НБО «Роғун» — таҳкимбахши истиқлолият

№115 (4535) 14.09.2022

78037474-5068-4BF8-8583-6C153E0A98C0_w1200_r1Дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ муҳимтарин ҳадаф ва мақсади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Он дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ қарор дошта, НБО «Роғун»-ро ҳамчун кохи бузурги нур метавон таҳкимбахши истиқлолият номид.

Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд: «НБО «Роғун» ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст». Лоиҳаи ин неругоҳ соли 1978 омода гардида, пас аз ба истифода додани НБО «Норак» бо дастури Вазорати энергетикаи собиқ ИҶШС сохтмони он шурӯъ гардид. Бунёди неругоҳ то барҳамхӯрии ИҶШС ва оғози даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ идома ёфта, то ин давра ба маблағи 820 миллион доллари амрикоӣ корҳо анҷом ёфта буд. Пешбинӣ гардида буд, ки агрегати аввали неругоҳ соли 1993 ба кор дарояд, аммо бо сабаби шиддат ёфтани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва нарасидани маблағ соли 1990 кор дар сохтмон қатъ гардид.

НБО «Роғун» на танҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва стратегии дохилиҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, ба рушди иқтисодиёти минтақаи Осиёи Марказӣ такон мебахшид.

Ғояи бунёди НБО «Роғун»-ро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пешниҳод карда буданд. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ба ин кор манфиатдор буд, зеро тавассути обанборҳои НБО «Роғун» ва НБО «Норак» имкони танзими бисёрсолаи оби дарёи Вахш ба даст омада, ба ин васила, беш аз 300 ҳазор гектар заминҳои ташналаб дар ҳудуди Ӯзбекистон шодоб гашта, ин ҷумҳурӣ метавонад киштзорҳои беканорашро дар солҳои камборишӣ бо об таъмин намояд.

Хушбахтона, дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садду мушкилоти бунёди ин иншооти сарнавиштсоз ҳал гардид. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» он метавонад ҳар сол 13,1 млрд. киловатт/соат барқ истеҳсол намоянд.

16 ноябри соли 2018 чархаи аввали НБО «Роғун» ва чархаи дуюм 9-уми сентябри соли 2019 ба кор даромад, ки он ба пешрафти бештари иқтисоди кишвар мусоидат намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО «Роғун» таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва мунтазам аз бун­ёдкориҳои ин иншооти аср огаҳ гардида, барои пешрафту вусъати созандагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. 13 июли соли 2022 зимни мулоқот бо коргарони НБО «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлоли энергетикӣ буда, сари вақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО «Роғун» эътимоди қавӣ доранд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи бунёдгарони иншоот баҳои баланд дода, зикр карданд, ки номи қаҳрамонони ин сохтмон дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,

муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илми таърих, профессор