифони китоби дарсии «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» Воҳид Асрорӣ ва Раҷаб Амонов роҷеъ ба ­масъалаи мазкур қайд кардаанд, ки ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд бо номи «Иди сари сол» 10 рӯз давом мекардааст. Ба ин муносибат мардум ба соҳили Сирдарё баромада, дӯкон месохтаанд ва мол ба фурӯш бароварда, дорбозӣ, мушакпаронӣ, гӯштигирӣ, бузкашӣ, аспакбозӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро намоиш медоданд. Дар Самарқанд Наврӯзро як ҳафта ва дар навоҳии Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг («сари сол») ду ҳафта ҷашн мегирифтаанд. Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон се рӯз давом мекардааст.

Фолклоршиноси маъруф Равшан Раҳмонӣ дар «Наврӯзи ­ориёии тоҷикон» бо такя ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар мешавад, ки дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои аморати Бухоро «сайри наврӯзӣ» аз як ҳафта то ҳафтод рӯз идома меёфт.

Ҳамин тариқ, давомнокии таҷлили ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва сайругаштҳои он дар ҳар давр, дар ҳар минтақа (ҳамчунин, вобаста ба табақаҳои ҷамъиятӣ) ҳар гуна будааст. Дар оғоз 1 рӯз, баъдан 3 рӯз, 5 рӯз, 6 рӯз, 1 ҳафта, 8 рӯз, 10 рӯз, 12 рӯз, 2 ҳафта, 19-20 рӯз, 21 рӯз, 1 моҳ ва гузашта аз ин, то 70 рӯз буда, дар замони баъзе аз сулолаҳо, инчунин, ба 2 қисмат (Наврӯзи хосу ом ва Наврӯзи кишоварзону муғон) табақабандӣ шудааст.

Саъдӣ ҚОСИМӢ,

фолклоршинос, номзади илмҳои филологӣ