Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи олимони пуркор мебошад, ки беш аз панҷоҳ сол аст заҳмат мекашад. Адабиётшиносии имрӯзаи тоҷикро наметавон бидуни навиштаҳои устод тасаввур кард ва рушди илми мазкур бо ному таълифоти вай иртиботи бевосита дорад. Ӯ аз ҷумлаи он назарияпардозони илм мебошанд, ки бо тадқиқоти арзандаву шоистаи хеш дар такмилу тавсеа ёфтани адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик саҳми муассир гузоштаанд.
Таълифоти ӯ дар заминаҳои назария, нақд, шеършиносӣ ва бадеъ на танҳо дар кишвар, балки дар ҳавзаҳои илмии ҳамзабонон ва маҳфилҳои илмии хориҷи кишвар баҳои сазовор гирифтааст.
Аз шогирдону пайравони содиқи устодони Донишоҳи миллии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров мебошад. Бахусус, аз сабақи устод Шарифҷон Ҳусейнзода бештар баҳра бардошта, аз мактаби бузурги илму адаби ӯ ҳидоят ёфтааст.
Таълифоти илмияш дар бахшҳои таҳқиқи назарияи адабиёти классикӣ дар радифи устодон Худоӣ Шарифзода ва Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ аз пажӯҳишҳои меҳварии ин риштаи адабиётшносӣ ба шумор меравад. Омӯзиши таърихи таҳаввули афкори адабию эстетикии форсии тоҷикӣ, таҳқиқи назарияи шеършиносии саромадони адабиёти форсии тоҷикӣ, нақди адабиёти муосири форсии тоҷикӣ (Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон) муҳтавои асосии навиштаҳои илмии ӯро фаро мегирад.
Ӯ бо навиштани мақолаҳои зиёди проблемавӣ ва гузоришҳои ҷиддии илмӣ ҳар як аз ин масъалаҳоро ба таври ҷиддӣ ва дар заминаи таҳлили густурдаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Як бахши муҳими навиштаҳои А. Сатторзода ба таҳқиқи назариёти адабии гузаштагон ихтисос дода шудааст. Китобу рисолаҳои «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» (1975), «Назариёти адабии Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (ба забони русӣ, 2002) аз пажӯҳишҳои консептуалӣ ва бунёдӣ дар бораи таърихи ташаккули афкори адабии мардум дар асрҳои X–XV мебошанд.
Аз муҳимтарин нуктаҳои пажӯҳиши муаллиф дар ин самт ба доираи таҳқиқ кашидани андешаи аҳли адаб дар бораи адабиёт ва шеър аст. Муаллиф афкори адабиро аз се дидгоҳ ба таҳқиқ мекашад: назари шоирону адибон (мисли андешаҳои адабии Рӯдакӣ ва ҳамасронаш Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯзироаи Ҷурҷонӣ, Носири Хусрав, Анварӣ, Масъуди Саъд ва шоирону адибони асрҳои баъдӣ…), таълимоти олимону файласуфон (Абӯнасри Форобӣ, Ал-Киндӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насириддини Тӯсӣ ва дигарон) ва ниҳоят, назари сирф адабиётшиносону мунаққидони ҳирфаӣ (Родуёнӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Рашиди Ватвот, Шамси Қайси Розӣ, Тоҷулҳаловӣ, Шарафуддин Ромии Табрезӣ, Абдуқаҳҳор ибни Исҳоқ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ). Масъалаҳои назарие чун таърифи шеър, чигунагии он, таносуби лафзу маънӣ, тахайюл, қолабҳои шеърӣ, бадеиёт, ашъори матбӯъ ва ашъори маснӯъ бо даврабандии афкори адабӣ дар доираи таҳқиқи рисола омадаанд, ки муаллиф ба ин васила вежагиҳои роҳи паймудаи назария ва андешаи адабии гузаштагонро дақиқ таҳқиқ менамояд. Шояд ба эътибори чунин мазиятҳост, ки аҳли илм дар вақташ ин рисоларо ба сифати кори докторӣ арзишманд дониста, дар ин дараҷа дифоъ кардани онро салоҳ донистаанд.
