Ниҳоди президентӣ -тарзи мутамаддини идораи давлат

№138-139 (4878-4879) 15.11.2024

КАСРИ МИЛЛАТДар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои роҳбарӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бармеояд, ки паҳн гардидани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.

Тоҷикистони муосири мутамаддин шакли идораи ҷумҳурии президентиро дошта, моҳияти ҷавҳарии он дар Конститутсияи кишвар мус­таҳкам гардидааст. Тавре аз мазмун ва заминаҳои бунёдии қисми дуюми моддаи 1 Конститутсия бармеояд, «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум ба тамоюли бавуҷудоии ниҳоди конститутсионию ҳуқуқии «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» замина гузошт.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикис­тон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан, дар натиҷаи гирифторӣ ба буҳрони нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикис­тон ҳокимияти президентӣ бекор карда шуд. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардид. Пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 ниҳоди мазкур аз нав барқарор карда шуд. Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус — боби чаҳорум, ки «Президент» ном дорад, бахшида шудааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи соли 1994 ҳомии Конститутсия будани Президенти кишварро бо вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ алоқаманд намудааст, ки моҳияти онро бо чунин омилҳо ошкор кардан мумкин аст:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикис­тон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд;

- Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, вазъи конститутсионӣ — ҳуқуқии ӯро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Тоҷикистон муайян менамоянд. Тибқи қисми аввали моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду сифати айнии вазъи ҳуқуқиаш ҳамчун сарвари давлат ва ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоса дорад;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, воқеан, рамзи давлат, сарвари давлат ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дорои салоҳияти намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат аст;

- Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикис­тон сухан гуфтанро дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент — Раиси Ҳукумати Тоҷикистон роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани ­масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳои ӯ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, ки нақш ва мақому манзалати мавсуфро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад. Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки бе роҳи интихоби қонунӣ ягон шаҳрванд ҳақ надорад мансаби Президенти кишварро ишғол намояд ва ё соҳиби салоҳияти ӯ гардад.

Ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тариқи муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Мавҷудияти рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия будани ӯро шаҳодат медиҳанд, ки намуд, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир, маҳал ва тартиби нигоҳдошт, инчунин, тартиби истифодаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006, №192, муқаррар менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз савганд ёд намудани Президенти кишвар дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2006, №205 «Дар бораи савганд­ёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона доранда ва барандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай ба тарзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ шахси масъули бонуфуз дар механизми тавозуни (боздорӣ ва мувозинаи) ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамояд, зеро амалисозии самтҳои фаъо­лияти Президент, ки аз салоҳ­иятҳои ӯ бармеоянд, бо низоми ҳокимияти иҷроия, мақомоти қонунгузор ва судӣ алоқаи зич дорад. Вай дар таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онҳо бевосита салоҳияти конститутсионии хешро амалӣ месозад (моддаҳои 62, 69 Конститутсия). Масалан, Ҳукуматро таъсис медиҳад, Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад, фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳақ дорад механизми мураттабсозӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, усули тавозуни ҳокимияти давлатиро ба таври воқеӣ истифода барад. Усули мазкур имкон медиҳад, ки мувофиқа ё ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ягонагии ҳокимият ва сиёсати давлат амалӣ гардад ва дар асл ба дуализм ё анархияи ҳокимият роҳ дода нашавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи тавозуни устувори рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ме­бошад, ки ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистонро таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Президент ягона нозири волои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар таъмини кафолати иҷроиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он баромад мекунад ва ҳамчун кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад.

Хулоса, ташкили қолаби фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи нави сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Низоми идоракунии президентӣ тайи замони амал дар Тоҷикистон дурустии хешро собит намуд ва ин тарзи идоракунии ҷомеа бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, то вазъи кишвар зина ба зина беҳтар гардад, самтҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба беҳбудӣ оварад, Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари орому осуда табдил дода, дурнамои рушди онро муайян намояд.

Исомуддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа