Музаффар Давлатов соли 1947 дар деҳаи хушманзара ва пур аз чашмаҳои мусаффои Майдонтераки ноҳияи Ҷиргатол ба дунё омадааст. Саргузашти ӯ одист, ягон ҷузъиёти аз дигарон фарқкунанда надорад. Баъди сипарӣ шудани айёми кӯдакиву наврасӣ ва хатми таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и маркази ноҳия, соли 1970 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1975 бомуваффақият ба итмом расонд ва дар мактаби миёнаи зодгоҳ ба омӯзгорӣ пардохт.
Дониши хуб, муомилаи нек, самимона ба меҳнат машғул будан дар андак муддат Музаффарро соҳиби иззату эҳтиром намуд.
Дар матлаби мазкур дар бораи дигар паҳлуи зиндагии Музаффар Давлатов сухан меравад, ки ғайриодист.
Соли 1999, як рӯзи тобистон Музаффар Давлатов барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ баромад. Дар ин ҳангом, вақте ба буттаи хоре даст расонд, ба назараш намуд, ки ӯро барқ зад. Сараввал гумон кард, ки шояд сими интиқоли барқ ба замин афтодаасту ҳақиқатан ӯро барқ зада бошад. Вале дар гирду атроф аз барқ нишоне набуд.
Музаффар ҳар қадар ҳезумеро, ки ҷамъ оварда буд, пуштора карда, башитоб ба деҳа баргашт. Худро ноҳинҷор ҳис менамуд. Аз шиддати ҳаяҷон рангу рӯяш тағйир ёфт. Ба хона даромадан замон ин ҳолати ӯро завҷааш пайхас намуда, пурсид:
- Ба ту чӣ шуд?
Музаффар ҷавоб наёфт. Метарсид, ки агар воқеаро нақл намояд завҷааш бовар намекунад ва шояд ягон андешаи дигар ҳам намояд.
Рӯзҳо пушти сар мешуданд.
Музаффар Давлатов рӯзе шахсеро, ки баъди вафоти модараш аз дарди сахти сар бистарӣ буд, аёдат намуда, даст ба сараш расонд. Аз байн чанд лаҳза нагузашта, дар чеҳраи бемор нишонаи хурсандӣ ҳувайдо шуд ва дарди сараш монд. Аҷоиб он буд, ки ҳолати беҳ шудани бемор дар замири Музаффар Давлатов низ оромиву осоишеро ба вуҷуд овард.
Чунин воқеаҳо зиёд такрор ёфтанд. Биноан, ҳар вақте мешунид, ки фалонӣ бемор аст, дар замираш хоҳиши раднопазири аёдати ӯ пайдо мегашт.
Инро ҳар кас ҳар хел маънидод мекард. «Дурӯғ мегӯяд», — мегуфтанд баъзеҳо дар ҳаққи ӯ. Ҳатто баъзеҳо Музаффар Давлатовро савдоӣ ҳам ҳукм намуданд.
Тавре мегӯянд: «Бӯи мушк пинҳон намемонад». Баъди он ки Музаффар Давлатов бо неруи сеҳрангези дастон бемореро аз дарди сурхрӯда, касеро аз озах, савумиро аз дарди дандон ва каси дигарро аз варами по табобат намуд, дар гирду атроф машҳур гашт. Дар қатори ашхосе, ки ӯ табобат намудааст, Шоҳин Икромов, Қурбон Маҳмадов, Мустафо Икромов ва боз даҳҳо одамоне ҳастанд, ки аз ӯ розиву миннатдоранд. Ба назди ӯ аз ноҳияҳои атроф — Тоҷикободу Рашт ва ҳатто аз ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон низ беморон меоянд.
Боре ба назди домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рафт ва арзи ҳол намуд. Домулло ӯро бодиққат гӯш кард, ба чанд суоли худ посух гирифт ва сипас гуфт:
- Ин қобилиятро ба ту Худо додааст, онро ба манфиати одамон истифода бар, савоб мегирӣ!
Файзигул АҲЛИДДИНОВА