Тадқиқоти дигари пурарзиши Абдунабӣ Сатторзода «Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикии асрҳои IX–XV» мебошад, ки яке аз пажӯҳишҳои арзишманд ва бунёдӣ дар адабиётшиносии форсист. Тадқиқоти мазкур ба афкори адабӣ ва зебоишинохтии арабу форсизабонон бахшида шудааст, ки то кунун мавриди пажӯҳиши амиқи илмӣ қарор нагирифта буд.
Сухан аз тарҷумаҳои сурёнӣ ва арабии «Поэтика»-и Арасту ва таъсири он меравад, ки бар асари он афкори адабии арабу форсизабонон такмил ёфт, аз шарҳи зоҳирии сирф забоншиносӣ ба дарку тавзеҳи моҳияти тасвири бадеӣ мутаваҷҷеҳ гардид ва ба ин васила мақулаи муҳокот ба доираи муҳокимаи фалсафию эстетикӣ (Ал-Форобӣ, Ибни Рушд) оид ба назм ворид омад. Ибни Сино бо истифода аз мафҳуми хосияти тасвирии назм (шеър)-ро тасдиқ кард. Устод Сатторзода ба субут мерасонад, ки Ибни Сино «тасвир»-ро сифати зотии назм (шеър, адабиёт) ба шумор оварда, афкори назариро ба зинаи нави сифатан боло бурд ва ин амал дар назариёти адабии форсии тоҷикӣ, дарвоқеъ, як «қадами инқилобӣ» маҳсуб мешуд.
Номбурда рӯшан кардааст, ки муфассирини Шарқ на танҳо консепсияи муҳокоти Арастуро хеле ҷиддӣ омӯхта, пайваста ба умқи он расидаанд, балки аз бисёр ҷиҳат ақидаи Арастуро давом додаву мукаммал кардаанд.
Онҳо барои ифодаи мафҳуми мимесис истилоҳи «муҳокот» ва «тахайюл, мухайял»-ро мавриди истифода қарор додаанд.
Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки оё дар чунин ҳолат «Поэтика»-и Арасту то чӣ андоза ба назариёти адабии Шарқ таъсири самарабахш дошта метавонад ва оё афкори адабии юнонӣ низ аз Шарқ баҳрае бардоштааст? Сатторзода собит карда, ки аввалан, афкори адабии юнониҳои қадим аз осор ва афкори ориёӣ, масалан «Авесто» баҳравар будааст. Сониян, аз «Поэтика»-и Арасту муфассирон ва адибони Шарқ аз меъёрҳои нақд-уш-шеър, ки он қадар самарабахш набудааст ва тавассути нақди фалсафӣ (мантиқӣ), ки дарвоқеъ муассир аст, таъсир бардоштаанд.
Яке аз мазиятҳои муҳими тадқиқоти мазкур он аст, ки дар доираи васеи тадқиқот оид ба поэтикаи Шарқу Ғарб мавриди истифода, дастгирӣ ва баҳсу мунозираҳо қарор гирифтааст. Муаллиф хеле аз осори то ба ҳол дастнораси Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насриддини Тӯсӣ ва дигаронро, бахусус осори илмии ба забони арабӣ таълифшудаи онҳоро ба доираи таҳқиқи муфассал кашида, ба ин васила имконе барои пажӯҳишҳои нав фароҳам овард. Дар ин замина, муаллиф садҳо истилоҳи нақди адабиро мавриди истифода қарор додааст, ки аксари онҳо ба хонандаи имрӯза ноошност ва аз ҳама муҳимтар муродиф ва тарҷумаи русии онҳоро низ ба кор мегирад, ки ин аҳамияти маърифатӣ ва амалии рисоларо як бар чанд меафзояд.
Дигар, «Поэтика»-и Арасту туфайли тарҷума ва тафсири шарқии он ба Аврупои замони эҳё расид ва маҳз тавассути тарҷумаҳои лотинии тафсирҳо мардуми Ғарб ва аҳли илму адаби он ба осори Арасту ва аҳди антиқ мутаваҷҷеҳ шуданд. Дар ин маврид боз ҳам пайвандҳои маънавӣ ба кор омаданд ва Шарқ дар пешрафти тамаддуни ғарбиён саҳмгузор гардидааст.
Номбурда дар таҳқиқи масоили назарии адабиётшиносии суннатӣ то он дараҷа амиқ рафтааст, ки ба ӯ имкони танзим, такмил, тавзеҳи илмии илми бадеи классикиро медиҳад ва маҳсули ин ибтикороти эшон рисолаи пурарзишу бунёдии «Такмилаи бадеии форсии тоҷикӣ» (Дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён, 2011) мебошад.
Яке аз шохаҳои таҳқиқоти ӯ Рӯдакишиносӣ ба ҳисоб меравад. Сатторзода мушаххасан соли 1971 бо номи «Аз паи устод» (рӯзномаи «Маориф ва маданият», 1971, 18 ноябр) мақолае таълиф мекунад, ки ба масъалаи рӯшан кардани мақоми анъанаҳои осори Рӯдакӣ дар шеъри муосири тоҷик бахшида шуд. Баъдан, ба таҳқиқи бевоситаи осори Рӯдакӣ мепардозад ва мақолаи «Тазоди зиндагӣ дар таносуби шеър» (таҷрибаи таҳлили як шеъри Рӯдакӣ, 1977)-ро дар мавриди ҳунари шоирии устод менависад. Дигар аз таълифоти муҳими ӯ дар ин равиш навиштаи ӯ бо номи «Шеъри ҳолия дар аҳди Сомониён» (1999) буда, мақом ва ҳунари Рӯдакиро дар эҷоди осори шарҳиҳолӣ ва баёни ҳолати даруниву равонии ӯ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар матлаби «Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор» (2008) се хусусияти барҷастаи «Шеъри рӯдакивор»-ро рӯшан кардааст. Ба ақидаи ӯ, дар ашъори Рӯдакӣ ҳама чиз: муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир ҳама сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, заминӣ, ошно ва табиӣ мебошад. Сониян, онҳо «тозаву тар, нав, бикр, обнахӯрдаву обнарасида» ва ниҳоят, шеъри Рӯдакӣ бо содаву осон ва тозаву тар будан, боз олист, яъне «дар ҳадди камолу ҷамол ва дар таносуб ва ҳамбастагии комили лафзу маънист».
Қисме аз мақолаҳои ӯ ба таҳлилу таҳқиқи шеваи нигориш, тарзи навишт, вежагиҳои ашъор, хулоса ҳамаи он чи шеъри як шоирро аз шоирони дигар мутамоийиз менамояд, бахшида шудаанд. Мақолаҳои «Тазоди зиндагӣ дар таносуби шеър» (Кӯшиши мутолиаи ҳамаҷонибаи як қасидаи ғарро), «Қолибгароӣ дар «Шоҳнома» (Ё исботи қонуни риояти қолиб дар адабиёти Садаи миёна), «Хубсухан»-и Носири Хусрав» (Андешаҳои ӯ дар перомуни шеър), «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ», «Шоири шоирони асрҳо ва наслҳо»(муқаддимаи Девони Ҳофизи Шерозӣ) ҷолиб ва бесобиқаанд.
Ба қавли Муҳаммадҷони Шукурӣ, А. Сатторзода аз муҳаққиқоне аст, ки дар ҷавонӣ «баъзе протсесҳои муҳимеро, ки сар то сари таърихи адабиёти моро фаро гирифтаанд, бо инкишофи тадриҷии онҳо ба тарзи мунтазам, то ҳадди имкон яклухт аз назар гузаронданд» ва зиёда аз он «донистани назарияи адабии миллӣ ба вай имкон додааст, ки ҳусну қубҳ ва худвежагиҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо ва қонунмандиҳои нотакрори инкишофи онро ба хубӣ ошкор созад».
Дарвоқеъ, устод яке аз пажӯҳишгарони фаъоли адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Пажӯҳиши осори илмиву адабии устод Айнӣ, М. Турсунзода, М. Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Фарзона, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Баҳманёр баёнгари ин гуфта аст.
А. Сатторзода узви Шӯрои илмӣ ва Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, Шӯрои назорати илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон, Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, Раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» (Душанбе), фаслномаи «Камоли Хуҷандӣ» (Хуҷанд), «Иран-наме» (Олмати) ва ғайра мебошад.
Ба андешаи мо, Абдунабӣ Сатторзода ба осори пурарзиши илмӣ ва саҳми арзанда дар илми адабиётшиносии тоҷик ба дарёфти унвони илмии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор мебошад.
Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, доктори илми филология
Абдухолиқ НАБАВӢ, номзади илми филология
Шамсиддин МУҲАММАДИЕВ, номзади илми филология